wrapper

Хабарҳо

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Малдив

   Малдив яке аз кишварҳои Осиёи ҷанубӣ буда, дар ҷанубу ғарби Ҳинд ҷойгир аст. Шаҳри Мола пойтахт ин кишвар буда, тибқи маълумотҳо Мола дар забони санскритӣ ба маънои «хонаи мо» ё «қасри подшоҳ» ишора шудааст. Аҳолии ин кишвар зиёда аз 402 071 буда, воҳиди пули он руфияи молдив аст. Забони мардуми он дивеҳӣ аст, ки монанд ба забони синҳолӣ мебошад. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ мардуми ин кишвар тобеияти Шриланка ва Ҳиндустонро дошта, қавмиятҳои арабӣ низ дар онҳо вуҷуд дорад. Малдив ҳам аз нигоҳи аҳолӣ ва ҳам масоҳат хурдтарин кишвари қораи Осиё мебошад, ки 26-уми июли 1965 аз Британия озод шуда, расман истиқлолияти давлатии худро эълон кард.

   Ҳукумати англисҳо то соли 1965 дар ин кишвар идома ёфт, ки мардуми он як муддат зери шоҳигарии султонӣ умр ба сар мебурданд. Дертар англисҳо низоми монархияи қонуниро ҷорӣ карданд. Султон Маҷид Дидӣ аз соли 1944 то 1952 ҳукмронии Молдивро ба дӯш дошт ва баъди вафоти вай ин мансаб ба зиммаи Муҳаммад Амин Дидӣ гузашт. Дертар бо машварати порлумони ин кишвар вайро ба ҳайси аввалин раиси ҷумҳури мунтахаб қабул карданд, ки тавассути ӯ қавонини собиқаи салтанатиро бекор кард ва дар қонуни кишвар ислоҳот ворид намуд. Ҳамзамон, дар инҷо кудатҳо сурат гирифт ва аз тариқи овоздиҳӣ мардум дубора низоми салтанатиро қабул карданд, ки дар натиҷа, соли 1954 Муҳаммад Фарид Дидӣ чун султон дар инҷо пазируфта шуд. Солҳои 1968 то 1978 Иброҳим Носир собиқ сарвазири ин кишвар ба ҳайси раиси ҷумҳур дар инҷо ифои вазифа кард. Баъд аз тағйирот ва ислоҳоти зиёд дар кишвар Иброҳим Носир зимоми қудратро ба устоди донишгоҳ ва сафири ин кишвар дар СММ Маъмун Абдуқаюм вогузор кард, ки аз 1978 то 2008 амуроти давлатдории ин давлатро сарварӣ кард. Аз соли 2008 то 2012 раёсати умури ин кишварро Муҳаммад Нашид идора кард. Аз соли 2013 то ҳол сарварии ин кишварро Абдулло Ямин Абдуқаюм ба уҳда дорад, ки тибқи сарчашмаҳо бародари Маъмун Абдуқаюм мебошад.

   Тибқи баъзе маълумотҳо ин кишвар дорои ҷазираҳои зиёде буда, макони хубе барои шиноварон ва сайёҳон аст. Дар он танҳо 9 ҷазира бо масоҳати аз 2 км мураббаъ калонтар мавҷуд аст. 200 ҷазираи он маскунӣ буда, 88 дигар дорои иқоматгоҳҳои сайёҳатӣ мебошанд.

   Мола бузургтарин шаҳр ва маркази тиҷоратии он аст, ки бо кишвари Шриланка сарҳади обӣ дорад. Ҳавои он муътадил буда, дорои ду фасл яъне хушкӣ ва боронӣ мебошад.

   Низоми давлатдорӣ ҷумҳуриявӣ буда, бо аксари кишварҳои дунё равобити хуб дорад. Ин кишвар аз бунёдгузорони созмони минтақавӣ (SAARC) мебошад, ки ҳадафи асоси он рушди фарҳанг, адаб, тиҷорат ва сайёҳатӣ минтақа мебошад.

   Бояд қайд кард, ки иқтисоди асосии он ба пояи кишоварзӣ, моҳигирӣ ва сайёҳат устувор аст. Дар Молдив кишти донаи арзан, картошкаи ширин ва меваҷот роҳандозӣ шудааст. Санъати киштисозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле равнақ ёфтааст, ки метавон онро ба Тоҷикистон омӯзиш дод. Ин кишвар дар санъати сайёҳат ва гардишгарӣ таҷриба хуб дошта, дорои меҳмонхонаҳои хос барои сайёҳон аст, ки меҳмонон мустакиман аз фурудгоҳ ба онҷо бидуни тарсу ҳарос ворид мешаванд. Тибқи сарчашмаҳо 80 фоизи иқтисоди онро вуруди сайёҳон ташкил медиҳад ва то соли 2013 ба ин кишвар 1 миллион 200 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки аксари он аз Чин буда, ба нафъи иқтисоди ин кишвар тамом мешавад.

   Хулоса, Ҷумҳурии Малдив ҷазираи зебое дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ буда, дорои санъати хуби сайёҳатӣ аст, ки мо муруре ба шинохти ин кишвар дошта бошем, то саҳифаи нави минтақашиносӣ дар дониши мо изофа гардад.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии Институт

Последнее изменение Панҷшанбе, 06 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/