wrapper

Хабарҳо

Чуноне, ки Ҳенри Киссинҷер (Henry Kissinger) роҷеъ ба он ҷанг мегўяд: «Дар ҳамаи ҷангҳо, яке зараркунанда ва дигаре фоидакунанда аст, аммо дар ин ҷанг ҳар ду тараф бояд зиён медиданд». Ин ҷанг барои Ироқ ва ҷаҳони араб фоҷиаангез буд.

Дар соли 1980 президенти ИМА Ҷимми Картер (Jimmy Carter) тасмими ниҳоии худро гирифт ва ў дар навбати худ минтақаи Халиҷро ҳавзаи таҳти нуфузи худ эълон намуд. Ў гуфтааст: "Ҳар гуна кӯшише аз ҷониби ҳар қувваи беруна, ки барои дастёбӣ ба минтақаи Халиҷи Форс бошад, ба муқобили манфиатҳои ҳаётии ИМА ба шумор меравад. Пеши роҳи ин гуна ҳамлаҳо ба тамоми василаҳои зарурӣ, аз ҷумла бо роҳи истифода аз қудрати ҳарбӣ гирифта мешавад,."

 Ҷанги Ироқу Эрон оғози татбиқи нақшаҳои амрикоӣ буд, ки аз марҳалаи ишғолгарии кунунӣ ба марҳалаи ишғоли майдонҳои нафту газ интиқол дода шуд.

Саддом Ҳусейн дар ҷанг бо Эрон кашида шуд

ИМА ҳавасманди равона намудани зарба бар зидди зарбаи шуълаварсози инқилоби исломии Эрон буд. Аммо давлатҳои нафтдор дар Халиҷ тарсиданд, ки мабодо ба сарнавишти Шоҳи Эрон дучор гарданд.

Саддом Ҳусейн тавофуқномаи худро дар бораи Халиҷи арабӣ бо Эрон бекор кард ва Эронро барои ҷанг бар зидди хеш барангехт. Дар муқобил Эрон барои барканор кардани Саддом ва инқилоб алайҳи ӯ тарғиб кард . Сабаби ба ҷанги том кашондани ин ду давлат ин буд, ки Вашингтон бо Саддом бо ҳам ба мувофиқа расиданд, ки давлатҳои Халиҷ ва Арабистони Саудӣ ин ҷангро маблағгузорӣмекунанд.

Зиёрати Саддом Ҳусейн дар соли 1980 аз Арабистони Саудӣ охирин нуқтаи эълони ҷанги Ироқ бо Эрон гардид.

Мутобиқи тадқиқоти рӯзноманигор Буб Борӣ роҳбарони Арабистони Саудӣ низ ҷиҳати интиқол додани ҷанг алайҳи низоми мутаассиби эронӣ, Саддом Ҳусейнро ташвиқ намуданд ва ба ӯ хулосаи мусбии президент Кортер расониданд..

22 сентябри соли 1980, танҳо баъд аз шаш ҳафтаи сипаришуда- на зиёдтар аз сафари расмии ӯ ба Арабистони Саудӣ Саддам Ҳусейн болои Эрон ҳуҷум кард. Ҷанги шадиде байни Ироқ ва Эрон беш аз ҳашт сол давом ёфт. Мавқеи расмии ИМА бетарафӣ буд, вале дар воқеъ сиёсатеро пайрави мекард, ки ҳарду ҷониби даргир дар ҷанг бояд зарар медиданд.

ИМА дар аввал тариқи ҳампаймонҳояш пас аз он ба сурати ошкоро барои Ироқ маълумотҳои ҷосусиро аз тариқи моҳвораҳо дастрас мекард. Вале ҳамзамон Эронро бо силоҳ ва қисмҳои эҳтиётӣ кумак мекард, ки ин асрор дар ҳодисаи Эрон-Кунтру ошкор шуд.

