wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Феврал 2019
   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 1 - уми марти соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони «Санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ» семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Интизор меравад, ки дар он устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, Мисбоҳиддин Нарзиқул дар мавзўи «Санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ» баромад намояд.
   Семинар дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
   Дирӯз, 26 уми феврали соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити муосир» мизи мудаввари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш котиби илмии Академияи илмҳо, Қосимшо Искандаров, директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвар Дилшод Қодиров, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳом Камолзода, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариддун Бобозода, олимон ва пажӯҳишгарон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Душанбе, 25 Феврал 2019 04:27

ЭЪЛОН!

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди он” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд.

   Татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва таммоюли он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардум таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд.

   Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Page 1 of 2

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/