wrapper

Хабарҳо

  Рӯзҳои охир дар тамоми шабакаҳои ВАО-и Ғарб ва Шарқ масъалаираъйпурсии умумихалқии Каталония барои дарёфти истиқлолияти худ мавриди муҳокимаву баррасии дуру дароз қарор гирифтааст. Ҳар якхабарнигор, таҳлилгар ва сиёсатмадорони дунё ин воқеаро аз диди хеш таҳлил менамоянд. Қаблан ба таърихи ин ҷомеаи худмухтор, ки талаби истиқлолиятро дорад, назар афканем. 

  Каталония таърихи беш аз 1000 сола дошта, ҳанӯз дар асри 12 шоҳигарии Каталония ва Арагон таъсис ёфта буд, ки аз ҳамон давра худмухтории дохилӣ ва қавонуни худро нигоҳ доштааст. Аммо дар гузашта аз тарафи каталониягиҳо дар ҳайати шоҳигарии Испания бисёр шӯришҳо ба роҳ монда шудааст, то истиқлолият ба даст оваранд. Соли 1871 Каталония ҳатто кӯшиши аз ҳудуди Испания мустақил шуданро карда буд, вале пас аз гуфтушуниди тарафайн бо ҳукумати марказӣ он дар ҳайати Шоҳигарии Испания монд.

  Ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои ҷудоихоҳонаи Каталонияи муосир аз ибтидои асри 20 падид омада буд. Соли 1901 ҳукумати Испания мавҷудияти миллати каталонро пазируфт, ки боиси аз нав зинда шудан ва ташаккул ёфтани фаҳимиши аҳолии Каталония дар хусуси ташкили давлати соҳибистиқлол гардид.
Соли 1979 ба мақоми худмухторӣ соҳиб гардид, ки пас аз он забони каталонӣ ҳам мақоми расмиро касб намуд. Солҳои охир забони каталонӣ дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Каталония хело муҳим гардидааст. Аз рӯи таҳқиқи пажӯҳишгари итолиёвӣ Љ.Поггесчи қариб 90%-и аҳолии Каталония ин забонро медонанд. Пас дигар масъалаи ҷудоихоҳии мардуми Каталония ин дарёфти мақоми забони каталонӣ дар байни дигар забонҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Сабаби дигари иддаои аҳолии Каталония барои истиқлолият – фарҳангу таърихи ин сарзамин мебошад, ки аз таъриху фарҳанги дигар минтақаҳои Испания тафовути куллӣ дорад. Парчами кунунии Каталония – ливои тоҷи арагорнии «senyera», ки аз 4 хати уфуқӣ дар заминаи зард иборат аст, мебошад. Инчунин Њукумати Кастилия – Женералитет дар пешбарии ғояи аслияти каталонӣ, ҳам дар аслияти миллӣ ва ҳам сиёсӣ нақши мухимро мебозад. Бо нашри китобҳо дар бораи Каталония ва тарғиби он ҳамчун давлати алоҳида  на танҳо бо забони каталонӣ, балки бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва дигар забонҳои Аврупо аз тарафи Женералитет сурат мегирад. Бояд иброз дошт, ки дар китоби «Каталония – давлат бо ҳарфи бузург»  Каталонияро ҳамчун «давлати Аврупоӣ» қаламдод карда, инчунин онро «давлати қарни 21, ки дорои забони худ ва фарҳанги ба худ хос» номидааст, ки «дорои анъанаи якчанд асраи идҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣки  мутобиқ ба талаботи муосир дар сатҳидигар давлатҳои Аврупо мебошад, имконият фароҳам меоварадки ин миллатбо боварӣ ва умед ба ояндаи хеш назар кунанд» тасвир гардидааст.
Фаромӯш набояд кард, ки соли 2006 дар Каталония мақоми нави худмухторӣ бо васеъ намудани муста қилияти молиявӣ қабул шуд.
  Асоси иқтисодии минтақа сабаби дигари иддаои ҷудоихоҳони каталонӣ барои истиқлолият гардид. Каталония 19% МММ-ро истеҳсол мекунад. Соли 2016 ММД-и Каталония 1/5 ҳиссаи ММД-и кишварро ташкил дод. Ҳамасола Каталония ба буҷаи давлат аз 5 то 16 миллиард евро бештар аз маблағе, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ дода мешавад, месупорад. Ин боис гардид, ки миллатчиён идда карданд, ки Каталония дар воқеъ тамоми кишварро «мехуронад». Ва ин аз тарафи аҳолии минтақа сахт дастгирӣ гардид. ММД-ии Каталония ба ММД-и Финландия ва Дания баробар буда, беш аз ММД-и Ирландия мебошад. ММД ба сари аҳолӣ қариб баробари Олмон ва бештар аз Юнон ва Португалия мебошад. Сатҳи содирот ба Финландия баробар ва аз Португалия бештар мебошад. Коҳишёбии фазои ягонаи иқтисодиву иҷтимоӣ, ки натиҷаи бӯхрони муосири Аврупо мебошад, ба Каталония ҳамчун яке аз минтақаҳои аз рӯи иқтисодиёт рущдкардаи Испания як омили ҷудошавӣ гардид. Чӣ хеле, ки директори маркази пажӯҳиши ҳизбӣ-сиёсии Институти Аврупои Академияи илмҳои Русия Владимир Швейсар мегӯяд, дар Каталония сабабҳои ҷудоихоҳӣ хусусияти таърихӣ дорад, аммо таъсири омилҳои иқтисодиро аз мадди назар дур набояд сохт. «Худи бӯхрон ҳеҷнақшеро бозӣ намекунад, баръакс бо ҳама шаклҳои бӯхрон дар чаҳорчӯбаидавлати бузург ва ягонагӣ мубориза бурдан осонтар назар ба он ки дар парокандагӣ мубориза бубаранд. Бовар дорам, ки ҳама хоҳиши ҷудохоҳ шуданро надорад, вале аз марказ минтақаҳои худро таҳти фишор қарор доданмехоҳанд».
  Маҳз ин сабаб гардид, ки ҳукумати Каталония қадами хешро ба сӯи ба даст овардани истиқлолият гузошт. Солҳои минбаъд, аниқтараш солҳои 2009-2010 пурсишҳои ғайрирасмӣ роҷеъ ба истиқлолияти Каталония байни мардум гузаронида шуд, ки дар он 90%-и аҳолӣ ба тарафдории истиқлолият раъй доданд. Моҳи сентябри соли 2012 дар тамои қаламрави Каталония намоиши оммавӣ бо иштироки беш аз 1,5 миллион нафар таҳти шиори «Каталония – давлати нави Аврупо» сурат гирифт. Пас аз ба даст овардани натиҷаи интихоботи минтақавӣ  23 январи соли 2013 парлумони Каталония Эъломия дар бораи соҳибихтиёриро эълон намуд, ва соли 2014 раъйпурсии умумихалқӣ барои ба тамом аз ҳайъати Испания ҷудо гардидан интихоботро ба нақша гирифт. Аммо ин кӯшиш аз тарафи суди Конститутсионии Испания ғайриқонунӣ эълон гардида, пешгирӣ карда шуд.
