wrapper

Хабарҳо

   Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иттилоъ медиҳанд, ки 28 –уми июни соли 2019 Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми академик Бартолд В.В. дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
   Дар конференсияи байналмилалӣ масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд гардид:
   - Рӯзгор ва осори академик Бартольд В.В.
   - Саҳми академик Бартольд В.В. дар омӯзиши таърихи асримиёнагии халқҳои Осиёи Марказӣ
   - Нақши академик Бартольд В.В. дар баррасии таърихи тоҷикон
   - Саҳми академик Бартольд В.В. дар ташаккул ва инкишофи шарқшиносии рус ва шӯравӣ
   - Академик Бартольд В.В. ва мероси таърихӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ
  - Академик Бартольд В.В. тарғибгари таърих ва тамаддуни халқҳои шарқ.
   Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
   Матнҳои ирсолшуда таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
   - саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
   - ҳуруфи шакли Timеs New Roman, Timеs New Roman Tj бо андозаи 14;
   -сатри якум-ҳарфи авали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;
   - сатри дуюм номи маърӯза БО ХАРФХОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа; 
   - сатри сеюм 
- матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матни МS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
   - рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
   - ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳаҷмӣ буда, ба таври (3,25) омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
   -ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 9 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргоҳи «Формула» сохта бошанд).
   - ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки дар шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷики, русӣ ва англисӣ бошанд.
   Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
 Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то 25 -уми майи соли 2019 ба почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ба суроғаи 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, АИ, ИОМДОА ошёнаи 2, ҳуҷраҳои ¾ ирсол гардад.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/