wrapper

Хабарҳо

   Нашриёти академии Ламберти Олмон (LAMBERT Academic Publishing) моҳи марти соли равон, китоби доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии То-ҷикистон, устод Мирзо Муллоаҳмадро таҳти унвони «Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем…» бо теъдоди зиёд ва дар ҳаҷми 20 ҷузъи чопӣ интишор намуд.

   Дар китоби мазкур масоили ахлоқӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мавриди баҳс қарор қарор гирифтааст.Муаллиф бар он ақида аст, ки яке аз сабабҳои мондагории ҳамосаи бузурги Фирдавсӣ дар он аст, ки шоир андешаҳои муҳими ахлоқиро ки имрӯз ҳам арзиши худро дар ҷомеа бо гузашти ҳазорсолаҳо гум накардаанд,ба таври васеъ ифода кардааст.

   Ба қавли муаллифи китоб,олими маъруфи тоҷик Мирзо Муллоаҳмад, меъмори кохи баланди назми ноби дарӣ Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволаш «Шоҳнома» бо панду андарзҳо, насиҳату раҳнамоиҳо саъй варзидааст, ки рӯҳи худшиносии ҳамнавъонро бедор намояд,онҳоро ба шоҳроҳи одамият раҳсипор созад. Инсон бояд бо донишу биниши саҳеҳ, фазлу адаб, ахлоқи нек ва шинохти рисолати таърихии хеш мақоми волояшро дар зиндагӣ ишғол карда тавонад.

Мухбирҷон Кенҷаев

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/