wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Ноябри 2017

  14-15 ноябри соли равон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Маликшо Неъматов ба шаҳри Ройтлингени Олмон сафар намуда, бо Обербургамистр (шаҳрдор)-и он хонум Барбара Бош мулоқот намуд.

Бояд қайд кард, ки аз 5 уми октябри соли 1991 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бо шаҳри Ройтлингени Олмон бародаршаҳр эълон гардида буданд. Ҳамкориҳо байни ин бародаршаҳр ба таври мутассил ба роҳ монда шудаанд.

Панҷшанбе, 30 Ноябри 2017 05:06

«Як камарбанд, як роҳ»

Иттиҳоди Аврупо ба потенсиалҳои транзитии Осиёи Марказӣ ниёз дорад!

  Таърихи Тоҷикистони тозабунёд (1991) бо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, ба проблемаҳои сиёсию иқтисодӣ дучор гардид. Баъд аз ин давлат системаи «сиёсати дарҳои кушода»-ро ба роҳ монд. Мақсади ин сиёсат ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои хориҷӣ буда, самти афзалиятноки он давлатҳои Аврупо ҳисобида мешавад.

 Солҳои аввали истиқлолият ҳамчун замони заифии равобити муштарак бо давлатҳои Аврупоро дар бар мегирад, зеро маҳз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва валангор шудани инфраструктураи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар боиси боэҳтиётона даромадани давлатҳои Аврупо ба минтақа гардид.

 Тағйирёбии ногаҳониву пайдарпай дар ҳама соҳаҳои ҷомеаи Шарқи Миёна имрӯзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Огоҳӣ пайдо кардан аз хабарҳои тезу тунди ин минтақа, махсусан баъди “Баҳори араб” ҳеҷ касро бидуни таваҷҷӯҳ намемонад. Зеро ин минтақа манбаи қувваи иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи динҳои осмонӣ, бо изофа аз мақоми таърихиаш миёни пайравони ҳамаи динҳо мебошад.

Бо тааҷҷуб ба он, ки имрӯз сарзамини муноқишаҳо дар ин минтақа бо иттиҳоми ҳамдигар ба нажодӣ ва қабилавӣ якдигарро айбдор мекунанд, ки ин “суннӣ” ва он “шиа”, ин сахтрӯ ва он муътадил, дар дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ тавсеа мегирад.

  21-уми ноябри соли равон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон чорумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Таҳаввул ва такомули кинои Ҳиндустон ва таъсири он ба рушди кинои тоҷик» баргузор гардид.

Page 1 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/