wrapper

Хабарҳо

Китобҳо

ИНТИШОРИ КИТОБИ ОЛИМИ ТОҶИК ДАР ОЛМОН

   Нашриёти академии Ламберти Олмон (LAMBERT Academic Publishing) моҳи марти соли равон, китоби доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии То-ҷикистон, устод Мирзо Муллоаҳмадро таҳти унвони «Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем…» бо теъдоди зиёд ва дар ҳаҷми 20 ҷузъи чопӣ интишор намуд.

Муфассал ...
Хондан 401 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/