wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Олими арабшиноси тоҷик

   Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми пешгирифтаи сиёсати дарҳои бози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик ба қатори дигар соҳаҳои кишвар рӯ ба инкишоф ниҳода, дастовардҳои олимони моро дар риштаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ-риёзиву фанҳои ҷамъиятшиносӣ берун аз Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор медиҳанд ва донишмандони мо аз осори офаридаи донишмандони соҳаҳои гуногуни хориҷӣ хуб огаҳӣ доранд. Муфассал ...

Табиати Тоҷикистон заминаи муносиб барои коҳиши чангу ғубор

   (Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба чангу ғубор ва масоили мубрами он. Тоҷикистон. Душанбе 8-12 апрели 2019)
    Ҷаҳонишавӣ падидаи нав дар замони муосир буда, ҳамаи кишварҳои оламро барои ин ё он масоил сари гуфтушунид ё  музокирот мешинонад.  Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва соҳибихтиёр талош дорад, то масоили мубрами сайёраро сари вақт бо тамоми кишварҳои олам баррасӣ ва мавриди музокирот қарор диҳад.

   Бо ҳамин ҳадафу мақсад  Президентьи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ ба парлумони мамлакат доштани  сиёсати «дарҳои боз»-ро як гоми муҳим барои баррасӣ ва шинохти  масоили мубрами ҷаҳон ва минтақа  арзёбӣ намудаанд. Бо ин роҳ аҳли сайёра метавонанд роҳҳои ҳалли мушкилотро зудтар пайдо кунанд ва барои бартарафсозии онҳо машварату пешниҳодҳои муфид манзур намоянд.

Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: САҲМИ АКАДЕМИК БАРТОЛД В.В. ДАР ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

   Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иттилоъ медиҳанд, ки 28 –уми июни соли 2019 Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми академик Бартолд В.В. дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/