wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Май 2019
   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Равандҳои муосири иҷтимоиву сиёсии Ҷумҳурии Қазоқистон” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд.
   Мизи мудаввари илмӣ 17 майи соли 2019 соати 10:00 дар Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ширкат дар он озод аст.
   Дар назар аст, ки дар он ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва оид ба ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди он суханронӣ намоянд.
 Робитаҳои иқтисодии ду давлати ҳамҷавор Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин таърихи хеле қадима дошта, шоҳроҳи бузурги Абрешим чун пайвадгари ин робитаҳо дар тўли таърих ба ҳисоб мерафт.
    Бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-уми майи соли 2019 дар толори Академияи илмҳо Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони муассасаҳои илмию таълимии Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
    2-юми майи соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳақиқони дохиливу хориҷӣ Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” баргузор гардид.
   Дар Кофнронси мазкур масъалаҳои таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун модели сулҳофаринӣ барои кишварҳои буҳронзада, раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронзадаи Афғонистон, Сурия, Ироқ, Фаластин ва Яман, нақши қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ташкили музокироти сулҳи Афғонистон, ҷараёни ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат ва минтақавӣ дар раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронии Шарқи Наздик, ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои минтақа ва таҷрибаи мавҷуда алайҳи терроризм ва экстремизм, мақом ва ҷойгоҳи СММ дар раванди сулҳофаринӣ дар ҷаҳони муосир, омилҳои дохилӣ ва берунаи низоъ дар кишварҳои Шарқи Наздик: мушкилоти шинохт ва ташхиси он, таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити муосир, сиёсати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти ҳалли низоъҳои дохилии давлатҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ва ҷойгоҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҳалли низоъ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Page 1 of 2

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove