wrapper

Хабарҳо

   Ҷумҳурии Қирғизистон дар шимолу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Чин ҳамсарҳад мебошад. Қирғизистон соли равон 27 солагии истиқлолияти хешро ҷашн мегирад ва дар ин айём он ду табаддулот ва низоъҳои сиёсиро аз сар гузаронид. Кишваре, ки дар солҳои аввали истиқлолият “ҷазираи хурди демократӣ” дар Осиёи Марказӣ ном гирифта буд, дар баробари дастовардҳо, боз ба мушкилоти зиёде низ дучор гардидааст.

   Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Қирғизистон мисли дигар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истиқлолиятро ба осонӣ ба даст овард. Соли 1991 сессияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон «Декларатсия оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро қабул кард. Мувофиқи ин санади таърихӣ ин кишвар давлати соҳибихтиёр, мустақил ва демократӣ эълон карда шуд.  Қабули  «Декларатсия оид ба истиқлолияти давлатӣ» оғози давраи наве дар таърихи ин кишвар гардид. Пас аз ин рўйдоди таърихӣ ҳамасола 31-уми август “Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон” ҷашн гирифта мешавад.

    Ҳифзи истиқлолияти бадастомада ва сохтани ҷомеаи демократӣ мухолифат ва мушкилоти зиёдеро дар кишвар ба амал овард. Яке аз он сабабҳои асосӣ низоъҳои сиёсии дохили кишвар буда, дигаре  сохти парламентии ҳокимият мебошад, ки ин амалро тақозо менамояд.

   Қайд бояд кард, ки соли 2010 Ҷумҳурии Қирғизистон шакли ҳукмронии президентиро ба парламентӣ иваз намуд ва ягона кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, ки бо модели аврупоӣ фаъолият мекунад. Тибқи модели мазкур президент метавонад танҳо як маротиба ва ба муҳлати шаш сол  интихоб шавад. Дар давоми 27 соли истиқлолият дар Ҷумҳурии Қирғизистон панҷ нафар ба ҳайси  президент интихоб гардид.

   Бояд зикр кард, ки нахустин бор 12 октябри соли 1991 Аскар Акаев аввалин президенти кишвари соҳибистиқлоли Қирғизистон интихоб шуд.  Соли 2005 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ Аскар Акаев аз вазифааш сабукдуш гардид.

   Баъдтар соли 2005 Курмонбек  Боқиев дар мавҷи “инқилоби лолагун” ба сари ҳокимият омад ва то соли 2010 ба ҳайси Президенти кишвари Қирғизистон фаъолият намуд. Соли 2010 дар рафти инқилоби дуюм Курмонбек Боқиев аз ҷониби мухолиф фишор оварда шуд ва ў маҷбур шуд, ки кишварро тарк кунад.

   Инчунин, Роза  Отунбоева аввалин зан, сиёсатмадори қирғиз пас аз табаддулоти соли 2010 ҳамчун сеюмин президенти муваққатии Ҷумҳурии Қирғизистон ба муҳлати як сол интихоб гардид.

   Пас аз фаъолияти президентии Роза Отунбоева, 1 декабри соли  2011 ба ҳайси президенти чаҳоруми кишвари Қирғизистон Алмазбек Атамбоев интихоб гардида, то 24 ноябри соли 2017 роҳбарӣ намуд.

   Пас аз ба анҷом расидани муҳлати роҳбарии Алмазбек Атамбоев 24-уми ноябри соли 2017, ба ҳайси президенти навбатии Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков интихоб гардид.

   Агар яке аз сабабҳои ба вуқӯъ омадани табаддулоти давлатии солҳои 2005-2010 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, ин паст будани сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва амалҳои коррупсионӣ бошад, сабаби дигар, ин мавқеи геополитикӣ, яъне саҳм доштани ИМА ва Русия дар мубориза барои ҳудуди ин кишвар ба ҳисоб меравад.

   Аз соли 2001 то 2014 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии “Манас”-ро барои ҷойгир намудани базаи авиатсионии худ ба иҷора гирифта, онро бо мақсади дастгирии қувваҳои коаллитсионӣ дар Афғонистон истифода мебурд. Маҳз дар ҳамин давра низоъҳои сиёсӣ ва табаддулотҳои давлатӣ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст.

   Бояд қайд кард, ки оқибати ҳамагуна табаддулоти сабаби  паст гардидани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ноустувории сиёсӣ зиёд шудани муҳоҷират, парокандагии кишвар, имконияти сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мегардад. Ин кишвар дар натиҷаи ин ду табаддулоти ба вуқӯъ омада, ба ҳеҷ тағйироти мусбат ноил нагардид, балки онҳо сабаби хунрезӣ дар кишвар ва ақибмонии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ барои 2-3 соли оянда гардид.

   Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон ба қатори кишварҳои аграрӣ дохил шуда, 60 фоизи аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунад. Дар солҳои аввали истиқлолият бинобар таъмин нагардидани аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мушкилоти зиёд ба миён омад. Маҳсулоти ҳаётан муҳим аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Аксарияти колхозу совхозҳо дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ба муфлисшавӣ дучор гардиданд.

   Аз соли 1992 кишвари Қирғизистон ба муносибатҳои бозаргонӣ гузаштанро оғоз намуд ва имкониятҳои васеъро барои муқаррар кардани алоқаҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар кишвар муҳайё кард.

   Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз аввалинҳо шуда (дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) моликияти хусусӣ ба заминро ҷорӣ намуд. Дар натиҷаи ин навоварӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ муваффақиятҳои назаррас ба миён омаданд. Дар як муддати кӯтоҳ Қирғизистон аҳолии кишварашро бо гандум, тамоку, пахта, сабзавот ва дигар маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ таъмин намуд ва зиёдатии онро ба бозорҳои берун аз кишвар ба фурӯш баровард.

   Ҳукумати Қирғизистон барои ҳарчӣ тезтар ба роҳ мондани истеҳсолот ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқи худ аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳҳои нави ба бозори ҷаҳонӣ баромаданро меҷуст. Бинобар ин барои ба созмонҳои амалкунанда дохил шудан пайваста кӯшиш менамуд.

   Соли 1996 Ҷумҳурии Қирғизистон тамоми расмиётҳои дохили давлатии ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди гумрукиро иҷро намуда, чорумин аъзои комилҳуқуқи он гардид.

   Соли 1999 ин кишвар ба аъзогии ташкилоти Умумиҷаҳонии  Савдо дохил шуда, дар баробари соҳиб шудан ба имтиёзҳои ин созмон оид ба содироти молҳои истеҳсоли худ ба хориҷ, ҳамчунин ба тамоми имтиёзҳое, ки аз тарафи ин созмон барои воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатии хориҷӣ ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон муайян шудааст, соҳиб гардид.

   Дастоварди дигари давлат ин шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) буд, ки 6 августи  соли 2015 анҷом дода шуд ва он пеш аз ҳама ба манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронида шуда буд. Муҳоҷирони меҳнатии ин кишвар аз гирифтани иҷозатнома (патент) барои кор дар Федератсия Русия озод гардида, инчунин онҳо  ба дигар имтиёзҳое, ки кишварҳои аъзои иниттиҳоди иқтисодӣ доранд, ноил шуданд. Масалан, дар масъалаи таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ муҳоҷирони кишвари Қирғизистон ва  аъзоёни оилаи онҳо имконият доранд, аз он шароит ва тартиботе, ки барои шаҳрвандони худи он кишвар муқаррар гардидааст, истифода намоянд. 

   Ҳамчунин, масъалаи андозбандӣ низ ҳалли худро ёфт. Агар қаблан шаҳрвандони ин кишвар аз даромади хеш 30 фоиз андоз пардохт мекарданд, айни замон бошад онҳо 13 фоиз андоз месупоранд.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки дар солҳои истиқлолият як қатор марказҳои савдо дар кишвар ташкил карда шуданд. Ҳамзамон, сохтмони шоҳроҳҳои бузург амалӣ гардид, ки Қирғизистонро бо дигар кишварҳо мепайвандад. Яке аз иқдомҳои дигаре, ки кишвар дар солҳои истиқлолият анҷом дод, ин рушди ҳамкориҳо  дар самти иқтисодиёт бо ҳама кишварҳо, ба вижа бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз кишварҳоест, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, муносибатҳои дӯстонаву бародарона дорад. 14 январи соли 1993 оид ба муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду ҳамсоякишвар Созишнома ба имзо расонида шуд. Аз лаҳзаи муқаррар гардидани муносибатҳои дипломатӣ он дар руҳияи баробарӣ ташкил карда шуда,  бо назардошти  манфиатҳои тарафайн, бомуваффақ дар самти сиёсат, савдо, иқтисодиёт ва фарҳанг рушд мекунад. Ҳарду кишварро шоҳроҳи автомобилгарди Ҷиргатол–Қирғизистон пайваст менамояд, ки он то ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мерасад.

   Кишвари Қирғизистон дорои захираҳои бузурги обӣ буда, дар саргаҳи рӯдҳои бузург қарор дорад. Яке аз дастовардҳои бузурги мардуми қирғиз дар даврони истиқлолият ин ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба кор андохтани хати интиқоли барқи "Датка - Кемин" мебошад, ки моҳи августи соли  2015 анҷом дода шуд.

   Айни замон дар  Қирғизистон иншоотҳои мухталиф, аз қабили хатҳои иcтиқоли барқ ва зеристгоҳҳои муосир бунёд мегарданд. Яке аз  чунин иншоотҳо лоиҳаи “КАСА-1000” мебошад, ки дар оянда тавассути он ҳарсол 5 ҳазор кВт-соат барқ аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон содир мегардад.

   Хулоса, Ҷумҳурии Қирғизистон пас аз саргузаронидани низоъҳои сиёсӣ, мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳолати рушд ва оромиву устувории сиёсӣ қарор дорад, ки аз он амалишавии лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика, ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, сохтмони шоҳроҳҳои бузург, ки Қирғизистонро бо дигар кишварҳо мепайвандад, далолат мекунад. Ба ақидаи коршиносон Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбии табодули демократӣ қарор дошта, имкон дорад, ки яке аз кишварҳои ҷолиб ва беҳтарин дар Осиёи Марказӣ гардад.

 

      Манобеъи истифодашуда:

  1. М. Оймаҳмадов “Иқтисодиёти ҷаҳон” Душанбе, 2001
  2. https://ru.wikipedia.org/wiki/Киргизия
  3. https://ru.sputnik.kg/trend/president_elections_results/
  4. https://ru.sputnik.kg/trend/starting_transmission_Datka_Kemin_2015
  5. kg\ru\histori\nz\ «Независимость–история».

 

Дилбар Мусоева,

корманди Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ  

 

Последнее изменение Панҷшанбе, 06 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/