wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Марти 2018

   Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости, вазири корҳои хориҷии Австрия Карин Кнайссл изҳор доштааст, ки омодаанд, барои коҳиши ташаннуҷ миёни Россия ва Ғарб, ки дар заминаи «парвандаи Скрипал», рух додааст, миёнҷӣ шаванд,

   Ҳамчунин, ӯ таъкид намудааст, ки Австрия дипломатҳои Россияро хориҷ нахоҳад кард. Вазир истинод ба он кардааст, ки дар Вена Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мустақар аст ва ҳар панҷшанбе вохурии кишварҳои узв баргузор мешавад, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои байни Шарқ ва Ғарб, баррасӣ мегардад. Дар сурати хориҷ кардани дипломатҳои Россия гуфтугӯ ғайриимкон хоҳад гардид.

   Агар мо таърихи Наврӯзро мутоила кунем ва бархӯрди онро бо тамоми идеологияҳои муҳоҷим ва бегона баррасӣ кунем, ба ин натиҷа хоҳем расид, ки Наврӯз ҳамчун фарҳанг нигоҳдорандаи асолати миллии мо тоҷикону форсизабонон аст.

   Ин асолатро забон, урфу одату ҷашнҳо, шинохти табиат ва инсон, зебописандиву ахлоқи наку ва камолоти инсон, андӯхтани дониш ва касби таҷрибаҳо дар заминаи воқеияти табиию иҷтимоӣ, пайвастани илм ба ҷомеаи истеҳсоливу иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ, онро мо фарҳанги наврӯзӣ номгузорӣ мекунем. Маҷмӯаи ин вижагиҳо ҳамчун иммунитети миллии мо, то ба имрӯз ба тамоми идеологияю фарҳангҳои муҳоҷим муқобилият ва муқовимат карда, ҳувияти миллии моро нигоҳдорӣ мекунад. Чи хеле ки медонем, фарҳанг маҷмӯаи таҷрибаҳои фикрии як ҷомеа аст, ки дар тайи зиндагии иҷтимоӣ дар сохту созмони ҷомеа ташаккул ёфтааст ва дар айни ҳол ба он сохту созмон шакл медиҳад ва ба ин ҷиҳат марзҳои иҷтимоии он ҷомеаро бо ҷомеаи дигар маълум мекунад ва ҳамзамон, дар зимни бархӯрдҳои дохилӣ ва берунӣ таҷриба ҳосил карда, як наслро ба насли дигар дар асоси ин таҷрибаҳо ба ҳам пайваст мекунад.

Мусоҳиба бо шоир, нависанда ва таърихшинос Муҳтарам Ҳотам

Калимаи «тоҷик»-ро ба «тозӣ» мансубият додан хатост

- Маънои вожаи «тоҷик» барои ҳар фарди миллат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дошту ҳаст. Перомуни ин истилоҳ бисёр гуфтаанд ва гуфтании Шумо ҳамчун мутахассис чӣ аст? Вожаи «тоҷик» аз кадом аср маълуму пайдо гардидаву мавриди истифода қарор гирифта дар забони мардум роиҷ гардидааст?

   Мардуми форсу тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни қадим ва илму маърифат буда, дар тамоми соҳаҳои донишҳои инсонӣ, аз замонҳои пеш осори гаронбаҳое ба мерос гузоштаанд. Имрӯз ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни қадиму муҳими мардумони Осиёи Миёна қайд карда мешавад. Калимаи Наврӯз дар забони тоҷикӣ ба маънои рӯзи нав аст, ин калима то ба имрӯз ба ҳамин маъно дар байни халқиятҳои ҷаҳон маълум аст. [Ниг:2, 15-349].

   Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми тоҷик дар давраҳои гунонуни таърихӣ ба фарҳангу забон ва одобу русуми арабҳо таъсир гузошта, аз забону фарҳанги арабҳо низ баҳра бурданд [Ниг:11, 115].

Page 1 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/