wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Март 2019
   Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо»-ро таъсис дод, ки дар он мақолаю тақризҳо ва ахбори илмӣ дар бахши омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ба табъ мерасанд. Маҷалла мақолаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пазируфта, ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.
   Ходимони илмии институт ва ҳамаи муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишварро, ки дар самтҳои номбурда кор мекунанд барои ҳамкорӣ даъват мекунем.
   19 уми марти соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маърифатӣ - фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз таҳти унвони “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш ҷашнӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Мирзо Муллоаҳмад сарходими илмии Институти мазкур, профессор Хоҷамуродов Олимҷон ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва суханронӣ намуданд.
   Қавму миллатҳои ҷаҳон бо доштани фарҳангу тамаддун, ҷашну маросим бозгу ва эҳёгари ҳуввияти миллӣ мебошанд. Ҳар як миллат талош мекунад, то ин ташаххусотро зинда нигоҳ дошта, онҳоро рушд диҳад. Мавриди зикр аст, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои ориёнажодон ба шумор рафта, мутобиқи тақвими солшумории шамсӣ ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар мешавад, ки оғози сол аст. Соли 2010 Наврӯз бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа расман зери қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 19 –уми марти соли 2019 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба иди Наврӯз таҳти унвони “НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ВА ҶАҲОНӢ” баргузор мегардад.
   Дар ҳамоиш ҷашнӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
   Инчунин, гуфта мешавад, ки дар он академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон дар мавзўи “Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор”, мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар мавзўи “Рамзҳои Наврӯз”. сарходими илмии  Институти мазкур профессор Хоҷамуродов Олимҷон дар мавзўи “Наврӯз дар Эрон” ва дигар олимону пажўҳишгарон суханронӣ хоҳанд намуд.
   Семинар дар толори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва  ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ аз соати 10:00 то 12:30 давом карда, иштирок дар он озод аст.
Page 1 of 3

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove