wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

МАВЛАВӢ - ШОИРИ МИЛЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

   Ман ба таблиғи рисолат омадам,

   То раҳонам ман шуморо аз надам.

                                                     Мавлавӣ

    Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯйи кор омадани сулолаҳои бегонаи турктабор рӯҳи миллӣ, ки дар замони Тоҳириён, Саффориён, ба вижа Сомониён, зиндаву эҳё ва ба авҷ расида буд, ба заъф мегарояд. Маҳмуд ва ҳамфикрони ӯ бар зидди Фирдавсӣ, ки зиндакунандаи рӯҳи миллӣ ва эҳсоси ватандӯстона буд, мебароянд ва барои он ки нақшу мақоми шоҳкори ӯ «Шоҳнома» - ро бикоҳанд ва билкул аз байн бибаранд, даст ба фирдавсиситезӣ мезананд. Хусусан шоирони дарбори ӯ - Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон ба иншои достонҳои ба истилоҳ ҳаммосавӣ, аз ҷумла «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома», «Маҳмуднома» ва ғайра, мезананд ва ба таври ошкоро ба Фирдавсӣ ва рӯҳи миллӣ метозанд. Аммо бо ин ҳама кӯшиш наметавонанд рӯҳи миллиро аз байн бибаранд. Баръакс, «Шоҳнома» беш аз пеш дар байни мардум шуҳрат меёбад ва Фирдавсӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ҳатто иншои китоби «Умарнома», ки дар муқобили «Шоҳнома» навишта мешавад, наметавонад мардумро аз «Шоҳнома» ва шоҳномахонӣ дур созад, рӯҳи диниро ҷойгузини рӯҳи миллӣ намояд. Ба ҳарфи дигар, бегонагон, аз ҷумла Маҳмуд ва ҳамандешони ӯ, натавонистанд, ки рӯҳи миллиро шикаст диҳанд ва онро яксар аз миён бардоранд. Ба ин маънӣ, аллома Шиблии Нӯъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» чунин менависад: «Бояд донист, ки барои қабули оми «Шоҳнома» дар ин аср (асри нуфузи диёнати ислом) мавонеи зиёде даркор будааст… Чунонки ҳамон вақт китобе дар ҷавоби «Шоҳнома» бо исми «Умарнома» таълиф гардид, ки муаллифи он дар дебоча дар баёни сабаби таълифи он китоб менависад, ки чун Фирдавсӣ як силсила афсонаҳои Аҷамро ҷамъ кардаву китобе ба номи «Шоҳнома» интишор додааст, лизо, ман ин китобро дар ҳолоти халифаи дувум менависам, то таваҷҷуҳи мардумро аз хондани «Шоҳнома» мунсариф сохтаву ба мутолиаи ин китоб машғул созам… Вале, ба вуҷуди ҳамаи инҳо, натиҷа ин шуд, ки аз Хуросон гирифта то Бағдод, аз тамоми дару девор садои «Шоҳнома» баланд будааст. Дар тақризу таҳрир, таснифу таълиф, хилвату ҷилват, кӯчаву бозор ва билохира, аз ҳама ҷо ғайр аз «Шоҳнома» замзамаи дигар шунида намешуд. Мардум, вақте ки аз кор фориғ мешуданд, даври ҳам ҷамъ шуда, аз миёни онҳо як нафар соҳибовоз ашъори «Шоҳнома» - ро аз ҳифз мехонд ва шуҷоату диловарӣ ва ҳубби Ватану ҷонбозӣ ва фидокориву ғайрату ҳиммат ва соири хасоил ва сифоти истиқлолталабонаи он як таъсири намоёне бар аҳли маҷлис мебахшид. Салотину умаро то чандин қарн ашъори «Шоҳнома» - ро дар макотиби худ ба муносибате шоҳид овардаву мурсилоти худро ба он зинат медоданд. Дар мавқеи ибрози шуҷоату диловарӣ ба таккаллуф мутаранним ба ашъори «Шоҳнома» мешуданд. Дар майдони байни ҷанг ба ҷои раҷаз «Шоҳнома» мехонданд. Туғрал - охирин султони салҷуқӣ, дар майдони ҷанг машғул ба пайкор буд ва ӯ, то вақте ки ҷон дод, ин ашъори «Шоҳнома» аз забонаш ҷорӣ будааст:

   Ман он гурзи якзахм бардоштам,

   Сипаҳро ҳамон ҷой бигзоштам.

   Чунон бархурӯшидам аз пушти зин,

   Ки чун осиё шуд парешон замин».1

Муфассал ...

محفل مولانا در تاجیکستان

 ما به این محفل صفای روزگار آورده ئیم،

اهل علم و فضل را از هر دیار آورده ئیم.

شاد بادا روح پاک شمس و مولانای روم،

درد عشق بی کران را در کنار آورده ئیم.

شرق و غرب عالمی افسرده از فصل خزان،

ما پیام سبزه و گل از بهار آورده ئیم.

زندگی گر گوهر یکتاست بهر آدمی،

ارزش والای آن را چون شعار آورده ئیم.

مست جام عشق را رفص و سماع زیبنده باد!

چون که با یاد رخ و زلف نگار آورده ئیم.

محفل ما ای عجب دارد نشان از صلح کل،

بهر اثباتش دلیل بی شمار آورده ئیم.

زنده بادا یادبود اهل شعر و عاشقی،

شعر کامل را به رسم یادگار آورده ئیم.

 

 کامل بیک زاده

 کارمند پژوهشگاه آموزش مساله های کشورهای آسیا 

 شهر دوشنبه، جمهوری تاجیکستان

 

Муфассал ...

МАҲФИЛИ МАВЛОНО ДАР ТОҶИКИСТОН

Бахшида Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно-васлгари халқҳо ва тамаддунҳо»

 

    Мо ба ин Маҳфил сафои  рӯзгор  овардаем,

    Аҳли  илму  фазлро  аз  ҳар  диёр  овардаем.

    Шод  бодо  рӯҳи  поки  Шамсу  Мавлонои  Рум,

    Дарди  Ишқи  бекаронро  дар  канор  овардаем.

    Шарқу  Ғарби  оламе  афсурда  аз  фасли  хазон,

    Мо  паёми  сабзаву  гул  аз  Баҳор  овардаем.

    Зиндагӣ  гар  гавҳари  яктост  баҳри  одамӣ,

    Арзиши  волои  онро  чун  шиор  овардаем.

    Масти  ҷоми  ишқро  рақсу  самоъ  зебанда  бод!

    Чунки  бо  ёди  руху  зулфи  нигор  овардаем.

    Маҳфили  мо,  эй  аҷаб,  дорад  нишон  аз  Сулҳи  кул,

    Баҳри  исботаш  далели  бешумор  овардаем.

    Зинда  бодо  ёдбуди  аҳли  Шеъру  Ошиқӣ,

    Шеъри  Комилро  ба  расми  ёдгор  овардаем.

 

 

Комил Бекзода,

сарходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

 

Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/