wrapper

Хабарҳо

   Минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар даҳсолаҳои наздик метавонад ба яке аз минтақаҳои мутарриқии дунё табдил ёфта, мавқеи пешоҳангиро ба дасти худ бигирад. Солҳои охир кишварҳои минтақа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки таъсири абарқудратҳо, ба вижа ИМА ва Чинро дар минтақа заиф гардонанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро ҳудудҳои аздастрафтаи худ мешуморад, ки ин ақида мамлакатҳои минтақаро то андозае нигарон кардааст. Аз ҳамин лиҳоз аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз зиёдшавии теъдоди чиниҳо дар бархе минтақаҳо хушбин нестанд.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равобити дустона ва ҳасана дорад. Тоҷикистон гарчанде дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фақат як сафоратхона дорад, вале содироту воридот бо кулли кишварҳои минтақаро ба роҳ мондааст. Инчунин, сафарҳоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия, Малайзия ва Тайланд ба рушду нумӯи ҳамкориҳои тарафайн, такони ҷиддӣ бахшиданд. Айни замон ҳамкориҳои Тоҷикистон бо аксари кишварҳои минтақа тиҷоратӣ ва фарҳангиву илмӣ маҳсуб меёбанд. Ба вижа равобити маданӣ ва илмии Тоҷикистону Малайзия дар сатҳи хуб қарор дорад. Ҳамасола садҳо нафар донишҷуёни тоҷик ба донишгоҳҳои бонуфузи Малайзия ба тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ дохил мегарданд. Дар оянда пешгӯи кардан мумкин аст, ки донишгоҳҳои Малайзия филиалҳои худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намоянд, зеро ин донишгоҳҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, бар замми ин бо дигар донишгоҳҳои маъруфи Аврупо ҳамкориҳои зич доранд.

Тоҷикистону Малайзия метавонанд ҳамкориҳоро дар дигар самтҳо низ ба роҳ монанд. Яке аз омилҳои рушди кишварҳои дунё имрӯз сайёҳӣ мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Малайзия оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, метавон ҳамкориҳоро дар ин самт ба роҳ монд. Баъди хотима ёфтани корҳои сохтмонӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Путраҷая ва ифтитоҳи он, ҳамкориҳо миёни ду кишвари ба ҳам дуст, боз ҳам густурдатар мегарданд.

Малайзия, ки онро имрӯз «бабри осиёӣ» меноманд, беҳтарин модели иқтисодиётро дар муддати кӯтоҳ соҳиб шуд, ки мамолики дунё кӯшиши пайравӣ аз онро мекунанд. Аз ҷумла, барои кишвари мо низ бениҳоят муҳим ва зарур аст, ки аз модел ва усули иқтисодии Малайзия истифода бурда, ба сатҳи баланди тараққиёти иқтисодӣ бирасем. Зеро кишвари мо бо чанд ҷиҳат аз ин кишварҳо афзалият дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконоти хуби энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, географӣ ва инчунин, захираҳои бойи табиӣ мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани имкониятҳои мавҷуда чунин тадбирҳои зеринро дар оянда амалӣ намудан зарур аст:

1. Кишвари мо, махсусан падару модарон таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи худро сарфи назар аз мушкилоту монеаҳо боз ҳам бештар ба соҳаи маориф ва илм равона созанд. Чигунае, ки маълум аст, асри XXI асри илму технология мебошад.

2. Малайзия масъалаҳои иҷтимоӣ ва илму маорифро дар мадди аввал гузошта, тарбияи шаҳрвандро аз боғчаҳо шуруъ намудаанд. Имрӯз дар шароити кунунии мо низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи ҳукумат ба соҳаи маориф бениҳоят муҳим мебошад.

3. Ҳукумати кишвар ба монанди Малайзия масъалаи интиқоли сармояи дохилиро ба бонкҳои хориҷӣ зери назорат бигирад ва барои дар дохили кишвар нигоҳ доштани сармояи соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ саъй намояд. Барои ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ беш аз ҳама шароити хуб ва имтиёзҳоро ба роҳ монад.

