wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Ноябри 2018

Мусоҳиба бо Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ

   - Устод Шумо аз ҷумлаи он шахсиятҳои баруманди миллат ҳастед, ки тӯли фаъолияти беш аз 40 солаи худ мудом аз арзишҳои милливу асолати миллӣ ҳарф мезанед, дар ин замина таҳқиқоти комиле низ анҷом додаед. Баромадҳои Шумо дар телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мунтазам дар самти Ваҳдати миллӣ, асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ садо медиҳад. Лутфан бигӯед, ки тӯли фаъолияти худ аз даврони Шуравӣ то замони истиқлол ба кадом муваффақияту дастовардҳо ноил гардидед?

   - Аслан арзишҳои миллӣ бунёди аслии ҳар як миллат аст. Дар ин ҷаҳони густурдаву фишурда ҳар миллат зебоии худро дорад, рангу бӯи хоси худу фарҳанги худро дорад. Ҳар кадоме ба қадри захираву заминаи фарҳанги илмии худ дар тамаддуни ҷаҳон нақше дорад. Яке камтар ва яке бештар ва ҳар кадом аз инҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти худро дорад. Тамаддунҳое, ки кӯчӣ номида мешаванд, тамаддунҳое, ки ҳанӯз ҳам дар вазъияти хеле бозмондагии маданӣ қарор доранд. Маданияту фарҳанги ин қавмҳои гуногун, аз ҷумла қавмҳое, ки бо сабабҳои таърихӣ ва бо сабабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бо сабабҳои сиёсӣ қафо мондаанд, имрӯз ба ҳайси ҷаҳони сеюм шинохта шудаанд.

   Ба диққати донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзўи “Зиёиёне, ки Осиёро аз нав сохтанд” маҳфили илмӣ- оммавӣ баргузор менамояд.

  Он 30-юми ноябри соли 2018, соати 1400 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он авестошинос Бобоназари Ғаффор баромад хоҳад кард.

   Иштирок дар маҳфил озод аст.

   27 –уми ноябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

   Дар семинар директори Институт Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, ҳиндшиноси тоҷик, профессор Ҳабибулло Раҷабов, муҳаққиқи осору рӯзгори Мирзо Турсунзода, профессор Шоҳзамон Раҳмон ва дигар олимону пажӯҳишгарон иштирок ва суханронӣ карданд.

   Абдурраҳмони Ҷомӣ аз чеҳраҳои тобони адабу фарҳанги асри XV форс-тоҷик буда, дар баробари забони модарӣ ба забони арабӣ низ таълифоти зиёде дорад. Ба ин маънӣ, дар мақола асосан доир ба таъсири забони арабӣ ба эҷодиёти Ҷомӣ мулоҳизаҳои илмӣ баён ёфтаанду аз ҷониби муаллиф сабабҳои он баршумурда шудаанд. Муҳит во медошт, ки Ҷомӣ ба забони арабӣ шеър нависад, асарҳои илмӣ офарад. Агар «Баҳористон»-и адиб мутолеа шавад, мебинем, ки дар он васфи шуарою донишмандон ва зикри шоҳони араб зиёд аст. Ва ё «Нафаҳот ал-унс» пурра дар зикри суфиёни араб аст. Бо ба инобат гирифтани ин ҳама метавонем Ҷомиро то ҳадде шоири зулисонайн муаррифӣ намоем.

Page 1 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/