Инчунин, ИМА ба Ироқ силоҳҳои дорои истифодаи ду тарафа фурухт. Дар мақолае ки 23 июли соли 2002 дар рӯзномаи “Newsweek” нашр шуд, ошкор намуд, ки раис Реган барои фурўхтани маълумотҳои кампютерӣ ба Ироқ иҷозат дода буд, ки метавонад онро барои пайгирии душманони сиёсиаш истифода барад. Илова бар ин иҷозат дода буд, ки аз борҳои моддаҳое, ки дар истеҳсоли ҷумраи хабиса (Сибирская язва) ва арсеналҳои силоҳҳои кимиёвӣ, ки бар зидди Эрон дар ҷанги минтақаи Фов истифода бурда буд.

Ҳар ду кишвар бо хисороту зарари зиёд аз ҷанг баромаданд, аммо ИМА аз ҳузури ошкорои худ дар Халиҷ дар ҳамон вақт афзоиш дод. Тибқи гуфтаи Ҳавард Тичер (Howard Teicher), як корманди собиқи амнияти қавмӣ ҳуҷуми  Эрон дар соли 1982 Вашингтонро нигарон карда буд, пас ба ин қарор расид, ки барои пешгирӣ кардани ҷанги Эрон ва барои пирўз нашуданаш, кӯмаки иловагӣ диҳад. Ў дар идомаи шаҳодати худ навиштааст: «Ман маълумоти шахсии худро дар бораи ин амр ва рақами мумайизкунандаи онро дорам, ки ин сир пинҳон шуморида мешавад, чунки ман бо як узви дигари амнияти миллӣ Ҷиф Кемп ҳамкорӣ карда будам”. Тичер гуфтааст: "Дастури мазкуре, ки аз ҷониби Реган имзо шуда буд, кумаки пинҳонии Амрикоро барои Саддом Ҳусейн иҷозат дод».

Ташаббускории асосии ин кӯшишҳо ҷиҳати кумаки ҷангафзорҳо барои Ироқ директори марказии мухобаротӣ Велям Кессӣ (William Casey) ва муовини ӯ Роберт Гейтс (Robert Gates) буд. Мутобиқи гуфтаҳои Тичер, «Онҳо медонистанд аз ки ва мувофиқа бо кӣ кунанд ва ба фурухтани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои низомӣ аз сарчашмаҳои ғайриамрикоӣ ба Ироқ бифурўшанд ». Тичер илова кардааст, ки "дар соли 1986 раис Рейган ба Саддом Ҳусейн як рисолаи махфӣ фиристода, ба ў тавсия додааст, ки Ироқ бояд дар ҷанги ҳавои болои Эрон ғолиб ояд ва дар бомбаборон кардани Эрон низ пируз гардад».

Идораи Клинтон (Bill Clinton) ба Тичер ва ба шаҳодати ӯ ҳамла кард ва сипас баъди муддате шаҳодати ӯро низ зери як сертификати сиррӣ эълон кард, ки зери мӯҳри судӣ нигоҳ дошта мешавад.

Аз соли 1983 сар карда, нерӯҳои амрикоӣ дар қаламрави Халиҷи Форс густариш дода шуданд. Ва ҳадаф аз ин иқдом ҳамроҳи кардани киштиҳои нафтии давлати Кувайт дар тӯли ҷанги Ироқу Эрон буд. Инчунин ИМА 24 киштии ҷангии бузург ва 16000 аскарашро ба баҳонаи муҳофизат ва ҳимояи Халиҷ сафарбар кард.

Нахустин тасмиму фаъолияти Шварцкопф (Norman Schwarzkopf Jr.) чунин буд, ки вақте ӯ вазифаҳои худро ҷиҳати омодагӣ ба ҷанги якуми Халиҷи Форс қабул кард, мебоист таърихи собиқаи Саддом Ҳусейн ва рафтору ахлоқи психологии ӯро бо асбобу техникаи низомии Ироқ ҳаматарафа омӯзад.

Дар соли 1990 ИМА дар ҷаҳон бештар ба сабаби назоратии нафтиаш ба сифати як қудрати мутлақи ҷаҳонӣ гадида буд.

Дар соли 1989 ИМА 45 фоизи нафти онро ворид кард, инчунин таҳқиқот ба он нишон дода, ки шояд то охири соли 1990 зиёда аз 65 фоизи нафтро ворид карда бошад.

