wrapper

Хабарҳо

1. САРЛАВҲА

(НАЗВАНИЕ ЗАГОЛОВОК)

Сарлавҳа бояд илмӣ бошад. Мухтасар. Бо назокат. Мавзӯъро инъикос намояд. Хонандаро ҷалб кунад. Дар сарлавҳа чанд калимае бошад, ки ба мазмуни мақола далолат кунад. Дарозии номи мақола бояд аз 10-12 калима нагузарад. Мисол: Оё тоҷикон фалсафаи миллӣ доранд? (5 калима); Мушкилоти ишқ аз дидгоҳи фалсафаи муосир. (6 калима); Буҳрони оиладорӣ дар Тоҷикистони имрӯза (5 калима);

Мавзӯъ аз мақола васеътар набошад; Сарлавҳа бояд конкрет бошад. Сарлавҳа мазмуни мақоларо инъикос кунад. Сарлавҳаҳои сенсатсионӣ дар мақолаҳои илмӣ қабул нестанд. Мавзӯъҳои бисёр таҳлилшударо чунин сарлавҳа гузоред: “Доир ба масъалаи...”, “Дар боби...” “Оид ба баъзе...”.

Кӯтоҳ ва фаҳмо бошад. Ҳадди охири дарозӣ 10-12 калимаро бояд ташкил кунад. Сарлавҳа бояд пурмаъно, ҷолиб ва ифодагари кулли мақола бошад. Информативӣ, таваҷҷӯҳбарангез, дорои сабки илмӣ бошад. Мавзӯъи асосиро дар бар гирад. Баъзе калимаҳои калидии мақола шомили он бошад. Дар аввали мақола омаданашон ба мақсад мувофиқ аст. Танҳо ихтисороти маъмул омаданаш мумкин асту бас. Мисли: СССР, СНГ;

2.ТАВСИФИ МУХТАСАР

(АННОТАЦИЯ)

Характеристикаи мухтасари мақола. Будани аннотатсия шарт ва зарурӣ нест. Вале буданаш хуб аст. Мухтасар ва бо маънӣ бошад. Кӯтаҳ бошад. Бо мазмун бошад. Дорои 500 калима бошад. Яъне 4-5 ҷумла. Маълумот дар бораи муаллиф. Шарҳи мухтасари масъалаи илмӣ. Ҳадафи муаллиф ва хулосаҳои асосӣ. Бо шакли мухтасар. Навигариҳои мақола. Иқтибос лозим нест. Шарҳ лозим нест. Дар шакли умумӣ. “Дида шуд, кашф карда шуд, муқаррар шуд”. Ду вазифаи аннотатсия:

1. Хонанда мавзӯъи дилхоҳи худро пайдо мекунад.

2. Хонанда ба хулоса меояд, ки ин мақоларо хондан зарур аст ё не? Барои ёфтани хабарҳои нав кӯмак мекунад.

Сарчашмаи ахбор аст. Баъди навишта шудани мақола таълиф мешавад. Мавзӯъи асосӣ, масъалаҳо, ҳадаф ва хулосаҳои мақоларо дар бар мегирад. Навигарии он нисбат ба осори дигар дар ин мавзӯъ зикр мегардад. Ҳаҷми он дар забони русӣ ва англисӣ 100-250 калимаро дар бар мегирад: вазифаи аннотатсия: муайян кардани мавзӯъи асосии мақола ва арзиши илмии он:

  1. Муқаддима доир ба мавзӯъ;
  2. Ҳадафи таҳқиқи илмӣ;
  3. Тавсифи аҳамияти илмӣ ва амалии он;
  4. Тавсифи методологияи мақола;
  5. Хулосаҳои асосӣ;
  6. Саҳми он дар ин соҳаи баҳси илмӣ.
  7. Аҳамияти амалии он; Иқтибосу рақам надошта бошад. Мешавад  навовариҳоро  зикр кард. Аннотатсия бояд бо забони фаҳмо ва равон бошад.

Аннотатсия-дар мақола  корҳои анҷомгирифтаро зикр мекунад. Хулосаҳо бояд ончиро нишон диҳанд, ки дар рафти таҳқиқ ба даст омадаанд. 3-5 хулоса басанда аст. Бояд дар шакли тезис бошад. Бо ибораи “Ман таъкид мекунам, ки”-далелҳоро биёрад.

