wrapper

Хабарҳо

Яман кишвари арабӣ буда, дорои таърихи кӯҳан мебошад. Он дар ҷануби шибҳи Чазираи араб ҷойгир аст. Шумораи аҳолии он қариб ба 27 млн нафар мерасад. Яманро аз тарафи шимол Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аз ҷануб баҳри араб ва Халиҷи Адан ва аз шарқ Салтанати Уммон ва аз тарафи ғарб баҳри сурх иҳота намудаанд. Дар қисмати ҷанубу ғарбии Яман гулӯгоҳи Бобул Мандаб ҷойгир аст. Ҷумҳурии Яман дар баҳри Сурх зиёда аз 200 ҷазира дорад.

Ин кишвар баъди ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ аз тарафи ҳукуматҳои мухталиф идора мешуд. Дар ин мавзӯи пешкаш шуда, давлатдории Алӣ Абдулло Солеҳ (1942 - 2017), ки аз моҳи июни соли 1978 оғоз мешавад барои мо муҳим аст. Ӯ президенти шашумини Ҷумҳурии Яман гардид ва дарозмуддатарин раиси ин кишвар шуморида мешавад, сабаби миддати дароз дар сари қудрат боқӣ монданаш ин аст, ки ӯ то сар задани нооромиҳои Баҳори араб дар соли 2011 дар равиши худ пайрави сиёсати тез-тез тағйирёбанда ё прагматикӣ дошт. Сипас аз мақоми раиси ҷумҳур барканор карда шуд ва ҷонишини ӯ Абду Раббуҳу Мансур Ҳодӣ дар 21 феврали соли 2012 барои пешбурди марҳилаи гузариш дар интихоботи як номзадӣ ба муддати 2 сол раиси Яман интихоб шуд. Аммо раис Алӣ Солеҳ корҳои сиёсии худро ҳамчун раиси ҳизби Маҷлиси умумии халқӣ то имрӯз идома дод.

Сарфи назар аз таслими қудрат ба муовинаш, ӯ ҳамчун бозингари калидӣ дар майдони сиёсии Яман боқӣ монд ва барои мубораза алайҳи муовини худ бо гурӯҳи Ҳусиҳо (Ҳаракати динии сиёси мусаллаҳ, нисбат ба муассиаш Бадруддин ал-Ҳусӣ дода шуда аст, пайрави мазҳаби Шиъа мебошанд) ҳамдаст шуда, дар якҷоягӣ бо Ҳусиҳо авомири фармондеҳони низомии қувваҳои раис Абду Раббуҳу Мансур Ҳодиро қабул накарданд. Ин замина шуд, то Ҳусиҳо тавонистанд, ки Санъоро ба даст оранд. Дар натиҷа раис Абду Раббуҳ Мансур ба шаҳри Адан фирор намуда, сипас он ҷоро тарк намуд ва ба сӯи Арабистони Саудӣ равона шуд. Ҳамин тавр, як эътилофе ташкил шуд, ки ба он якчанд давлати арабӣ бо роҳбарии Арабистони Саудӣ шомил буданд. Ҳадаф аз ташкили ин эътилоф баргардондани раис Абду Раббуҳу Мансур ба мақоми пешинаи худ буд. Бо ҳамин ҳадаф, ин иттиҳод зарбаҳои ҳавоиро болои Ҳусиҳо ва қувваҳои вафодор ба раиси пешин Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ дар 25-уми марти соли 2015 таҳти унвони «Амалиёти тӯфони ҳалкунанда» шуруъ намуд.

Рӯзноманигори араб Абдулборӣ Атвон раиси пешинаи Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро васф намуда чунин мегӯяд:«Ӯ на ҳамчун як шахси зираку донои яманӣ, балки яке аз афроди боҳушу бофазилати араб аст, ки дар муддати 33 соли ҳукмрониаш Яманро дар харитаи ҷаҳон ҳамчун қувваи тавонову пойдор дар ҳамзистиву ҳамбастагӣ ва муҳаббат байни ҳамдигар муаррифӣ намуд. Дар тӯли ин муддат Яман шоҳиди гуфтушунидҳои зиёде буд, аммо ӯ дар аксари ин ҷаласот тавонист, ки амну истиқрорро дар кишвар ҳифз намояд. Ин як амали ифтихоронаи ӯст, ки ӯ муҳимтарин раиси ваҳдати мардумӣ дар тули таърихи Яман истодагарӣ карда, дар якпорчагии мардуми Яман пушти як ҳукумати марказии яманӣ комёб шуд». Инчунин яке аз комёбиҳои дигари Алӣ Солеҳ дар он аст, ки ӯ тавонист, сарфи назар аз бӯҳрону ҷангҳои дохилӣ ва кашмокашиҳои қабилавӣ ин ҳама муддат дар мақоми раиси ҳукумат боқӣ бимонад.

