wrapper

Хабарҳо

   Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо»-ро таъсис дод, ки дар он мақолаю тақризҳо ва ахбори илмӣ дар бахши омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ба табъ мерасанд. Маҷалла мақолаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пазируфта, ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.
   Ходимони илмии институт ва ҳамаи муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишварро, ки дар самтҳои номбурда кор мекунанд барои ҳамкорӣ даъват мекунем.
   ҚОИДАҲОИ НАШРИ МАҚОЛАҲО БАРОИ МУАЛЛИФОН
  Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маҷалла мақолаю тақризҳо ва ахбор дар бахши омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка ба табъ мерасанд.  Маҷалла мақолаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пазируфта, ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.
    ТАЛАБОТИ ТАРТИБ ДОДАНИ ДАСТНАВИСҲО
   Муаллиф дастнависро ба забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ пешниҳод мекунад. Фишурдаи мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд пешниҳод гардад, ки ҳаҷми он набояд аз 1 саҳифа беш бошад. Матни мақола бояд дар принтер бо ҳуруфи андозаи 14 дар як рӯяи коғази сафеди андозаи стандартӣ (А4) чоп шуда, ҳар саҳифаи навишта бояд аз 28 сатр (бо шумули замима ва ҳошияҳо), зиёд набошад. Ҳошияҳои дастнавис: аз боло ва поён – 2,5 см, аз чап ва рост – 3 см. Андозаи фосилаи байни сатрҳо – 0,5 см.  
   Ба дастнависҳо замима мегарданд:
   а) маълумот роҷеъ ба муаллиф (ном, номи падар, номи хонаводагӣ, дараҷаи илмӣ, унвон, ҷои кор, вазифа, нишонии ҷои зист, шохис (индекс)-и шуъбаи почта, шумораҳои телефони хона ва кор, нишонии почтаи электронӣ (агар мавҷуд бошад);
   б) Мақола дар компютер чоп шуда, ҳамроҳ бо нусхаи электронӣ пешниҳод мешавад, ки дар он маводди муаллиф ба сурати парванда дар вожапардози Word анҷом шудааст; агар ҳуруфи лотинӣ ё дигар аломатҳо истифода шуда бошад, бояд онҳо бо нишондоди номашон ирсол гарданд.
    Ҳадди ниҳоии дастнавис:
   мақола – то 14 саҳифа, фишурдаи мақола - 1 саҳифа;
   тақриз – то 6 саҳифа;
   китобиёт – то 4 саҳифа;
   ахбор ва рӯйдодҳои илмӣ – то 5 саҳифа.
   Сарлавҳаи мақола бо ҳарфҳои хурд ва аз матн бо фосилаи се сатр ҷудо карда мешавад.
   Иқтибосҳо бо сарчашма дақиқ муқоиса карда шуда, дар охири саҳифа асли онҳо аз ҷониби муаллиф оварда мешаванд.
   Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо – нахуст ба хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ оварда мешавад; осори як муаллиф дар тартиби хронологӣ дарҷ мешавад) бо шуморагузорӣ ва нишон додани маълумоти зайл оварда мешавад:
   а) барои китобҳо – ному насаби муаллиф, номи пурраи асар, шаҳр ва соли нашр, теъдоди умумии саҳифаҳо мисли:
  1. Муллоаҳмадов М. Осори эроншиносӣ, ҷ.1, Душанбе: Дониш, 2018, 563 с.
  2. Мардонӣ Т. Слово об Абуали ибн Сина. Исследования и переводы, Душанбе: Дониш, 2018, 375 с.
   б) барои мақолаҳо – ному насаби муаллиф, номи пурраи мақола, номи маҷмӯаи мақолаҳо, китоб, рӯзнома, макони нашр, шаҳр (барои китоб), сол ва шумораи рӯзнома, маҷалла, мисли:
  1. Мирзоев Н. Ҷойгоҳи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон // «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» 2018 № 4, с. 112-116
  2. Раҷабов Ҳ. Тасвири бархӯрдҳои мазҳабӣ дар ҳикояи Иброҳим Ҷалис “Ғуломи озод” // Илм ва ҷомеа”, № 2 (10), 2018, с. 70-78
   Дар дохили матн истинод ба манбаъ дар дохили қавси мураббаъ дода шуда, аз ҳам тавассути вергул ҷудо карда мешавад, мисол: [1, 75]; шумораи саҳифаҳои иқтибос бо воситаи вергул ё тире нишон дода мешавад, мисол: [2, 72-80].
   Дар мақола аз тарафи муаллиф ё муаллифон бояд имзо гузошта шавад.
   Дастнавис бояд бодиққат хонда шуда, бидуни ғалат пешниҳод гардад.
   Дастнависҳое, ки бидуни риояи талаботи мазкур таҳия шудаанд, баррасӣ намешаванд.
   Ҳайати таҳририя дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад мақоларо кӯтоҳ, таҳриру ислоҳ кунад ва ё ба муаллифон ҷиҳати ислоҳ баргардонад. Муаллифон пас аз саҳифабандии мақола онро хонда ризояти худро барои чоп ба таври хаттӣ тасдиқ мекунанд.
   Масъулияти ақида ва муҳтавои мақолаҳо бар дӯши муаллифони онҳост.
   Нишонии мо:  шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ-33, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷраи 13, идораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо», тел.: (+992 37) 2210572.
   Сомонаи мо: www.osiyoavrupo.tj;
   E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.    
 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/