wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Октябри 2018

   Нақши Мустафо Камол Отатурк дар таърихи Туркия хеле бориз аст. Номи ӯ дар қатори номҳои дигар шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, ба мисли Владимир Ленин, Ҷавоҳирлаъл Неру, Ким Ир Сэн ва ғайра дар саҳифаи таърих абадӣ ҷой гирифтааст.

   То ҳол, мардуми Туркия аз он мефахранд, ки миллати турк на аз роҳи пешгирифтаи халифати усмонӣ, балки модели рушду нумӯи аврупоиро пеша намудааст. Инчунин саҳми ин шахси зиндаёд басо воқеӣ буда, барои мардуми Туркия ӯ як шахсияти соҳибиродаву соҳибкасб ба шумор меравад.

Сешанбе, 23 Октябри 2018 10:37

Афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ

   23 - юми октябри соли равон дар Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-уми соли равобити дӯстӣ, 14-умин семинари илмӣ таҳти унвони "Афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ" баргузор гардид.

   Дар семинари мазкур нахуст директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо суханронӣ намуда, меҳмононро хайру мақдам гуфт. Ниёзӣ Ёрмаҳмад дар суханронии худ зикр намуд, ки “Шахсияти Маҳатма Гандӣ дар сартосарии таърихи ҷаҳон собиқа надорад ва шахсияти ӯ барои ҷаҳон улгуи инсони ҳақгӯву ҳақталош аст”.

   Олами тафаккури Мавлоно мисли уқёнуси бекарон аст ва барои шинохти ҷавҳари аслии таълимоти ин мутафаккир осори ӯро таҳқиқ бояд кард.

   Рӯзҳои 1920 октябр дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок ва тайи ду рӯз атрофи шахсият, осор, тафаккур ва паҳлуҳои таҳқиқнашудаи эҷодиёти Мавлоно баҳсу мунозираҳо доир намуданд.

    Мавриди зикр аст, ки дар Симпозиуми байналмилалӣ ғайр аз олимону муҳаққиқони Тоҷикистону давлатҳои хориҷӣ, инчунин ҳаводорони осори ин мутафаккири барҷаста иштирок намуданд. Толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар он Симпозиуми байналмилалӣ баргузор шуд, пур аз алоқамандони Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буд ва қисме аз иштирокдорон ҳатто рост истода, рафти симпозиумро мушоҳида мекарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Мавлоно ва осору таълимоти ӯ имрӯз низ алоқамандони зиёд дошта, моҳияту муҳимияти фавқулода касб кардааст. Махсусан дар замони бархӯрди тамаддунҳо, авҷи ифротгароиву тундгароии динӣ андешаҳои орифона ва таълимоти дар асоси арзишҳое, чун таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ бунёдёфтаи Мавлоно аз ҳарвақта бештар муҳимият пайдо намудаанд. Ин нуктаро аксари иштирокдорони ҳамоиш зимни суханрониҳои худ таъкид намуданд.

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 23 - уми октябри соли 2018 соати 10:00 ба муносибати 25 соли равобити дӯстӣ, 14-умин семинари илмӣ таҳти унвони "Афкори фалсафии  Маҳатма Гандӣ" баргузор мегардад.

   Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.

   Доктор Муҳаммадалии Музафарӣ оид ба факори фалсафии Маҳатма Гандӣ баромад хоҳад кард.

   Семинар дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок озод аст.

Page 1 of 5

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2018 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/