3.ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

(КЛЮЧЕВЫЕ СЛОВА)

Калиди ҷустуҷӯйӣ барои мақола. Ин калимаҳо ба масъалаҳои асосӣ далолат мекунанд. Мавқеъҳо, натиҷаҳо, истилоҳот. Дорои арзиши муайян ҳастанд. Барои ёфтани нуктаҳои асосиии мақола. Мавзӯъҳои ҳошиявиро ҳам дар бар мегирад. Калимаҳои алоҳида; Ибораҳо; Дар ҳудуди 5-10 калима басанда аст.  

Зикри мазмун ва муҳтавои асосии мақола. Иборат аз 4-8 калима. Инъикоскунандаи соҳаи илме, ки мавзӯъи мақола аст; Мавзӯъ, ҳадаф ва объекти баҳсро дар бар мегирад.

4. МУҚАДДИМА

(ВВЕДЕНИЕ)

Ошноӣ бо мавзӯъ. Зикри методи истифодашуда. Баёни фарзия. Зикри натиҷаи кори муҳаққиқони пешин. Мавзӯъҳои ҳалшуда ва ҳалношуда. Овардани иқтибосҳо аз китобҳои муҳаққиқон барои ворид шудан ба мавзӯъ.

Ахбори муқаддамоти дар мавзӯъи мақола. Ҳадафи мақола. Зикри мавзӯи асосӣ. Зикри аҳамияти назарӣ ва амалӣ. Зикри адабиёти мавҷуда дар ин мавзӯъ. Мавзӯъҳоие, ки кам омухта шудаанд ва зикри онҳо.

1. Зикри ҳадаф ва мавзӯъ. Идеяи мушаххас; Ақидаи калидӣ бояд зикр шавад; Ҳадафи охирини муаллиф чист?

2. Муҳиммият ва навоварӣ. Дараҷаи аҳамияти он дар ҳамин лаҳзаи таърихӣ. Фарқи ин натиҷаҳо аз натиҷаҳои муаллифони дигар. Зикри фарзияҳо. Сохтори мақола. Зикри таҳқиқотҳои мавҷуда дар ин мавзӯъ. Таҳлили сарчашмаҳо. Обзор ва таҳлили танқидии сарчашмаҳо ва нуқтаҳои назари асосии муҳаққиқони дигар дар ин мавзӯъ бояд зикр гардад.

5. ҚИСМАТИ АСОСИИ МАҚОЛА

(ОСНОВНАЯ ЧАСТЬ МЕТОДОЛОГИЯ)

Қисмати аз ҳама васеъ ва муҳими мақола аст... Дар он марҳала бо марҳала раванди таҳқиқ шарҳ меёбад. Муҳокимарониҳо, хулосабарориҳо. Зикри таҳлили марҳилаҳои озмоиш ва экспериментҳо. Зикри таҷрибаҳои нобарор. Роҳҳои ислоҳи онҳо. Баён бояд ба таври айёнӣ бошад. Зарурати вуҷуди таблитсаҳо, графикҳо-диаграммаҳо, моделҳо, формулаҳо ва суратҳо. Таблитсаҳо бояд сарлавҳа дошта бошанд.

Зарурати пайдарҳамии зикри масъалаҳо ва интихоби методологияҳо. Н.А.Некрасов: “Слова должно быть тесно, а мыслям просторно”. Аз истилоҳоти хориҷӣ суистифода кардан зарур нест.

6. НАТИҶАҲО

(ЗАКЛЮЧЕНИЕ, ВЫВОДЫ, РЕЗУЛЬТАТЫ)

Ба таври фишурда зикри хулосаҳои муаллиф. Хулосаҳо бояд объективӣ бошанд. Бе тафсири муаллиф. То хонанда ба гумроҳӣ наравад. Аз ин роҳ арзёбии мақола ба хонанда осон мешавад. Ва ӯ ҳам хулосаҳои худро мебароварад. Метавонед доир ба натиҷаҳои худ изҳори назар кунед. Ва андешаи субъективии худро изҳор намоед.