Имрӯз дар Яман се ҳукумати бо ҳам зиду мухолиф мавҷуд аст, яке бо дигаре мубориза мебаранд:

Якум: Ҳукумати шаръӣ (қонунӣ) таҳти роҳбарии Абду Раббуҳу Мансур Ҳодӣ, ки аз ҷониби қувваҳои эътилофи арабӣ дастгирӣ меёбад.

Дуюм: Раиси ҳизби Маҷлиси умумии халқӣ таҳти роҳбарии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ (раиси пешини Яман), пас аз шуришҳои Баҳори араб аз соли 2012 кори худро ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба роҳбарӣ мекард.

Сеюм: Гурӯҳи «Ансоруллоҳи» Ҳусиҳо, ки аз ҷониби Эрон дастгирӣ меёбанд.

Аз аҷоибии ҷанг дар Яман ин аст, ки собиқ раиси Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо душманони Ҳусии худ дар мубориза бар зидди ҳукумати қонунии Яман бо роҳбарии Абду Рабиҳу Мансур ва қувваҳои ҳилфи арабӣ ҳамдаст мешавад. Ин дар ҳолест, ки Ҳуссиҳо бо низоми Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз соли 2004 то соли 2010 шаш маротиба ҷанг карда буданд. Имрӯз бошад гуруҳи Ҳусиҳоро ҷавоне бо номи Абдулмалик ал-Ҳусӣ раҳбари мекунад ва минтақаи Саъда дар шимолу ғарбии Яман маркази қудрати асосии онҳо арзёбӣ мешавад .

Абдулборӣ Атвон мегӯяд, ки аз ҷанги имрӯзаи Яман байни ду ҷониб тақрибан се сол мегузарад, аммо он ба охир нарасида аст. Дар ин муддат давлати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ кушиш намуд, ки ҳалифи хеш Арабистони Саъудиро қонеъ гардонад, ҷиҳати ҳарчи тезтар ба охир расидани ҷанги Яман бояд Алӣ Абдуллоҳ Салеҳро ба тарафи худ ҷалб намояд, ин кутоҳтарин роҳи пирӯзӣ дар ҷанг аст. Аммо ин хушҳолӣ баъди ҷудо шудани Али Солеҳ аз шарикони Ҳуссии худ аз 24 соат бештар давом накард.

Ва инчунин сухани хешро давом дода мегӯяд, ки тасмими пешгирифтаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бузургтарин тасмим дар ҳаёти тақрибан нимасраи сиёсии ӯ буд. Қабули ин созишнома яке аз сабабҳои асосии марги ӯ аз ҷониби шариконаш, ки дар як шабонарӯз ба рақиб ва сахттарин душманаш табдил ёфтанд мебошад.

Куштани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар рӯзи душанбеи 04.12.2017 ба вуқуъ омад, ки ин ҳам баъди изҳороти вай бегоҳии рӯзи якшанбе буд. Ӯ ҷудоии худро аз шарик будан бо гурӯҳи Ҳусиҳо эълон намуда, дар ошкорбаёнии охирини худ ба ин ишора карда гуфт:«Соати сифр дар майдони ҷанги Санъо омоданист», вай идома дод:« Лозим буд, ки кишварро аз нуфузи ҳамоқати гурӯҳи Ҳусиҳо наҷот дод» .

Аммо агар умри ӯ якчанд моҳи дигар давом меёфт ва бо иттиҳоди ҳилфи Саудӣ мепайваст таодули қудратӣ дар ҷанги Яман дигаргун мешуд ва мумкин буд, ки ба фоидаи ҳилфи арабӣ анҷом меёфт. зеро ӯ як шахси зирак буд ва шоистагии раҳбарии бесобиқа дар Яманро дошт, шояд дар шибҳи ҷазираи арабӣ низ.

Бо таваҷҷӯҳ ба таваққуот ва пешбиниҳое, ки гоҳ-гоҳ ба вуқӯъ мепайванданд раҳбари Маркази Кувайт оид ба тадқиқоти стратегӣ, доктор Сомӣ ал-Фараҷ, поёни кори Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси собиқи Яманро, ки ҳамон тавре гузашт аз моҳи марти соли 2015 ин рӯйдодро, пешгӯӣ карда буд. Ин рӯйдод ба ҷаҳониён саранҷоми кори раҳбари Либия Муаммар ал-Қаззофӣ 20.11.2011 ва қабл аз он Саддом Ҳусайн раҳбари Ироқро 30.12.2016 дубора ёдовар шуд.

Аммо дар соҳаи майдони ҷангӣ «пешгӯӣ кардани пешрафтҳои оянда дар минтақаи Яман бисёр мушкил аст, зеро Яман дар ҷаҳони араб аз ҷумлаи он минтақаҳоест, ки фаҳмидан ва пешгӯӣ кардани он барои таҳлилгарон ва ҳатто барои пешбинҳо ва ояндабинҳо душвор аст. Зеро касе фикр намекард, ки ҷанг дар Яман тақрибан се сол тул мекашад. Аммо суоли муҳимтарин он аст, ки оё ин ҳизб, иттҳоди худро нигоҳ медорад ё ин ки ба тақсимёбӣ ба гурӯҳҳои нав рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ё ин ки ин ҷанг ба марҳалаи ҷанги шаҳрвандӣ рафта мерасад ва ё ҷангро канор гузошта, бо гуфтушунидҳои сиёсӣ роҳҳои раҳои аз ин буҳронро ҷустуҷӯй мекунанд.

Аммо «аз рӯи дидгоҳи дохилӣ, пайдоиши қудратҳои нави қабилавӣ дар атрофи ҳизби Маҷлиси миллиро наметавон рад кард, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ пуштибонӣ ва дастгирӣ карда мешавад наметавон рад кард., як ҷунбиши нав дар муқобили ҳаракати «Ансоруллоҳ» дур нест, бар асоси таҳқир ва куштор истифода бурда шавад, ҳолати ғазабу хашм дар миёни тарафдорони ӯ дар дохилу атрофи Яман, то ин назарияу ғоя ба шакли пурра равшан гардад ба замон ниёз дорад».

Аҳмад Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, писари калонии президенти собиқи Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, дар яке аз изҳороти худ баён намуд, ки ӯ худ шахсан ҷангро бар зидди қувваҳои Ҳусиҳо дар Яман пешбарӣ хоҳад кард. Бино ба иттилои расонаҳои телевизионии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии «ал-Ихбория» ва «ал-Арабия» бар зидди қотилони падараш, рӯзи душанбе гуфт: «То замони ихроҷи охирин Ҳусиҳо аз Яман ман ҷангро раҳбарӣ хоҳам кард».

Умедворем, ки мардуми Яман бо ҳикмату заковат ва иродаи қавии хеш баҳри рафъи ин вазъияти тезу тунд ва барои бар гузашта дастболо шудан, инчунин баҳри таъмини сулҳу салоҳ дар Яман ҳузури муассир дошта бошанд. Бошад, ки вафоти Али Абдуллоҳ Солеҳ аҳли Яманро ба тадаббуру тафаккур водор созад. Аз он ибрат гирифта маслиҳати Яманро аз ҳама боло гузоранд. Ҳар чи зудтар бо роҳи гуфтушунидҳои сиёсӣ оташи ҷангро хомуш сохта, Яманро, ки аҳли он аз қадим соҳибтамаддун мебошанд ба сӯи оянади дурахшон равона созанд.

Сарфи назар аз фарқияту ихтилофи фикру андешаҳо роҷеъ ба воқеаҳои имрӯза ва паёмадҳои фардои он дар Яман, мо умедворем, ки мардуми наҷибу боҳуши Яман муттаҳид шуда, ҷанг ба охир мерасад ва ба муҳосара хотима мебахшанд, мардумаш аз амну субот, истиқрору шарофатмандӣ ва зиндагии орому осоишта баҳра мебаранд ва роҳи хушбахтиву хуррамиро ба сӯи Яман боз мекунанд.

 Одинаев АБДУҲАЛИМ

АИ ҶТ

 

Последнее изменение Чоршанбе, 10 Январи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/