Вале бо ин оташи қалби Каталониягиҳо хомӯш нагардид. Ин навбат 27 октябри соли 2015 гурӯҳҳои ҷудоихоҳон лоиҳаи нави парлумониро барои дарёфти истиқлолияти хеш ба миён гузошт.
Дар он ҳуҷҷат чунин омадааст: «оғози ҷараёни давлати соҳибистиқлолиКаталония дар шакли ҷумҳурӣ». 9-уми ноябри соли 2015 парлумони Каталония барои қабули қарордоди «ҷудошавӣ аз Испания»-ро ба овоздиҳӣ гузошт, ки натиҷаи он бо 73 овоз «тарафдор» ва 62 овоз «зид» бар нафъи ҷудоихоҳон анҷом ёфт. Сипас дар асоси ҳуҷҷати қарордод дар давоми 18 моҳ муваззаф гардид, ки сохтори давлат ва Конститутсияи нави он омода гардад. 2-юми декабри соли 2015 Суди Конститутсионии Испания қарордод дар бораи истиқлолияти Каталонияро ғайриқонститутсионӣ пазируфт.
9-уми июни соли 2017 маълум гардид, ки санаи баргузории раъпурсии умумихалқӣ перомуни истиқлолияти Каталония 1-уми октябри соли 2017 таъин карда шудааст. Дар раъйпурсӣ саволи зерин пешкаш гардид: «Оё мехоҳедкиКаталония давлати мустақил дар шакли ҷумҳурӣ гардад. 1-уми октябри соли 2017 ҳукуматдорони Каталония раъйпурсиро дар бораи истиқлолият баргузор намуданд, ки дар он 90%-и раъйдиҳандагон-иштирокчиён барои ҷудошавӣ овоз доданд. Гарчанде мақомоти полис кӯшиш барои садди роҳи ин раъйпурсие, ки дар тартиби яктарафа бидуни розигӣ бо ҳукумати марказӣ баргузор гардид карданд, вале бефоида буд.
10-уми октябри соли ҷорӣ Роҳбари ҳукумати Каталонияи худмухтор Карлес Пучдемона ба Эъломия дар бораи Истиқлолият имзо намуд, вале аз эълон намудани Каталония ҳамчун давлати мустақил худдорӣ карда, даъват ба муколамаи тарафайн байни ҳукумати марказӣ, яъне Испания намуд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки шояд Пучдемона аз пасомади эълон намудани мустақилияти Каталония тарсида бошад, чун дар гузашта ҳамаи ҷудоихоҳон ба ҳукми қатл ва маҳбусӣ гардида буданд.
  Сардори кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои байналмиллалӣ Леонид Слутский гуфт, ки пешниҳоди роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон оиди худдорӣ намудан аз эълони истиқлолияти ҷомеаи худмухтори Каталония қарори хирадмандона буда, метавонад садди роҳи ба вуқӯъ пайвастани низои минтақавӣ дар Испания гардад.
Шоҳи Испания Фелипи VI арз намуд, ки ҳукумати Каталония бо баргузор намудани раъйпурсии ғайриқонунӣ нисбати Ҳукумати марказӣ «беитоатӣ» нишон дод ва барои ягонагӣ ва тамомияти арзии Испания хавфи калонро ба миён овард. Роҳбари Ҳукумати Испания Мариано Рахоя изҳор кард, ки Ҳукумати марказӣ то он даме, ки вазъи кунунии Каталония ба ҳолати қонунӣ бар нагардад, аз ҳама гуна музокирот бо ҳукумати Каталония даст хоҳад кашид.
  Ногуфта намонад, ки дар робита бо раъйпурсии Каталония якчанд роҳбарону намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, алалхусус, Олмон, Фаронса ва Италия вокуниш карда, аз ҳукумати Каталония даъват бар он карданд, ки ягонагии марзи Испанияро нигоҳ дошта, натиҷаи раъйпурсиро ғайриқонунӣ ҳисоб карданд. Инчунин иброз доштанд, ки дар сурати аз тарафи Њукуматдорони Каталония  эълон гардидани истиқлолияти ин ҷомеаи худмухтор онҳо инро эътироф нахоҳанд кард.
  Ҳамин тариқ, ҷудоихоҳони Каталонияи муосир дар асоси набудани ҳодисаҳои бӯхронӣ дар иқтисодиёти минтақа ва хотироти таърихии давраи гузаштаи мустақилият сар задааст. Таърих гувоҳ аст, ки Каталония аз Испания ва Испания аз  Каталония сахт вобастагӣ дорад, ва ҷудоии ин ду аз ҳам назар ба пасомадҳои хубаш, пасомадҳои бадаш бештар мебошад. Аз ҳамин сабаб барои Каталония нигоҳ доштани мақоми худмухторӣ бо имконияти фаррохи иқтисодӣ-молиявӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ зарур аст «тамомияти арзии Испания»-ро нигоҳ дорад. Инчунин бояд илова кард, ки дар сурати эълон гардидани истиқлолияти Каталония боз дигар халқиятҳои хурди этникӣ барои «давлати мустақил» иддао хоҳанд кард. Аз ин рӯ, Њукумати марказии Испания ва Њукумати минтақавии Каталонияро зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар ва бо роҳи ба миён мондани муколамаи тарафайн ин моҷароро, ки «низои дохилӣ» мебошад, ҳал намоянд.

АБДУЛҲМИДОВ Т.И.
ходими хурди илмии 
шӯъбаи Аврупо ва Амрико 
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Последнее изменение Панҷшанбе, 06 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/