wrapper

Хабарҳо

   Рӯзи 30-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи Мавлоно” ҷашн гирифта мешавад.  Ба ин муносибат дар толори Академияи илмҳо Конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Мавлоно:осор, афкор ва забон” баргузор гардид.

   Сухани ифтитоҳиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин  рӯзи фархунда шодбош гуфт ва   Ҷалолиддини Балхиро яке аз шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги тоҷикистонӣ номид, ки дар  Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, бо осори пурарзишу ваҳдатофараш  мақбули ҷаҳониён гаштааст.

 

     

   Роҷеъ ба осори гаронарзиш ва афкори созандаву худшиносанда, инчуни вижагиҳои илмиву бадеӣ ва лексикиву забонии Ҷалолиддини Балхӣ маърӯзаҳои хубу хотирмон аз ҷониби профессор Раҳматуллозода Сахидод,  Мирзоҳасан Султонов, Рустами Ваҳҳоб, Франсис Ришард ва сурудхониву  қироати шеър аз Ҳунарпешаҳои  мардумии  Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон  ва  Ортиқи Қодир, инчун шеърхонии аспирантону магистрон бо шавқу завқи баланд шунида шуд.
Маҷлиси ифтитоҳӣ бо  саволу ҷавоб ва натиҷагирӣ ба итмом расида, бахшҳои он баъди нисфирӯзӣ дар Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ идома ёфт.

 Бознашр аз сомонаи

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(http://anrt.tj/)

Последнее изменение Душанбе, 01 Октябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/