wrapper

Хабарҳо

    Пойдевори муносиботи дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Туркманистон бо назардошти манфиатҳои ҳарду давлат асос ёфтаанд. Робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ муваффақона густариш ёфта, соли 2017 он ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Ин матлаб имрӯз зимни ҳамоиш, ки дар иртибот ба 25-солагии барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.

    Созмондиҳандагони ҳамоиш Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ширкат доштанд.

    Дар ҳамоиш муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Сафири Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев, директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, раиси ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон Давлат Куллаков ва дигарон доир ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар зарфи 25 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ сухан карданд.

    Зикр гардид, ки пойдевори сиёсии муносиботи Тоҷикистон ва Туркманистон 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуда, дар зарфи 25 соли барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ду мамлакат муносибатҳои дӯстонаро бар асоси эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои шарикии баробар ба роҳ мондаанд.

    Таъкид гардид, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Туркманистонро беш аз 70 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, назири сиёсат, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия ба танзим медароранд. Сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки моҳи ноябри соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, дар тавсеаи равобити дуҷонибаи ҳар ду давлат саҳифаи нави ҳамкории судманд боз намуд. Зимни ин сафар 13 санади нави байнидавлатӣ ба имзо расонида шуд, ки он ба дурнамои тақвияти ҳамкории ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

    Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба тақвияти ҳамкории минтақавии ду давлат, татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии минтақавӣ, нақши ду мамлакат дар таъмини амнияти минтақа, хусусан Афғонистон ва дурнамои неки равобити ҳасанаи ҷонибҳо табодули назар карда шуд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/