wrapper

Хабарҳо

   Шахсиятҳо меоянду мераванд, аммо осорашон ҳамеша зиндаву поянда мемонад.

   Мирсаид Миршакар шоир ва нависандаи машҳури Тоҷикистон аввалин касе мебошад, ки Муҳаммад Иқболро ба Тоҷикистон шинос намуд. Аксари донишмандон ва олимони маъруфи Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон аз ашъор ва афкори Алломаи шарқ - Иқбол огоҳ мебошанд.

  Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дарвозаҳои фарҳангии худро боз намуд ва зиёиёни он бо донишмандони ҷаҳон равобити фарҳангии худро оғоз намуданд. Кишварҳои зиёди ҷаҳон сафоратхонаҳои худро дар ин кишвар боз намуданд ва муносибатҳои диломатӣ ва фарҳангиву иқтисодии худро шуруъ намуданд. Дар ин асно, Академияи Иқболи Покистон робитаҳои фарҳангияшро бо кишварамон шуруъ намуд. Тариқи сафоратхонаи Покистон дар Душанбе, ҳамасола иқболдустон ва иқболшиносони зиёд дар семинарҳо ва конфоронсҳо дохилӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аллома Иқбол ширкат меварзанд. Ҳамасола, рӯзи 9 ноябр ва 21 апрел дар Душанбе маҳфиле доир ба осору фаъолияти Иқбол баргузор мегардад. Маҳфилҳо аз ҷониби сафорати Покистон дар Душанбе баргузор гардида, меҳмонон аз марказҳои илмӣ оид ба осори гаронбаҳои Иқбол суханронӣ менамоянд. Ҳамаи онҳо оид ба Аллома Иқбол суханҳои латофатомезу орифона намуда, робитаи фарҳангии Тоҷикистону Покистонро мавриди таҳсин қарор медиҳанд. Донишҷуён ва устодони бахши урду ва ҳиндии макотибҳои олии Тоҷикистон маҳфилро бо шеъру суханрони хело зебо мегардонданд.

   Ёдовар бояд шуд, ки профессор Аллома Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар оилаи тоҷир дар шаҳри Сиялкути Покистони имрӯза таввалуд шудааст. Иқбол тахсилоташро аз Колеҷи давлатии Лоҳур шуруъ намуда, аз соли 1905 то соли 1908 дар донишгоҳҳои Кембриҷи Лондон ва Мунихи Олмон таҳсил нумуд ва соҳиби дипломи олӣ гашт. Ӯ рисолаи докториашро дар донишгоҳи Мунихи Олмон дар оид ба рушд ва инкишофи метафизика дар сарзамини форс дифо намудааст. Баъди бозгашт аз давлатҳои Аврупо, ӯ ба ҳуқуқшиносӣ машғул шуд ва бо таълифоти шеърҳои форсӣ ва урдуӣ байни олами Шарқу Ғарб шуҳрат пайдо карда, чун файласуфу ориф ва шоир дар ҷаҳон ном пайдо намуд

   Иқбол дар шеърҳои «Шиква ва ҷавоби шиква», «Хизри роҳ» ва «Бонги дара», заъф ва беаҳамиятии инсони мусалмонро мавриди савол қарор додааст. Шеъри машҳури ӯ бо забони форсӣ, ки «Асрори худӣ» ном дорад, инсониятро ба сӯи худшиносӣ ва хирадмандӣ даъват мекунад. «Румузи бехудӣ»-и Аллома Иқбол (1918) силсилаи «Асрори худӣ» буда, оид ба хештаншиносӣ баҳс ва мунозира мекунад. Ашъори Иқбол инсониятро ба сӯи адолат ва инсоният даъват мекунад ва худшиносиро сарчашмаи роҳи ҳақиқат шинохта, башариятро аз ҳалокат нигоҳ медорад.

   Дар соли 1927 «Забури Аҷам»-и Иқбол, ки пур аз панду насиҳат ва иқтибосҳои пандомези Ҳофиз, Аттор ва Румӣ аст, таҳия шуд. «Ҷовиднома»-и Иқбол, ки соли 1932 омода гирдид, аз афкору кирдори Мавлоно Ҷалолидин Румӣ нақл мекунад. Шеърҳои дигари Аллома Иқбол, аз ҷумла «Боли Ҷабраил», «Зарби қалам» ва «Армуғони Ҳиҷоз» ба забонҳои урду ва форсӣ дар солҳои 1935, 1937, 1938 таҳия ва чоп шуданд.

   Фалсафа ва фикри Иқбол баъди таҳияи китоби машҳури ӯ оид ба ислоҳоти дин дар ислом (1934), ки иборат аз 6 суханронии Иқбол дар шаҳрҳои Мадрас, Хайдаробод ва Алигари Ҳиндустон буд, дар ҷаҳон маъруф ва машҳур гашт. Ин китоб оид ба иҷтиҳод ва афкори тозаи мунсифона барои башарият баҳс ва муколама мекунад.

   Иқбол баъди бемории дарозмуддат, 21 апрели 1938 вафот кард ва маркади ӯ дар назди масҷиди подшоҳии шаҳри Лоҳури Покистон қарор дорад.

Таҳияи Мирсаид Раҳмонов

ходими илмии Институт

Последнее изменение Шанбе, 21 Апрели 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/