wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Июни 2018

 Имрӯз ҳар як сокини кишварро таассуроти гуворо ба истиқболи 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллати тоҷик назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст. Имрӯз бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавон мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби мавқеи муҳими ҷуғрофии худ дар Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, дар меҳвари манфиатҳои геополитикии нерӯҳои муқтадири олам  қарор  гирифтааст. Бинобар ин, сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар минтақа ва ҷаҳон дунбол менамояд.

  Об манбаи ҳаёт буда, бидуни он зистан имконнопазир аст. Дар даҳсолаҳои охири асри XX ва аввалҳои асри XXI аҳолии курраи замин бо суръат меафзояд. Аз рӯи пешгӯйиҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) аҳолии ҷаҳон то соли 2040 ба нуҳ миллиард хоҳад расид. Айни ҳол тақрибан чаҳор миллиард нафар дар рӯи замин аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Масъалаи мазкур, ки яке аз муҳимтарин мушкилоти асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад, аз тарафои олимони соҳавӣ ва ғайрисоҳавӣ таҳлилу баррасӣ шудааст. Ин масъалаи баҳсталаб на танҳо олимони дунё, балки ҳар фарди ҷомеаро дар таҳлука андохтааст. Аз таҳлилҳо ва нишондиҳандаҳои илмии мутахассисон бармеояд, ки захираҳои оби нӯшокӣ ва маъданиро бояд ба низом харҷ намуд. 

   «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН

   Оре, Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате,  ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳори рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ то рафт меафзояд.

Page 1 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/