wrapper

Хабарҳо

   Ҷумҳурии Австрия 18 январи соли 1992 истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, 25 марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Австрия барқарор гардиданд. Моҳи декабри соли 1997 сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вена кушода шуда, сафорати Ҷумҳурии Австрия дар Тоҷикистон соли 2007 бо иқомат дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.

   Австрия яке аз кишварҳои бойтарини дунё ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохила (ММД) ба ҳар сари аҳоли тақрибан 46 330 доллари ИМА (дар соли 2012) ташкил медод.

    Таърихи куҳан ва маданияти бойи халқи ин кишвар, интизоми қавӣ, ватандустӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ, поквиҷдонӣ, муносибати ҷиддӣ ба кор ба он оварда расонд, ки дар тули асрҳо онҳо тавонистанд ғурури миллии худро нигоҳ дошта, давлати худро ба яке аз кишварҳои пешқадами олам табдил диҳанд. Ба ғайр аз ин дар тули таърих пойтахти Австрия макони будубоши созмонҳои байналмиллалӣ гашт. Аз ҷумла, дар замони ҷанги “сард” дар шаҳри Вена намояндагии СММ фаъолият мекард. Иқтисодиёти баъдиҷангии кишвар босуръат пеш мерафт.

   Аз 26 октябри соли 1955 бо дарназардошти мақоми ҳуқуқи байналхалқӣ, Австрия сиёсати бетарафии доимиро пеш мебарад ва ҳамчунин эълон намуд, ки ба ягон иттифоқи ҳарбӣ ҳамроҳ намешавад. Дар замони ҷанги “сард” Вена ҳамчун пайвастгари миёни Шарқ ва Ғарб буд. Айни замон ҳукуматдорони Австрия дар он ақида мебошанд, ки мақоми бетарафӣ набояд ҳамун як институти карахт фаъолият намояд, балки бо шароити замон мутобиқ карда шавад. Тибқи он, кишвар ҳуқуқ надорад дар ҷангҳо иштирок кунад, қувваҳои ҳарбии хориҷиро дар қаламрави худ мустақар намояд ва ба ягон созишномаи ҳарбӣ ҳамроҳ шавад.

   Австрия кишвари индустриали - аграрӣ буда дар он соҳаи пешрафти истеҳсолӣ, аз ҷумла, кимёвӣ, нафтухимия, техникаи электронӣ, нассоҷӣ ва коркарди чуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, қувваи кории баландихтисос фаъолият мекунанд. Туризм бошад яке аз сарчашмаҳои ҷалби сармоя аз хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.

   Баъд аз ба расмият шинохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сиёсӣ миёни ду кишвар дар рафти вохуриҳои сарони кишварҳо ва роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ муайян шудаанд. Ҳамкориҳои Душанбе ва Вена дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими амният муайян шуданд ва ҷонибҳо оиди баргузор намудани машваратҳои сиёсӣ дар пойтахтҳои якдигар тасмим гирифтанд. Аз ҷумла, даври якуми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат бо иштироки ҳайати Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия 21-23 феврали соли 2007 дар Душанбе баргузор гардид. Машваратҳои сиёсии навбатӣ бошад 7 майи соли 2009 дар Душанбе барпо карда шуданд. Инчунин, бо мақсади инкишоф додани муносибатҳои дуҷониба дар оянда, ҷонибҳо масъалаи барпо намудани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Австрияро дар соли 2011 мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия 7 июни соли 2011 баргузор шуд, ки дар раванди он Президенти Тоҷикистон бо Президенти Австрия Ҳайнтс Фишер мулоқот намуда, масоили ҳамкории ду кишварро муҳокима намуданд. Баъди анҷоми мулоқот ду санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

   Инчунин, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер, ки 12-14 марти соли 2013 ба Тоҷикистон барпо гардид, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

   Дар ҷаласаи панҷуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия, ки 26 марти соли 2014 дар Вена баргузор гардид, муносибатҳои кунунии дуҷониба, рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқии вобаста ба манфиатҳои тарафайн баррасӣ гардиданд.

