wrapper

Хабарҳо

   Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ-Ёде аз Бобои қавм ё Қоиди Аъзами Покистон 

   Миллатсозӣ ё мудирият корест, хело душвор ва масъулиятталаб. Таърих гувоҳ аст, ки шахсиятҳо ва роҳбароне дар гӯшаву канори дунё мавҷуданд, ки барои сохтани миллатҳо талошҳо ва муборизаҳо  карданд. Номи ин афрод дар ҷаридаи олам сабт аст ва то ҳол фаромӯш нашудааст. Ва лизо донистани таърих ва саргузашти ин ақвому ашхоси хурду бузург барои ибратомӯзӣ ва рушди иҷтимоии ҳар инсон мадад мерасонад. Ба мо мардуми мутамаддини Тоҷикистон-миллати саршор аз меросу фарҳанги ғанӣ, омӯзиш ва маърифати саргузашту осори ин афроди таърихсоз хело ба маврид буда, корнамоиҳои онон аз манфиат холӣ нест.

   Инҷо хостем ёде ба саргузашти пешвои миллат ё ба истилоҳ қоиди аъзами Покистон чун шахсияти таърихсози минтақа дошта бошем.

   Гуфтан ба маврид аст, ки 25 декабри соли 1876 дар маҳаллаи Вазир Мансиони шаҳри Карочӣ кӯдаки ба дунё омад. Ин марди наҷибу шариф фарде корсозе буд ва лиҳозо талошу муборизаҳои вай сабаб шуд, то миллат ва кишвареро бунёд ва обод кунад. Ин абармарди таърих бо ин мақсадҳои неку ормондор ба мактаб рафт ва таҳсилоти ибтидоияшро оғоз кард. Тадриҷан баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи шаҳри Бомбай ва Линколн Инни Британия қабул шуда, риштаи ҳуқуқ ва ваколатдориро хатм кард. Ҳамзамон баъд аз такмили курсҳои олии тахассусӣ чун ҳуқуқшинос дар суди олии Бомбай ба фаолият оғоз кард.

   Тибқи сарчашмаҳои муътабар ва таърихӣ исми аслии ин абармарди наҷиб Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ буда, дар кишвари Покистон чун "бобои қавм" ё "Қоиди Аъзам" шуҳрат дорад. Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз соли 1913 то 1944 дар созмони “Олл Индия Муслим Лиг” ба ҳайси роҳбари ин ташкилоти халқиву мардумӣ кор кард. Бо тавсия ва машваратҳои дурусту мантиқӣ ва дастгирии ин фард дӯстиву ваҳдат ва ҳамгироии ҳуқуқӣ байни мусулмонон ва ҳиндуён ҳифз ва дастгирӣ меёфт. Дар ҳамон замон, соли 1916 Созишномаи Лакнаву байни  Конгресс ва Олл Индия Муслим Лиг имзо шуд, ки аз тарафи Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ идора ва ҳимоя мешуд. Вале бо баъзе сабабҳо ва  ихтилофи назарҳо вай аз конгресс канорагирӣ карда, истеъфо дод.

   Дар натиҷа, соли 1920 Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз Конгресси Миллии Ҳинд барканор шуда, барои таҳким ва ваколати ҳуқуқи мусулмонон 14 нукоти калидеро ироа кард. Ин нукот ва назарот сабаб ва заминаи ташкили давлати алоҳида барои қавмиятҳои Ҳиндустон гашт.

   Дар Покистони навин Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ мулаққаб бо “Қоиди Аъзам” чун муассис ва пешвои Покистон шинохта шуда, ҳамасола дар санаи 11-уми сентябри 1948 ёдбудаш баргузор мегардад. Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар 19-20 солагиаш ба Лондон рафт ва дар риштаи тиҷорат ва ҳуқуқ илм ҳосил кард ва чун ваколатдори ҳуқуқ фаъолият кардааст.