Қариб 40 фоизи аҷзи буҷаи тиҷоратии ИМА дар соли 1989 ба сабаби воридоти нафтӣ буд.

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ишғоли Кувайт ва Ҷанги Халиҷ дар соли 1991 натиҷаи ҷанги Эрон ва Ироқ бошад.

Саддом ҳис кард, ки кишварҳои нафтӣ ба хотири ҷангаш бо Эрон бидеҳкоранд ва инчунин ҷиҳати неруманд кардани иқтисодаш мехоҳанд, ки онҳо қарзҳои Ироқро бубахшанд, вале онҳо ин майлро надоштанд. Пас аз Кувайт 10 миллиард доллар қарз талаб кард, вале ин талаб рад карда шуд. Гузашта аз ин, ҳаракат кардани қувваҳои Саддом Ҳусейн ба ҷануб ба сӯи сарҳади Давлати Қувайт маълум буд, бо кумаки моҳвораҳои ИМА, ба хабарнигорони ғарбӣ низ равшан буд. Аммо Сафири ИМА дар Бағдод Эприл Катерин Гласпиӣ (April Catherine Glaspie), ба ӯ гуфт, ки ҷангҳои арабҳо бо арабҳо барои ИМА аҳамият надорад, ин назарсудӣ сафир ӯро ба гумроҳи кашонд. Вақте ки як намояндаи Конгресс дар бораи фишори Амрико ба хотири ҳамла бар зидди Кувайт, аз ӯ пурсид, ӯ гуфт, «Мо барои муҳофизат кардани Кувайт созишномаи дифоӣ надорем". Пас Саддом Ҳусейн ин ҷо дар дом афтод.

Баъди он, ки ҷанги Ироқу Эрон ҳардуро хаста кард, ИМА Саддом Ҳусейнро барои ишғол кардани Кувайт, барои гузариш аз марҳилаи дахолатї ба восита ба дахолати бевосита ба баҳонаи ҳифзи низоми Халиҷи Форс, талқини кард. Ин далели А.М. Рузантал (A. M. Rosenthal) дар мақолааш дар маҷаллаи Ҳиралд Трибиюн Интернешнал (International Herald Tribune) ночиз ва беҳуда будани онро баён мекунад. Ў чунин мегўяд: «Ҳар амрикоие, ки алифбои сиёсатро мешиносад, яқин медонад, ки ИМА барои демократия мубориза намебарад (бар зидди Ироқ), зеро демократия дар ҷаҳони араб аслан вуҷуд надорад. Ва ӯ барои оилаи шоҳони кувайтӣ низ ҷанг намекунад, балки Кувайтро як киштзори худ мешуморад. Ҳаракат кардани ИМА ба сӯи ҷанг ҷиҳати манъ кардани Ироқ аз ишғоли пойгоҳе мебошад, ки он мақоми асаби асосии саноатии ИМА аст, ки маънои фарқи байни марг ва ҳаёти иқтисодии онро дорад«.

Нахустин  ифшои ошкоро дар бораи он ки ба ном санадҳои дифоӣ, ки аз ҷониби вакили вазорати мудофиаи он вақта Вулфовитс (Paul Wolfowitz), ки дар аснои он эълон кард, ки даврони ҳукмдории якқутбаи ИМА фаро расидааст. ИМА ҳар гуна қудрат ва ё гурӯҳи қутратҳоро иҷозат намедиҳад, ки ба ин тафовуқу бартарияти иқтисодӣ ё сиёсиашро, ки ҷаҳонишавӣ (globalization) номида шудааст, рақобат кунанд. Ҷанги дуюми Халиҷ, ҷанг ба хотири манъ кардани парвози ҳавопаймоҳо буд. Инҷо ҳавопаймоҳои Ироқро дар болои қисмати Ҷанубӣ, яъне минтақаи шиъаҳо ва шимол, минтақаи курдҳо ва миёна минтақаи сунниҳо, манъ карда шуд. Ба ин васила бинои тақсими Ироқ ба се бахш, то замони оғози ҳамла, тақсим гардид. Пас ҳамлаи ишғоли ИМА дар соли 2003 фаро расид, ки бо сохтани бузургтарин сафорати ҷаҳонӣ дар Бағдод ва бинои пойгоҳи низомии бузург дар ҳама атрофи Ироқ оғоз гардид. Илова ба ин бинои пойгоҳи ҳавоӣ ва пойгоҳҳои ҳарбӣ-баҳрӣ дар тамоми кишварҳои Халиҷи Форс аз тарафи Халиҷиҳо сохта шуда, аз тарафи ИМА истифода бурда мешуд ва нерӯҳои ИМА болои ҳамаи заминҳои нафтии бузурги арабӣ фармонравӣ мекарданд.