4. Бо назардошти банд будани бозори ҷаҳонӣ, истеҳсол ва фурӯши молҳои саноатии рақобатпазир, таъсиси корхонаҳои бузург, мавҷудияти маблағҳои бузург моро зарур аст, ки ба рушди соҳибкории хӯрд ва ҳатто дар заминаи оилавӣ вусъат бахшем. Аз ҷониби дигар, барои рушди соҳа имтиёзҳои муайян ва қонунгузории мушаххас зарур мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имконоти хуби энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва инчунин захираҳои бойи табиӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои дар амал татбиқ намудани имкониятҳои мавҷуда бо назардошти таҷрибаи Сингапур метавонем чунин таљрибањоро дар сохторњои гуногуни иљтимої пеш гирем:

1. Ҳарчӣ бештар ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро бо Сингапур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои энергетика, коркарди ашёи хом, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтиссос ба соҳаҳои низоми бонкӣ ва низоми маорифро ба роҳ монем.

2. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба соҳаи маориф ва илм назаррас мебошад, аммо мебояд боз ҳам мақсадноку самарбахш бошад. Масалан, чӣ дар боғчаҳо ва чӣ дар мактабҳои миёнаву олӣ бояд бештар таваҷҷӯҳи хоса ба кӯдакони болаёқат (вундеркиндҳо) равона шавад. Ҳатто ҳар як шаҳру ноҳия гурӯҳҳои чунин истеъдодҳоро ташкил намуда, бо шарту шароити баланд таълиму тарбия дода шавад. Ҳар сол онҳо аз имтиҳон ё тести махсус (IQ) гузаронида шуда, беҳтаринҳоро ба мактабҳои машҳури ҷумҳурӣ ройгон дохил гарданд. Ин раванд дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад. Раванди таълиму тарбияи онҳо мебояд аз кӯдакӣ то ба дараҷаи донишҷуӣ, аспирантӣ ва докторантӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи давлат қарор гиранд.

3. Барои бартараф намудани масъалаи бекорӣ бо истифода аз таҷрибаи Сингапур ҳаҷми андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, андоз аз даромадро ба мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, бахусус ширкатҳои фаромиллӣ кам намоем. Бо таъсиси филилали ширкатҳои фаромиллӣ имкони фароҳам омадани теъдоди зиёди ҷойҳои корӣ ва даромад ба буҷа мавҷуд мебошад.

4. Тавре маълум, масъалаи демографӣ яке мушкилоти мубрами кишвари мо ба шумор меравад. Хуб мешуд, ки бо истифода аз таҷрибаи Сингапур ва бо назардошти хусусиятҳои хоси миллӣ ва фарҳангӣ сиёсати демографии кишварро таҷдиди назар намоем. Афзоиши бемайлони демографӣ яке аз унсурҳои асосии коҳиши суръати иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи бекорӣ, паст шудани сатҳи саводнокии ҷомеа ба шумор меравад.

5. Бо истифода аз таҷрибаи Сингапур давлат метавонад сохтмони хонаҳои истиқоматиро пурра ба уҳдаи худ гирифта, барои кадрҳои ҷавони болаёқат, мутахассисони технологӣ, олимони ҷавон ва дар маҷмуъ хизматчиёни давлатӣ бо нархҳои арзон ва ба тариқи қарзӣ (ипотекаи давлатӣ) пешниҳод намояд.

6. Ҷалби ҷавонони болаёқат дар соҳаҳои технологияи инноватсионӣ. Қабули барнома ё стратегияи мукаммали рушди технологӣ. Ҷорӣ намудани майлони технологӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва омузишгоҳу донишгоҳҳои кишвар;

7. Бо дарназардошти имконияти мамлакат афзоиши захираи тиллои давлатӣ ба мақсади нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ ба роҳ монда шавад.

 

Ҳабиб Мирзоев

корманди Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупо

Последнее изменение Панҷшанбе, 06 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/