wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Феврали 2018
Чоршанбе, 28 Феврали 2018 11:11

Айнишиносӣ дар Ҳиндустон

   27-уми феврали соли равон, дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон, Сомнатҳ Гҳош, раиси ҷамъияти дустии Тоҷикистону Ҳиндустон, Ҳабибулло Раҷабов ва доираи васеи магистрону аспирантон ҳафтумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Айнишиносӣ дар Ҳинд» баргузор гардид.

1. САРЛАВҲА

(НАЗВАНИЕ ЗАГОЛОВОК)

Сарлавҳа бояд илмӣ бошад. Мухтасар. Бо назокат. Мавзӯъро инъикос намояд. Хонандаро ҷалб кунад. Дар сарлавҳа чанд калимае бошад, ки ба мазмуни мақола далолат кунад. Дарозии номи мақола бояд аз 10-12 калима нагузарад. Мисол: Оё тоҷикон фалсафаи миллӣ доранд? (5 калима); Мушкилоти ишқ аз дидгоҳи фалсафаи муосир. (6 калима); Буҳрони оиладорӣ дар Тоҷикистони имрӯза (5 калима);

   23 феврали соли 2018, дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони раёсати Донишгоҳи Имом Муҳаммад ибн Сауд, муовини ректори донишгоҳ доктор Муҳаммад ибн Саид аз-Заҳронӣ ва мушовир-сарпарасти кулли Сарраёсати ҳамкориҳои байналмилалии ин Донишгоҳ доктор Муҳаммад ибн Митъаб ал-Утайбӣ ҷаласа баргузор гардид. Ҳайатро сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибн Муҳаммад ал-Бодӣ ҳамроҳӣ мекард.

Душанбе, 26 Феврали 2018 11:13

Эълон! Cеминар: Айнишиносӣ дар Ҳинд

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад,  ки 27-уми феврали соли 2018 соати 10:00 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Айнишиносӣ дар Ҳинд» баргузор мегардад.

Page 1 of 5

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/