wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Апрел 2019
Сешанбе, 23 Апрел 2019 04:03

Олими арабшиноси тоҷик

   Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми пешгирифтаи сиёсати дарҳои бози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик ба қатори дигар соҳаҳои кишвар рӯ ба инкишоф ниҳода, дастовардҳои олимони моро дар риштаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ-риёзиву фанҳои ҷамъиятшиносӣ берун аз Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор медиҳанд ва донишмандони мо аз осори офаридаи донишмандони соҳаҳои гуногуни хориҷӣ хуб огаҳӣ доранд.
   (Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба чангу ғубор ва масоили мубрами он. Тоҷикистон. Душанбе 8-12 апрели 2019)
    Ҷаҳонишавӣ падидаи нав дар замони муосир буда, ҳамаи кишварҳои оламро барои ин ё он масоил сари гуфтушунид ё  музокирот мешинонад.  Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва соҳибихтиёр талош дорад, то масоили мубрами сайёраро сари вақт бо тамоми кишварҳои олам баррасӣ ва мавриди музокирот қарор диҳад.

   Бо ҳамин ҳадафу мақсад  Президентьи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ ба парлумони мамлакат доштани  сиёсати «дарҳои боз»-ро як гоми муҳим барои баррасӣ ва шинохти  масоили мубрами ҷаҳон ва минтақа  арзёбӣ намудаанд. Бо ин роҳ аҳли сайёра метавонанд роҳҳои ҳалли мушкилотро зудтар пайдо кунанд ва барои бартарафсозии онҳо машварату пешниҳодҳои муфид манзур намоянд.

   Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иттилоъ медиҳанд, ки 28 –уми июни соли 2019 Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми академик Бартолд В.В. дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
Сешанбе, 09 Апрел 2019 08:52

РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ДАР ОЛМОН

   Муҳоҷират яке аз мушкилотҳои асосии мамолики дунё маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷират бештар дар давлатҳои Ғарб, ба вижа дар Аврупо, Амрико ва Канада ба назар мерасад. То ҷое, ки коршиносони соҳа масъалаи мазкурро дар пажӯҳишҳои худ нишон доданд, зимни муҳоҷират рӯз ба рӯз бархӯрдҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба миён меоянд. Ин масъалаи муҳим ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, сайёраи Заминро ба таҳлука андохтааст. Зимнан қайд намудан ба маврид аст, ки ба раванди ин мушкилот ба низоми ҷаҳонишавӣ низ таъсирии худро гузошта метавонад. Роҷеъ ба ин масъала мо паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо дар яке аз давлатҳои абарқудрати Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) таҳлил намудем.
   Имрӯз Олмон дар олам яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаи муҳоҷират буда, пас аз ИМА аз рӯи омори муҳоҷиратӣ, ки ба кишвар ба муддати дароз меоянд, дар мақоми дуюм меистад. Тақрибан 20 % аҳолии Олмон муҳоҷир ё наслҳои онҳо ҳастанд.
Page 1 of 2

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove