wrapper

Хабарҳо

  Сармояи Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон: 47,4 млн доллар 4-уми июли соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҳамоиши ҷашни дар мавзӯи «Тоҷикистону Ҳиндустон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид.

 Дар ҳамоиш сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гҳош, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҷаноби Мирзошариф Ҷалолов, директории Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, коршиносон ва донишмандону рӯзноманигорон ширкат доштанд.

Сараввал директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо баромад карда, меҳмонон ва ҳозиринро шодбош намуд. ӯ қайд намуд, ки робитаҳои мутақобилаи халқҳои тоҷику ҳинд таърихи тӯлонӣ дорад ва дар гузашта робитаҳои ин халқҳои решапайванд дар доираи давлатҳои гуногун сурат мегирифт: «Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар зарфи 25 соли гузашта ҳамкорӣ ва иҷрои барномаҳои зиёди муштаракро имтиҳон ва озмоиш намуданд. Ин ҳамкориҳо, аз кумаки Ҳиндустон ба бахши омӯзишу парвариш, нигаҳдории тандурустӣ, ворид намудани фановариҳои муосир оғоз шуда, сармоягузориҳои мустақимро низ дар бар мегирад».

Ё. Ниёзӣ қайд намуд, ки то кунун ҷониби Ҳиндустон барои бахшҳои мухталифи соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳарбӣ дар омодасозии мутахассисон кумак менамояд.

«Барномаи омодасозии мутахассисон ва давраҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳаҳои мухталифи давлатӣ аз ҷониби Ҳиндустон ҳамчунон идома дорад. Ҳиндустон дар омода намудани мутахассисони техникӣ ва забондон барои Вазорати дифои Тоҷикистон низ зарфи солҳои гузашта кумаки муҳим намудааст»,- илова намуд Ёрмаҳмад Ниёзӣ.

ӯ дар охир бо изҳори умедворӣ қайд намуд, ки дар даҳсолаи оянда бо дарназардошти имконияти мавҷуда рушди ҳамкориҳо ба дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда мешавад

Баъдан сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимианд: «Дар давоми солҳои зиёд ташрифҳои мунтазами роҳбарони давлатҳо ба густариш додани робитаҳо мусоидат мекунад».

Ӯ ҳамчунон қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза метавонад барои рушди иқтисодёти ҳарду кишвар таъсиргузор бошад.

Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов дар навбати худ қайд намуд, ки тиҷорати байни ду кишвар дар соли сипарӣ шуда 23,8 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, маҳсулоти асосии мавриди тиҷорат: аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон доруворӣ, матоъ ва сару либос ва аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳои минералӣ мебошад. Ба иттилои ӯ сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 млн долларро ташкил додааст, ки аз он 24,4 млн сармояи мустақим мебошад: “Дар дигар соҳаҳо – илм, фарҳанг, мудофиа ва ғайраҳо муносибатҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Аз ҷумла, байни идораҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, ки ҳар сол гузаронида мешаванд. Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм низ байни ду кишвар фаъол мебошад”.

М. Ҷалилов илова намуд, ки дар навбати худ, доираҳои ватании моро зарур аст, бештар болои фарҳанги кор (business culture) бо тоҷир ва сармоягузорони хориҷии худ кор баранд. Дақиқтар гӯем, забондонӣ, ошноӣ бо расму таомули соҳибкории роиҷ дар тиҷорати байналмилалӣ, ошноӣ бо тартибу низоми шаклгирифтаи тиҷорату сармоягузориҳои байналмилалии худро такмил диҳанд.

Ҳамчунин, дар рафти ҳамоиш доктори илмҳои иктисод, профессор Ҳоҷимаҳмад Умаров дар мавзӯи «Муносибатҳои савдою иқтисоди Тоҷикистону Ҳиндустон» гузорши муфассал ироа намуданд.

Дар охир байни меҳмонон ва ҳозирин суолу ҷавоб оид ба муносибати Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт ва ҳозирин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Последнее изменение Душанбе, 13 Ноябри 2017

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/