   Дар баробари баррасии масъалаҳои сиёсӣ дар муносибатҳои ду кишвар ривоҷу равнақ додани ҳамкориҳои иқтисоди байни Тоҷикистон ва Австрия яке аз самтҳои афзалятнок ба ҳисоб меравад.

  Дар ин самт 24 феврали соли 1994 дар ш. Вена Созишнома оид ба барқарор намудани ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба имзо расонида шуд. Бо мақсади рушди ояндаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар 8-9 декабри соли 2003, ҳайати иқтисодии Австрия таҳти роҳбарии Сафири Австрия дар Тоҷикистон Х.Гюрер ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар рафти он як қатор вохуриҳои расмӣ бо роҳбарияти Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии Австрия бо роҳбарони корхонаҳо ва ширкатҳои пешқадами Тоҷикистон баргузор гардид.

   Дар моҳи апрели соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид. Дар моҳи ноябри ҳамон сол бошад шаҳри Душанбе макони баргузории ҷаласаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия шуд. Дар раванди ин чорабинӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Дар доираи сафари Президенти Австрия ба Тоҷикистон дар соли 2013 бизнес-форуми иқтисодӣ бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии ду давлат баргузор гардид.

   Ҳамзамон метавон сафари ҳайати соҳибкорони австриягиро ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Раёсати тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Палатаи федералии иқтисодии Австрия доктор Михаил Ангерер, ки аз 3 то 5 апрели соли 2017 баргузор гардид, қайд кард.

   Айни замон ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар дар ҳоли густариш қарор дорад. Тоҷикистон ба Австрия асосан абрешим, партовҳои абрешимӣ ва алюминий содирот мекунад. Аз Австрия бошад ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти доруворӣ ва таҷҳизотӣ тиббӣ, мошинҳо барои коркарди маводи хурокворӣ ва ғайра ворид мешаванд.

   Аз 3 то 5 апрели соли 2017 намояндагони 20 ширкати истеҳсолӣ ва молрасони таҷҳизот, технология ва хизматрасонӣ таҳти роҳбарии Директори Раёсати тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Палатаи федералии иқтисодии Австрия Михаил Ангерер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин аз мустаҳкам шудани робитаҳои иқтисоди ҳарду ҷониб шаҳодат медиҳад.

   Ҳаҷми гардиши мол миёни ду давлат дар соли 2016 – 4.7 млн. евро буда, аз он воридот – 4,4 млн. евро, содирот – 0,3 млн. евро мебошад. Дар соли 2017 бошад гардиши мол зиёда аз 2339,4 ҳазор евроро ташкил намудааст. Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.

   Сарфи назар аз таъсиси муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Австрия дар соли 1992, таърихи ин муносибатҳо хеле пештар оғоз гардидаанд. Соли 1972 пойтахти замини федеролии Каринтия, шаҳри Клагенфурт ва шаҳри Душанбе муносибатҳои шарикии бародаршаҳриро замина гузоштанд.

   Ҳамкориҳои дуҷониба байни Душанбе ва Вена ҳамчунин дар соҳаи маориф назаррас мебошад. Бояд қайд кард, ки чор донишкадаи Тоҷикистон – Донишкадаи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи шаҳри Хоруғ шарики шабакаи Авруосиё ва Уқёнуси ороми Юнинет (EPU) мебошанд, ки аз ҷониби донишкадаи шаҳри Залтсбург таъсис дода шуда, ба ҳайати он зиёда аз 140 донишкада ва донишгоҳ – шарикон дохил мешаванд.

   Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, хориҷи наздик ва дур бомуваффақият рушд мекунад. Истифодаи таҷрибаи бойи Австрия дар соҳаҳои гуногуни рушди кишвар барои Тоҷикистон низ як намунаи хуб шуда метавонад, ки аз он бояд самаранок истифода бурд.

 

Ганҷина Назаралиева,

корманди Институт

Последнее изменение Панҷшанбе, 06 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/