wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Апрели 2018

   Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҷаҳон доман паҳн кардааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тамоми ҷаҳон тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бар зидди ин амали номатлуб мубориза бурда истодаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш намуда истодааст, ки ин ҷиноятҳои таҳдидкунандаи ҳаёту зиндагии инсониятро пешгирӣ намояд. Яке аз чунин давлатҳое, ки дар ин самт мубориза мебарад ва то андозае муваффақ ҳам шудааст, Туркия маҳсуб меёбад.

Душанбе, 30 Апрели 2018 10:38

ЭЪЛОН!

 

    Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 1 майи соли 2018 соати 10:00 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони «Шинохт ва арзиши Авасто дар ҷаҳони муосир» баргузор мегардад.

     Дар семинари илмӣ профессори Донишгоҳи Фаронса Рахом Аша дар мавзўи «Шинохт ва арзиши Авасто дар ҷаҳони муосир» суханронӣ хоҳад кард.

   Иштирок дар семинар озод аст.

   PS: Дар ҳамоиш иштироки кормандон, аспирантон ва магистрони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо  ҳатмист!

Ҷумъа, 27 Апрели 2018 06:24

Роҳнамо барои интихоби касб

   Матлаби зерин дар сомонаи www.japantimes.co.jp нашр шудааст, ки воқеияти бозори меҳнати Ҷопонро дар ҳоли ҳозир ва ояндаи наздик нишон медиҳад. Ин як раҳнамои хубест барои онҳое, ки дар андешаи интихоби касб ҳастанд ё касби худро дигар кардан мехоҳанд. Касби барномасозии компютерӣ имкониятҳои хуберо дар даҳсолаи оянда фароҳам оварда метавонад. Ҷопон ба IT-мутахассисон эҳтиёҷ дорад ва ин эҳтиёҷ дар даҳсолаи оянда ба маротиб зиёд мешавад. Ин имконияти хубест барои ҳамкории мутахассисони тоҷик бо ширкатҳои ҷопонӣ.

   Ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони фарҳангистони араб аз Институти фарҳангии Аморати Шориқа ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ устодон, мудирони шуъба ва аспирантону магистрон ҳузур доштанд.

   Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо кормандон ва сохтори Институтро ба меҳмонон муаррифӣ карда, зикр намуд, ки дар шуъбаи мамлакатҳои Шарқи наздик ва Миёна мутахассисоне фаъолият менамоянд, ки забони арабиро хуб медонанд. Инчунин, дар бахши аспирантура ва магистратура низ унвонҷӯён таҳсил мекунанд ва бевоста ба омӯзишу таҳқиқи забон ва фарҳанги арабӣ машғуланд.

Page 1 of 5

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/