Вақте, ки рӯзи 11 сентябри соли 2001 фаро расид, онро ҷанг бо терроризм номиданд ва ин номро собиқ раиси амнияти марказӣ (CIA- ЦРУ) Ҷеймс Вулси (Роберт James Woolsey Jr.) ҳамчун ҷанги наслҳо болои ҷаҳони ислом эълон карда буд. Президенти ИМА Ҷорҷ Даблю Буш (George Walker Bush) эълон кард, ки принсипҳои ИМА дар ҳама макону замон қобили эътимод ҳастанд ва ҷаҳон бояд хоҳ тарафдори ИМА ё зидди он буданро ихтиёр кунад.

ИМА ҷанги ваҳшатанангезашро оғоз карда, онро дар кишварҳои дорои захираҳои табиӣ ва хусусан кишварҳои нафтӣ, ҷанг бар зидди терроризм ном гузошт, ки ин ҷанг шомили аксарияти кишварҳои арабӣ ва исломӣ гардид. Ва барои фаҳмиши дурӯғин будани ҷанг алайҳи терроризм рӯзномаи Азия Таймс (Asia Times) чунин навиштааст: "Он чи зарурат дорад он аст, ки шумо фақат боре дар харита назар кунед. Ин як иттифоқи тасодуфї нест, ки харитаҳои ҷанги бар зидди терроризм ва харитаи кишварҳои нафтӣ, ба таври куллӣ яке ҳастанд".

Дар ҳақиқат лоиҳаву барномаи якҷонибаи ИМА дар баъзе кишварҳо вақте оғоз шуд, ки бисёре аз кишварҳо ба қарорҳои якҷонибаи ИМА ҷавоби “на” доданд. Дар ин асно маҷмуаи кишварҳои БРИКС (панҷ кишварҳои иқтисодӣ ҳамчун Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ) арзи вуҷуд намуданд, ки қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро дар бар мегирад. Инчунин, сафи гурӯҳи эътирозкунандгон рӯз ба рӯз зиёд шуда истода, ин қувваи навпайдо пас аз як қувваҳои дигар, ин равандро ба хотири гирдиҳам овардани бисёр кишварҳое, аз ҷумла ду кишвари таъсирбахш аст, монанди Эрон ва Туркия оварда расонд, ки ба ҳамоҳангсозии истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии худ оғоз карда буданд. Тақдири ин лоиҳаву барномаҳои якҷонибаи ИМА баъди муддате маҳкум ба нокомӣ ва шикастагӣ хоҳад буд.

Доктор Абдулҳай Заллум,

таҳлилгар ва мушовир дар соҳаи нафт

Тарҷумаи Абдулҳалим Одинаев,

Сарчашма: http://www.raialyoum.com

Последнее изменение Душанбе, 05 Феврали 2018

1 Эзоҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав Раҳматулло Сешанбе, 09 Январи 2018 07:55 навиштааст Раҳматулло

    Мақола хуб аст. Аз лиҳози таҳлилӣ ба мақсад наздик шудааст аммо баъзе мавридҳо услуби тарҷума каме коҳишдиҳанда аст ки хонанда мақсади муаллифро дарк карда наметавонад ва бояд бозбинӣ шавад. Умедворем дар мақолаҳои оянда ин камбудии ночиз ислоҳпазир хоҳад буд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/