wrapper

Хабарҳо

   Нақши Мустафо Камол Отатурк дар таърихи Туркия хеле бориз аст. Номи ӯ дар қатори номҳои дигар шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, ба мисли Владимир Ленин, Ҷавоҳирлаъл Неру, Ким Ир Сэн ва ғайра дар саҳифаи таърих абадӣ ҷой гирифтааст.

   То ҳол, мардуми Туркия аз он мефахранд, ки миллати турк на аз роҳи пешгирифтаи халифати усмонӣ, балки модели рушду нумӯи аврупоиро пеша намудааст. Инчунин саҳми ин шахси зиндаёд басо воқеӣ буда, барои мардуми Туркия ӯ як шахсияти соҳибиродаву соҳибкасб ба шумор меравад.

    Мустафо Камол дар шаҳри Салоники Юнон ба дунё омадааст, ки он замон минтақаи мазкур аз ҷониби Империяи усмонӣ идора карда мешуд. Пас аз шароити душвори зиндагии овони кӯдакӣ, камбағалӣ ва марги бармаҳали падар ӯ аввал ба мактаби ҳарбӣ, сипас ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ  ва дар охир  ба Академия ҳарбии усмонӣ, ки дар шаҳри Истанбул воқеъ буд, дохил мешавад. Ба ғайр аз омӯзиши низоми ҳарбӣ, вай мустақилона ба хондани асарҳои Руссо, Волтер Гоббс ва дигар донишмандону файласуфон машғул буд. Дар айёми мактабхониаш аз муаллимаи математика тахаллуси “Камол” –ро гирифтааст, ки минбаъд тахаллуси асосии ӯ гашт. Замони дар Академияи ҳарбӣ хонданаш бо дипломат Али Фатҳи Оқёр ошноӣ пайдо мекунад ва номбурда Мустафо Камолро бо китобҳои мамнӯи Иброҳим Шиносӣ ва Намик Камол муаррифӣ менамояд, ки боиси пайдо гардидани ақидаву ғояҳои ватандӯстӣ ва соҳибистиқлолии миллӣ дар Камол Отатурк мегарданд.

   Таназзули иқтисодиёт, беҳуқуқии сиёсӣ, фишори сармояи хориҷӣ ва дигар омилҳо сабаби дар ҷавонон кӯшиши пайдо намудани роҳи халосиро аз шароити ба вуҷудомада, оварда расонид. Тавре қайд шуд, асару китобҳои мамнӯи шоиру нависандагони он замон ба монанди Иброҳим Шиносӣ, Намик Камол, Зиё-пошо, Тавфиқ Фикрат ва дигарон дар ҷавонон сабаби пайдоиши ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ гаштанд. Дар ин самт нақши асосии қӯшунҳои ҳарбӣ назаррас аст, чунки дар Туркияи онвақта қӯшуни ҳарбӣ, яке аз шохаҳои асосии мутамарказонидашудаи ҳокимият ба шумор мерафт. Зиёиёни ҳарбӣ яке аз аввалинҳо шуда, маҳфилу гурӯҳҳои пинҳонкорӣ ташкил карда буданд, ки дар охир ба ташкилоти пинҳонии туркҳои ҷавон- “Ваҳдат ва рушд” шомил мегарданд.

   Ҳангоми таҳсил намуданаш Отатурк ва ҳаммаслаконаш ҷамъияти пинҳонкорӣ таҳти унвони “Ватан” –ро ташкил карданд, ки асоси он хусусияти инқилобӣ дошт. Сабаби ташкил намудани чунин ҷамъият дар он буд, ки дар Империяи усмонӣ бӯҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ ба миён омада буд. Шӯришҳои бавуқӯъомада бо як ваҳшоният аз тарафи ҳарбиён пахш карда мешуд. Дар он замон Империяи усмонӣ бо Россия меҷангид, ки дар натиҷа, туркони усмонӣ ба талафотҳои бисёр дучор шуданд ва инчунин, ҳудудҳои ишғолкардаашон аз даст рафт.

   Аз сабаби нофаҳмиҳои бамиёномада бо дигар аъзоёни ҷамъияти “Ватан” Камол Отатурк ба Кумитаи иттифоқ ва тараққиёт, ки бо ҷамъияти туркҳои ҷавон ҳамкорӣ менамуд, ҳамроҳ мешавад. Отатурк бо ашхоси намоёни ҷамъияти туркҳои ҷавон шинос буд, вале дар табаддулоти соли 1908 иштирок надошт.

   Камол Отатурк, ки пештар олмониҳоро таҳқир мекард, дар вақти саршавии Ҷанги якуми ҷаҳон ба фикру ақидаҳои шахсиаш нигоҳ накарда, сарбозони ба ӯ бовардоштаро роҳбарӣ менамуд. Дар яке аз муҳорибаҳои назди Галлиполи, ӯ зидди қӯшунҳои ҳарбии бритониёиҳо беш аз як моҳ муқобилият нишон медиҳад, ки дар охир тахаллуси “Наҷотдиҳандаи Истанбул” – ро гирифтааст.

   Дар ҷараёни Ҷанги якуми ҷаҳон эҳтимолияти хатари барҳам хӯрдани Туркия ҳамчун давлат ба миён омада буд. Лекин халқи турк аз мамлакати харобгардида, давлати худро бо роҳбарии Мустафо Камол Отатурк барқарор намуданд, ки “камолистчиён” бохти ҳарбиро ба ғалаба табдил доданд.

   Баъд аз таслим шудани Империяи усмонӣ дар соли 1918 Камол Отатурк шоҳиди он гардид, ки иттифоқчиёни дирӯза мехостанд ватани ӯро ба қисмҳои ҷудогона тақсим намоянд. Отатурк ба қароре омад, ки то замони ба зери по партофтани парчами душман, тоза намудани ватанаш аз душманон ва хоинон мубориза хоҳад бурд. Шартномаи Севр, ки моҳияти он оид ба тақсим намудани мамлакат буд, Отартурк онро ғайриқонунӣ эълон намуд. Қисми зиёди мардум ба тарафдории Отатурк майл намуданд. Иттифоқчиён аз Юнон дасти ёрӣ хостанд.  Пас аз 18 моҳи муҳорибаҳои шадид, юнониҳо дар моҳи августи соли 1922 шикаст хӯрданд.

   Ҳамон сол, яъне дар соли 1920 Мустафо Камол шаҳри Анқараро пойтахти мамлакат эълон намуда, парлумони нав – Ҷаласаи бузурги миллии Туркияро даъват намуд ва дар он Камол Отатурк котиби парлумон ва сарвари ҳукумат интихоб гардид.

   Пирӯзии қӯшунҳои турк дар муҳорибаи назди шаҳри Измир баъд аз ду сол мамлакатҳои Ғарбро водор намуд, ки ба гирди мизи созишномаи сулҳ ҷамъ шаванд.

   Хуллас, 29-уми октябри соли 1923 Туркия ҳамчун ҷумҳурӣ эълон карда шуд, ки сохтори олии давлат – маҷлис (парлумони Туркия) ва Мустафо Камол ҳамчун Президенти кишвар таъин гардид.

Акбар Салимов,

ходими илмии Институт

Последнее изменение Душанбе, 05 Ноябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/