wrapper

Хабарҳо

Донистани таърих ва саргузашти ақвому ашхоси хурду бузурги гузашта барои ибратомӯзӣ ва рушди иҷтимоии ҳар инсон кўмак мерасонад. Барои миллати мо, ки саршор аз меросу фарҳанги ғанӣ аст, маърифати саргузашту осори дигарон аз манфиат холӣ нест.

Аз ин рў, хостем назаре кутоҳе ба саргузашти ду шахсияти таърихсози минтақаи Осиёи ҷануб шарқ-Покистон ва Осиё Аврупо-Туркия  дошта бошем.

25 декабри соли 1876 дар маҳаллаи  Вазир Мансиони Карочӣ марде фозилу донишманде ба дунё омад. Ин марди шариф сабаб шуд, то кишвареро обод кунад. Ва барои ин мақсадҳои неку ормондор ба мактаб рафт ва таҳсилро оғоз кард. Баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳи Бомбай ва Линколн Инни Бритониё дохил шуда, риштаи ҳуқуқ ва ваколатдориро ба итмом расонд. Дертар ӯ ба  суди олии Бомбай ба ҳайси ҳуқуқшинос сабти ном шуда,адои вазифа кард.

 Номи ин марди наҷиб Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ буд, ки ба унвони бобои қавм ё Қоиди Аъзам дар таърихи давлатдории Покистони имрӯза  сабт шудааст. Ҷиноҳ аз соли 1913 то 1974 дар “Алл Индия Муслим Лег” чун роҳбари ин ташкилоти мардумӣ кор кард. Бо машварат ва ҳимояти ӯ ваҳдат ва ҳамгироии ҳуқуқи мусулмонон ва ҳиндуён ҳифз ва дастгирӣ меёфт. Соли 1916 Созишномаи Лакнау байни  Конгресс ва Алл Индия Муслим Лег имзо шуд ва аз ҷониби Ҷиноҳ идора мешуд. Аммо дертар ба сабаби баъзе ихтилофот вай аз консресс  истеъфо дод.

Соли 1920 аз Конгресси Миллии Ҳинд барканор рафта, барои таҳким ва ваколати ҳуқуқи мусулмонон 14 нукоти калидеро ироа кард,ки дар натиҷа заминаи ташкили давлати алоҳида барои мардуми ҳинд гашт.

Дар минтақаи Осиё Аврупо ҷавони дигаре санаи 19 майи соли 1881 ба дунё омад ва ҷаҳонро дигаргун сохт, ки имрӯз номаш дар таърих сабт шудааст. Ин марди шуҷои давру замон  Мустафо Камол Отатурк буд,ки Туркияро идора мекард.

Вақте, ки ба саҳифаҳои таърих назар меандозем, мебинем, ки баъзе давлатдорону роҳбарон афкору барномаҳои муштарак доранд, аммо ҷои зисту маконашон дигар аст. Ин муқоисаи роҳбариро мо байни ду лидер мушоҳида мекунем, ки яке аз минтақаи осиёи ҷанубӣ ва дигар аз васати  Аврупо ва Осиё мебошанд, ки ҳамасранд, аммо тавассути роҳҳои гуногун мардум роҳгумкардаи миллаташонро ки дину фарҳанги муштарак доштанд, идора карда тавонистанд. Ҷолибияти ин ду роҳбар дар он аст, ки ҳарду аврупохоҳ ва назарияи ҷаҳонии муштарак доштанд, ки аз биниши мардумҳояшон фарқ мекард. Интихоб ва тасмимгирӣ барои ҳардуи онҳо душвор буд, то қавонини давлатдорӣ ва диниро роҳандозӣ кунанд.

Бояд зикр  кард, ки хар ду ин шахсиятҳои таърихсоз мудирияти ду кишвари мусулмониро пеш бурда, бо ҳам муштаракоти умумии роҳбарӣ доштанд.

Ин ду  яке Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ мулаққаб бо “Қоиди Аъзам” муассисва падари Покистон ва дигаре Мустафо Камол Отатурк бунёнгузор ва падари Туркияи навин.

Камол Отатурк дар соли 1881 дар маҳаллаи Салоники Юнони ҳозира ба дунё омада, ба мактаб дохил шуда, баъд аз хатм ба артиш шомил шуда, ифои вазифа кард. Ҳар ду -Ҷиноҳу Отатурк хатмкардаи мадрасаҳои муосири исломи буданд.

Мустафо Камол дар аввал ба мадраса барои ҳифзи Қуръон фиристода шуд, аммо дертар бо тавсияи падараш Алӣ Ризо ба мактаби дигар гузашт ва баъди хатм он риштаи низомиро интихоб кард, ки барои як ҷавони даврони усмониҳо хело зарурӣ ба шумор мерафт.

Вале Ҷиноҳ бошад дар 19-20 солагиаш ба Лондон рафта, риштаи тиҷорат ва ҳуқуқро таҳсил кард ва дертар дар ин ихтисос ба кор шуруъ кард.

Он замонҳо Мустафои ҷавонро барои корнамоиҳояш  бо номи “Камол” (олӣ) ва Ҷиноҳи хурдсолро низ роҳбари дурандеш шинохта буданд.

Давлатдории Мустафо бар асоси назарияҳои файласуфони системаи сиёсии Фаронса бо номи “инқилоб” маншаъ гирифта, ки озодии бунёдӣ аст, аммо  Ҷиноҳ аз сиёсати озодии қонунӣ ки бар асоси афкори Ҷоҳн Локе, Бурк ва Ҷоҳн Морле бо номи “такомули тадриҷӣ” сарчашма гирифтааст.

Муддатҳои зиёде Камол аз амалиёти ҷангии даврони усмониҳо огоҳӣ дошт ва Ҷиноҳ вақти зиёди худро дар мутолиа китоб,дидан аз осорхонаҳо ва шунидани баҳсу мунозираҳои аъзои порлумони Бритониё гузаронда аст. Замоне, ки ба Ҳиндустон баргашт  барояш душвор ва заҳмат буд то корҳои назариашро дар муддати тулонӣ амалӣ гардонад. Ва лизо дар 30 солагиаш ба Конгресси миллӣ шомил шуд ва ҳамроҳи дигар роҳбарон назару афкорашро барои  рушд ва истиқлолият ироа кард.

Онҷо Камол аз афкору назароти Аврупо ва миллихоҳӣ мутаассир шуда ба  гурӯҳи “Ватан”, ки иборат аз афсарони даврони усмони буда, ҳадафашон тозасозии бадхоҳон ва ситамгарони давр буд, шомил шуд. Бархе ба ин назар буданд, ки низоми давлатдори ба ислоҳоти умури иҷтимої ба мисли тиҷорат, иқтисод ва илм хело зарурат дорад. Дигар миллиятҳои Турк бидуни мухолифат ин пешниҳодро қабул доштанд. Шояд ташкил ва таъсиси ҷунбиши “инқилоби ҷавонони турк” ба хотири ислоҳи беадолатӣ бошад. Ин навъ такон дар бархе аз ислоҳхоҳони Алигарх низ мушоҳида мешавад, ки хоҳони сарзамин алоҳида буданд, ки мавзӯъи баҳси мақола низ ҳаст.

Камол шахсияташро оиди суқут ва камбудҳои даврони усмониҳо муайн кардааст ва онҷо Ҷиноҳ низ худашро чун шаҳрванди ҳиндустони он давра ташаххус карда, барои озодии сарзаминаш талошу муборизаҳо кард.

Ин даврони ошубҳои ҷаҳонӣ буд, ки кушторе забонзадае дар Сараево сурат гирифт ва тамоми кишварҳои аврупоро ба таҳлука андохт. Дар ин марњилаи ҳассос таҳти роҳбарии лидери ҷавонони Туркия Анвар Пошо тасмим сарнавиштсоз барои ҳамкории муштарак бо неруҳои Олмон гирифта шуд. Дар ин инқилоб Камол Отатурк низ шомил буд, аммо аз тарафи Анвар Пошо қадрдонӣ намешуд. Дар натиҷаи ин кашмакашҳо Анвар Пошо ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва қудрат таҳти тавфиқи иҷборӣ ба Камол  Отатурк расид. Ва ӯ аморатро ба дӯш гирифта, ғосибонро шикаст дод ва рутбаи “ғозӣ”-гиро  сарфароз гашт.

Мустафо Камол роҳбарии гурӯҳии миллатгароён шуда, муқовиматро оғоз кард ва дар натиҷа  Бритония ва Фаронсаро ба сари мизи мусолиҳа даъват кард. Ин мусолиҳаро қарордоди Лусан меноманд, ки дар таърихи асри 20 чун аввалин модели намунави этникӣ барои дигар кишварҳо ба мисли Покистон, Исроил, Ирландия ва ахиран Косово пешниҳод ва мавриди амал қарор гирифт.

Аммо онҷо Ҷиноҳ  мухолифи озодихоҳии  Муҳандис Карамчан Гандӣ  чун шахсияти мазҳабӣ ба ин назар буд, ки мусулмонон ва ҳиндуҳо муштарак тавони берун кардани душманро доранд. Лизо Ҷиноҳ  солҳои 1931 таҳти қавони ҳинд барои муқовимати душман гурӯҳи озодихоҳонеро ташкил дода, онро пайи роҳбарияш қарор дод.

Инҷо бошад, Камол Отатурк ва қонунгузорони Туркия соли 1924  барои ислоҳот рай дода, модели нави давлатдориро таҳти унвони кишвар дунёвӣ интихоб намуданд. Ин ҳадафу мароми аслии Камол буд, ки барояш солҳо талош варзид ва ниҳоятан ба мақсад расид.

Ниҳоятан метавон муштаракоти ин ду роҳбарро ба таври зайл хулосабандӣ кард:

-         Ҳарду муассис ва унвони падари миллати худ буданд

-         Дорои афкору назароти аврупоӣ ва маълумоти олӣ

-         Сиёсатмадори дунявӣ ва  озодихоҳи ақвоми мусалмон

-         Ҳарду кишварони худро бо хатмашйи аврупої тасаввур  ва идора мекарданд, аммо бо равишҳои гуногун

-         Камол Отатурк марди низомӣ буд ва таҳти таъсири фаронсавиҳо буд, аммо Ҷиноҳ  бошад чун ҳуқуқшинос ва қавонини Бритониёро муҳтарам мешуморид

-         Ҳарду мавриди эҳтироми қонунӣ дошта, ҳар сол ёд ва қадрдонӣ мешаванд

Ҷиноҳ аз  Камол низ мутассир шуда,барои озодихоҳии ватанаш талош кард. Аммо чаро на ба мисли Туркия саволест, ки муҳаққиқонро водор месозад, то онро мавриди таҳқиқ ва омӯзиши худ қарор диҳанд.

 

Мирсаид Рахмонов

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупо

Последнее изменение Душанбе, 05 Феврали 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/