   Муҳамад Алӣ Ҷиноҳ вақти зиёди худро дар мутолиаи китоб, дидан аз осорхонаҳо ва шунидани баҳсу мунозираҳои аъзои порлумони Британия гузаронд ва баъди такомул ва таҷрибаомӯзи ба Ҳиндустон баргашт. Ин даврон барояш душвор ва заҳматталаб буд то корҳои назариашро дар муддати тулонӣ амалӣ гардонад. Ҳамзамон вай дар 30 солагиаш ба Конгресси миллӣ шомил шуд ва ҳамроҳи дигар роҳбарон назару афкорашро барои  рушд ва истиқлолият ироа ва тавсия медод.

   Вай чун шаҳрванди Ҳинд, вазъияти кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои озодии сарзаминаш ба талошу муборизаҳо оғоз кард. Вале Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ мухолифи озодихоҳии муҳандис Карамчан Гандӣ чун шахсияти мазҳабӣ ба ин назар буд, ки мусулмонон ва ҳиндуҳо муштарак тавони берун кардани душманро доранд. Лиҳозо ӯ, соли 1931 барои муқовимати душманон созмони озодихоҳонеро ташкил дода, роҳбарияшро ба дӯш гирифт.

   Хулоса, ин марди наҷиб зодаи шаҳри Карочӣ буда, падараш савдогар ва хохараш Фотима Алӣ Ҷиноҳ яке аз фаъолони даврони истиқлол мебошад. Аз соли 1905 ба сиёсат ворид шуд ва тадриҷан ба зинаҳои болотар расидан гирифт, ки дар натиҷа роҳбари як кишвари бузург гашт.

   Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ солҳои зиёд созмони мардумии "Олл Индия Муслим лиг"-ро сарварӣ кард. Дертар санаи 14-уми августи соли 1947 бо машваратҳо ва тавсияҳо дар ташкил додани давлати алоҳида дар қораи ҳинд ба номи Покистон саҳм гузошт, ки то имрӯз дар ҷаҳон шинохта мешавад.

   Метавон гуфт, ки Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ муассис ва бобои қавми Покистон буда, чунин хусусиётро  низ дорост, ки метавон онҳоро  намунаи ибрат қарор дод:

   - Муассис ва "бобои қавм"-қоиди аъзам ё падари миллат; 

   - Дорои афкору назароти модернӣ ё аврупоӣ ва маълумоти олӣ;

   - Сиёсатмадори барҷаста ва озодихоҳи мусулмонтабор;

   - Талош мекард, то кишварро бо мисли Аврупо тасаввур ва идора кунад, аммо бо равишҳои гуногун ва қавмию мардумӣ;

   - Донандаи хуби илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ӯ сарқонуни Британияро муҳтарам мешуморид.

   Тибқи маълумоти торнамои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дипломатӣ байни кишвари Покистон ва Тоҷикистон аз 6 июни соли 1992 барқарор шуданд. Покистон яке аз аввалин давлатҳое аст, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. 

   Айни ҳол, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ҷононов Шералӣ Сайдамирович мебошад.

  Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расиданд. Моҳи марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон боздиди расмӣ ба амал овард. Ин боздид дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи нав оғоз намуд. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон кушода шуд. Дар давоми 21соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар тақрибан 40 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорони инфиродии покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Дар соли 2011 гардиши мол байни ду кишвар 14 млн. 850,1 ҳазор долл. ИМА ва дар соли 2012 бошад, ба 78 млн 814,8 ҳазор доллар расид, ки аз он содирот 26 млн. 498,5 ҳазор доллар ва воридот 52 млн. 316,3 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 

   Муносибату ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар дигар соҳаҳо - иқтисод, маориф, илму техника, тандурустӣ, савдо низ мавриди баррасӣ қарор дошта, тарафайн барои ҳифзи сулҳу суббот ва оромӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, алалхусус дар кишвари Афғонистон, ки яке аз ширкаткунандаи лоиҳаи CASA - 1000 мебошад, саҳм мегузоранд.

  Дар бахши маориф муносибатҳои ду кишвар рушд меёбанд ва айни замон шуморе аз донишҷӯёни покистонӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Мирсаид Рахмонов, ходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупо

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/