wrapper

Хабарҳо

   Донишу маърифат, муфоҳимату муросо ва ҳамсоягӣ поя ва сутунҳои устуворе мебошанд, ки суботи минтақа ва афзоиши тиҷорат ва саноату савдоро рушд ва нуму мебахшанд. Ин ҳама васоиле ба шумор мераванд, ки бо воситаи онҳо субот ва оромии минтақавиро пойдор нигоҳ дошта, зиндагии шоистаи мардум ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад. Ҳар миллату қавме, ки дорои чунин хусусиятҳо мебошад, дер ё зуд мувафаққиятро ба даст хоҳанд овард. Дар тӯли таърих бисёр миллатҳое буданд, ки зуру тавоноӣ доштанд, аммо ба сабаби набудани хислатҳои мазкур ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.
   Имрӯз дар ҷаҳоне зиндагӣ ба сар мебарем, ки ҳамаи аҳолии сайёра дар як деҳкадаи хурде ҷой гирифта, ҳар лаҳза аз ҳар гӯшаи он садои "ё чунин кун ё чунон" ба гӯш мерасад. Чанде пеш тавассути ВАО кашмакашиҳо ва "гиру ногир"-ро байни ҳамсоякишварҳои бузурги Осиё мушоҳида шуд, ки ин кишварҳо дорои муштаракоти фарҳангӣ ва забонӣ буда, аз манобеи табии ва дигар заруриятҳои инсонӣ низ ғанӣ ҳастанд. Ин кишварҳо дар Осиёи Ҷанубӣ мавқеанд, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, ва Ховари Миёна пайвандии хушкӣ ва баҳрӣ доранд. Бояд қайд кард, ки ин минтақа аз 8 кишвар - Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал, Покистон ва Шриланка иборат буда, аҳолияш зиёда 1,7 миллион нафар мебошад, ки он 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Бо чунин дороиҳову бойгариҳои минтақавӣ метавон рушди равобити иқтисодӣ, амниятӣ ва кашмакашу ихтилофот ин минтақаро мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дод. Баҳсу равандҳои геополитикии дунё, ҷангу ҷадалҳои Афғонистон, ҷилавгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ ба ин минтақа асобат кардааст, ки омил ва монеаи рушд дар тиҷорату иқтисодӣ он гардидааст. Адами муфоҳимату муросо ва коҳиши донишу маърифат дар оромӣ ва суботи минтақавии ин манотиқ таҳдиду хатар овардааст, ки тавассути он тероризм ва паёмадҳои марбут ба он ин инҷоро ба сӯи даҳшату ваҳшат мекашонад.
   Мавриди зикр аст, ки оромӣ ва суботи минтақавии ин кишварҳо метавонад, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзун дода, некӯаҳолии мардумро беҳтар гардонад. Ҳар як кишвари он дорои имтиёз ва сарватҳоест, ки ҳамто надорад. Масалан, коркард ва ихроҷи ангишти Ҳиндустон, фароҳамсозии барқ бо воситаи газу нафти Покистону Бангладеш, коркарди барқи гидрогении Бутан ва Непал аз манобеи табииӣ ин минтақааанд, ки тавони энергетикии ин минтақаро дучанд мегардонанд.
    Аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва мушорикат дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва маданиву иҷтимоии он аз дигар имтиёзҳои ин минтақа мебошад, ки чашмраси ҷаҳониён аст. Ҳамчунин, эҷоди Созмони ҳамкории минтақавии зери номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) аз муҳимтарин имтиёзҳои ин минтақа аст, ки бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин сарзаминҳо бунёд ва ташкил шудааст. Ташаббусҳои ҳамгироии фаромантақавии ин кишварҳо ба монанди фароҳамсозӣ ё Интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна бо ҳамкорӣ ва ташаббуси Тоҷикистону Қирғистон, Афғонисту Покистон ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) ва интиқоли лулаи газ аз минтақаи Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё TАPI, ки шарикони асосии он Туркманистан, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд, аз имтиёзҳои муҳими иқтисодии инҷо ба шумор мераванд, ки дар рушд ва савдову тиҷорати минтақавӣ ва фароминтақавии он кумак мерасонанд. Яке аз имтиёзҳои дигари Покистону Ҳиндустон, дарёфти узвият ба созмони ҷаҳонии Шанхай (9-июни 2017) мебошад, ки барои амният ва пешгирии ҷиноятҳо мубориза мебарад. Лизо ин узвият ҳарду кишварро дар радифи Чин қарор медиҳад, ки дар ояндаи наздик ҳар се он метавонанд, зимомати асосии Осиёи Ҷанубиро ба даст гиранд.
