wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Майи 2018

   Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев лоиҳаеро таҳти унвони Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё” пешниҳод намуд, ки мақсади он ҳамбастагии иқтисодии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, 10 октябри соли 2000 Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфт ва 30 майи соли 2001 баъд аз тасвиби давлатҳо он фаъолияти пурраи худро оғоз намуд.

Чоршанбе, 30 Майи 2018 06:09

Мақолаи илмӣ ва тарзи навишти он

   Пеш аз ҳама бояд муайян кард, ки мақолаи илмӣ чист. Мақолаи илмӣ як ё якчанд масъалаи ба ҳамдигар вобастаи ин ё он мавзӯъро дар бар мегирад. Метавон гуфт, ки мақолаи илмӣ як таҳқиқоти кӯчак оид ба мавзӯи маҳдуде мебошад.

   Мақолаи илмӣ бояд баррасии муаллиф, хулосаҳо ва тавсияҳоро дар бар гирад. Яъне мақолаи илмӣ пеш аз ҳама дорои навоварӣ буда, натиҷаҳои таҳқиқоти мақола на бояд қаблан нашр шуда бошанд.

   Масъалаи ҳимоя ва ҳуқуқи кӯдак дар ҳамаи давлатҳои дунё новобаста аз сохти идоракуниашон  яке аз мушкилоти рӯзмарра ба ҳисоб рафта, дар ҳалли он бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдор бошад.

   22-юми майи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузоршавии Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрӣ бо олимону муҳаққиқони мавлавишиноси Туркия баргузор гардид.

   Дар вохӯрӣ ноиби президенти намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA), Меҳмет Суреййа Йер, профессори Донишгоҳи Анқара Ҳиҷаби Кирлангич, профессори Донишгоҳи Кориккали, Аднан Кара Исмаилоғлу, директори минтақавии Қуния оид ба кор бо дастхатҳо Бекир Шаҳин, муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, шоир Аскар Ҳаким, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад, кормандони Институт ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва сухаронӣ намуданд.

Page 1 of 3

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/