wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Августи 2018
Панҷшанбе, 30 Августи 2018 12:17

Ҷашни Ғалаба дар Туркия

   Ҳамасола, 30-юми август Ҷумҳурии Туркия иди бузурги миллӣ – Рӯзи Ғалаба ё Ҷашни Ғалаба (Zafer Bayramı)-ро ҷашн мегирад. Ин маросим дар Туркия бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад ва дар ин рӯз паради ҳарбӣ баргузор мегардад. Дар ҳама ҷой аксҳои Мустафо Камол Ататурк ва парчами миллии Туркия насб карда мешаванд.

   Агар ба таърихи Туркия назар андозем, аз замони иштироки Империяи Усмонӣ дар Ҷанги якуми ҷаҳон дар тарафи  Олмон, Австро-Венгрия ва Италия, ки оқибати он мамлакатро ба бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ оварда расонид, боиси имзои созишномаи сулҳи Мадрас гардид.  Бо ҳамин Империяи Усмонӣ аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хориҷ шуд. Дар натиҷаи шикаст Империяи бузург қисми зиёди ҳудудҳои минтақавиро аз даст дод. Дар аввали соли 1919 шумораи қӯшунҳои ишғолкунандаи иттифоқчиён дар Анадолу ва Фракия, ба ғайр аз юнониҳо ба 107 ҳазор нафар расида буд. 15 майи соли 1919 юнониҳо дар Осиёи хурд дар шаҳри Измир маскан гирифтанд. Шаҳри мазкур ва ҳудудҳои ба он тааллуқдошта, аз тарафи Юнон забт карда шуданд. Яке аз ғояҳои асосии Юнон он буд, ки мехост империяи Византияро барқарор намояд. Туркҳоро зарур омад, ки дар мубориза бо юнониҳо муқобилияти шадид нишон диҳанд. Муқобилияти онҳо дар таърихи Туркия “Ҷанг барои истиқлолияти Туркия” ном гирифтааст. Дар илми таърихшиносии Шуравӣ “Инқилоби туркӣ (Камолӣ)” ва ё “Ҷанги миллии озодихоҳи халқи турк” бо роҳбарии Мустафо Камол Ататурк (аз 19 майи соли 1919 то 29 октябри соли 1923) инъикос гардидааст.

    Таҷрибаи рушди инноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея ва имконияти истифодаи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «муъҷизаи иқтисодӣ»-и ин кишвар масъалаест, ки ҳанӯз ба таври васеъ омӯхта нашудааст. Кореяи Ҷанубӣ дар давоми татбиқи барномаи даҳсолаи панҷуми рушди иқтисоди худ ба нишондиҳандаҳои баланди суръати афзоиш (ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 30 ҳазор доллар) ноил гардидааст. Ин кишвар ба манбаъҳои маҳдуди захираҳои моддии худ нигоҳ накарда, бо такя ба захираҳои инсонӣ, ба дастовардҳои иқтисодӣ комёб шуда, соҳиби захираҳои бузурги асъор ва намунаи ибрат барои кишварҳои пешрафта гардидааст. Аз ҷумла, мӯъҷизаҳои нодири иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ, бо аҳолии бештар аз 50 млн. нафар, ба Тоҷикистон низ таъсир карда, боиси он гардидааст, ки ташаббусҳои нави стратегии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва блоки иқтисодии Ҳукумат ҳамаҷониба ва ба таври ҷиддӣ ба тағйирдиҳии рейтинги иқтисодии Тоҷикистон дар минтақа барои соли то 2020 ва баъди он нигаронида шавад.

   Шарқшиноси машҳури рус Шишов Александр Поликарпович (15.12.1860 – 30.05.1936) агарчи муҳаққиқи таърих ва этнография набуд, ба ҳар ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузоштааст.

   Бояд гуфт, ки А. Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Русия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар – аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якуми Туркистон дар шаҳри Тошканд кор кардааст.

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 28 - уми августи соли 2018 соати 10:00 ба муносибати саҳми назарраси собиқ сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпаӣ дар фарҳанг ва адабиёти Ҳинд таҳти унвони «Саҳми Атал Биҳари Ваҷпаӣ дар фарҳанг ва адабиёти Ҳинд» семинари илмӣ баргузор мегардад.

Page 1 of 4

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/