    Бо вуҷуди ин ҳама тавоноӣ ва имкониятҳо, ҳанӯз кашмакашӣ ва нофаҳмиҳое ҳастанд, ки рушди тиҷоратӣ ва иҷтимоии ин минтақаро зери суол мегузорад ва роҳбарон ва шарикони рушдро водор мекунад, то аз аз модели устувори донишу маърифат,муфоҳимату муросо ва ҳамсоягӣ хирадмандона кор гирифта, нофаҳмоҳиҳоро ҳаллу фасл намоянд. Бояд қайд кард, ки Ҳиндустон бо доштани ифтихорномаи "Демократарин кишвари дунё" ва Покистон бо доштани даъвои "Исломи ноб" муштаракан метавонанд, хатари амният ва суботро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дода, барои истиқрор ва оромии он талош намоянд. Ҳардуи ин кишвар бояд аз ҳидоятҳои роҳбарони гузаштаи худ ба мисли Маҳатма Гандӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ роҳи адолатро зери модели "Мубориза бидуни зӯроварӣ" сармашқи худ сохта, дар субот ва рушди минтақа чун кишвари намунавӣ дар дунё маъруф боқӣ монанд ва дигаронро низ бо чунин дастовардҳо барои барқарор кардани амният ва сулҳ ва ҳамкорӣ дар ҷилавгирӣ ва пешгирии ҷиноятҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон роҳнамоӣ намоянд.
   Бо чунин назару тавсияҳо роҳбарони минтақаи Осиёи Ҷанубиро зарур аст, то аз матонат кор гирифта, барои осоишу суботи мардуми он ва рушди лоиҳаву имконоти дарпешистода, аз кашмакашӣ ва мухолифатҳо дурӣ ҷуста, оромӣ ва ҳамгироии онро муҳимтар шуморанд. Ва илло даҳшати тиру террор, нофаҳмӣ ва мухолифатҳои ду кишвари ҳамзабону дорои расму русуми муштарак боз ваҳимтару мушкилтар месозад, ки он ба зарар ва нуқсони рушди ҷомеа ва равобити тиҷоратии он бурда мерасонад.
   Ҷои шакку шубҳа нест, ки Афғонистон чун пули иртиботиест, ки Осиёи Миёнаро ба Осиёи Ҷанубӣ пайваст карда, равобити тиҷоратии минтақавии онҳоро таҳкиму тақвият мебахшад. Ин кишвар аъзои фаъоли Созмони ҳамкории минтақавии SAARC, шарик ва наздиктарин ҳамсояи кишварҳои Осиёи Миёна буда, метавонад дар масоили марбут ба таҳкими равобити инсонӣ ва рушди иҷтимоӣ ва ҷилавгири аз воқеаҳои номуносиби ҷомеа дар ҳамгироии минтақавӣ кӯмак расонад. Ин нуктаро бояд таъкид кард, ки гурӯҳи аъзои SAARC яке аз созмонҳои стратегии минтақа дар Осиёи Ҷанубӣ буда, метавонад муштаракоти минтақаро аз нав барррасӣ карда, барои рушд ва суботи минтақа ҳамаро муттаҳид созад. Ин созмон барои рушд ва суботи минтақа бо корбурд аз моделҳои навини ҳамгироии минтақавӣ бо таҳкиму афзоиш додани тиҷорат, коҳишу маҳву ҷаҳолат ва эҳтиром ба ҳамзабонӣ ва ҳамсоягӣ дубора ҳамкориро бо кишварҳои минтақа таҳким бахшида, метавонад онро ба як маркази тараққикарда ва пешрафта дар Осиё табдил диҳад.
    Хулоса, ороми ва субот дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба манфиати ҳамаи дунё ва хусусан Осиёи Миёна буда, паёми роҳбари кишвари Тоҷикистон - доштани сиёсати "дарҳои боз" дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти стратегии иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад, ки амалисозии он ба минтақа суботи равонӣ ва зиндагии пурфайз меоварад, зеро таммаддун ва марокизи таърихие ба монанди "меъморӣ,"Шоҳроҳи абрешим" ва "Ҳунарҳои мардумӣ"- и ин сарзаминҳо дар тӯли таърих мавриди писанд ва мафтуни ҷаҳониён буд ва хоҳад монд.
М. Раҳмонов,
ходими калони илмии Институт

   Сарчашма
ҳо:
   www.ecfr.eu China,India,Pakistan and a stable regional order
   Islamabad Policy Research Institute
   Islam and Pakistan's identity by dr Javid Iqbal
   SAARC
   TAPI Online
   CASA-1000.org
Последнее изменение Шанбе, 06 Апрел 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/