Зикри маводи таҳлилии муаллиф. Зикри марҳалаҳои ин таҳлил. Натиҷаҳо қисмати марказии мақолаанд. Дар ин қисмат фарзияи пешниҳодӣ исбот карда мешавад. Аз рӯи зарурат ҷадвалҳо оварда мешавад. Маводи матни мақола бояд такрор нашавад. Натиҷаҳои муаллиф бояд ба хулосаҳои муҳаққиқони дигар мавриди муқоиса қарор дода шаванд. Мақолаҳои назарӣ: истифодаи абстраксия, синтез, анализ, индуксия, дедуксия, методология. Мақолаҳои илмӣ-эмпирикӣ: зикри мушоҳида, таҷрибавӣ, ченкунӣ ва ғайра. Формулаи мухтасари хулосаҳо ва натиҷаҳои баҳси илмӣ. Такрори мухтасари андешаҳои асосии мақола. Хулосаҳо бояд аз услуби баёни матни мақола фарқ дошта бошанд. Зикри натиҷаҳо, тавсияҳо, аҳамияти амалии он; Изҳори оянданигарона нисбат ба таҳаввули масъалаҳои мавриди баҳси мақола.

Дар қисмати хулоса бояд ончиро нишон диҳад ки мо ба даст овардем. Натиҷагирӣ  маънои онро дорад, ки дар мақола чи масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

7. АДАБИЁТ, САРЧАШМАҲО

(СПИСОК ЛИТЕРАТУРЫ)

Ишора ба китобҳое, ки дар мақола истифода шуда ва ё ба онҳо ишора гардидааст. Сарчашмаҳоро бо забони аслӣ овардан лозим аст. Аз рӯи алфавит. Рӯйхати адабиётро аз рӯи забон алоҳида овардан лозим аст: ба забони тоҷикӣ; ба забони русӣ; ба забони англисӣ; ба забони форсӣ;...

8. УСЛУБИ ИЛМИИ МАҚОЛА, БАЁНИ ИЛМИИ МАТЛАБ

(НАУЧНЫЙ СТИЛ ИЗЛОЖЕНИЯ)

Сабки илмии матлаб мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:куллият, тамомият, алоқамандӣ, камоли маъноӣ. Гузаришҳои мантиқӣ аз як масъала ба масъалаи дигар аз роҳи истифодаи  ибораҳои: “Аз тарафи дигар”, “Ҳамин тавр”, “Дар ҳақиқат”, “Албатта”, “Воқеан”...Зарурати факту далелҳои фаровон; Набудани масъалаҳои мубҳам ва печида. Ба эҳсосот дода нашудан. Мухотабро пеши назар доштан. Масъалаҳои мушкилро шарҳ додан. Истифода аз забони илмӣ ва китобӣ, ифодаҳои нейтралӣ, истилоҳоти махсус. Мавод ва матолиб бояд ба таври ҷиддӣ пай дар пай баён шавад. Барои ҳар хулосае далелу бурҳон пешниҳод гардад. Барои исботи фикри худ аз сарчашмаҳои асосӣ иқтибос оваред. Матни мақоларо ҳатман бо абзатсҳо ҷудо кунед. Мақолаи тулониро бо зерсарлавҳаҳо ҷудо кунед. Хонданаш осон мешавад.

    Пеш аз фиристодани мақола: Онро тафтиш кунед: мантиқи баён-босаводона будан-аз мавзӯъи асосӣ дур нашудан. Чанд рӯзе мақоларо ба ҳоли худ гузоштан. Баъд бо диди нав ба он муроҷиат намудан.

    Мақола бояд бо забони зинда навишта шавад.

9.ТАФТИШ ВА МУРОҶИАТИ НИҲОӢ НИСБАТ Ба МАҚОЛА

Оё мақола ба талаботи зерин ҷавобгӯ ҳаст?

-Сарлавҳа бо мазмуни мақола мутобиқат мекунад?

-Муқаддима, қисмати асосӣ ва хулосаҳо ҳастанд?

-Ба сарчашмаҳо муроҷиат шудааст?

-Дар кори иқтибос плагиат вуҷуд надорад?

-Оё сабк ва услуби илмӣ риоя гардидааст?

-Қоидаҳои навиштан ва ҷобаҷогузорӣ дар мақола иҷро гардидааст?

Агар ин шартҳо иҷро шуда бошанд, пас мақоларо ба дасти чоп супоред!

Дилгиркунанда набошад. Баъзе асарҳои хуби илмӣ чун романи детективӣ навишта шудаанд.

 

Сарчашма: http:www.moluch.ru/information/howto/ Научный журнал «Молодой учённый».

 

Таҳияи

Комил Бекзода

Последнее изменение Сешанбе, 27 Феврали 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/