wrapper

Хабарҳо

Ба муносибати 100- солагии Ҷумҳурии Озарбойҷон

   Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои боз қадамҳои хешро устувор гузошта, бо аксар мамолики ҷаҳон равобиту дӯстии худро рӯз аз рӯз тақвият ва таҳким бахшида истодааст. Мардуми шарифу фарҳангдӯсти он меҳмоннавоз ва меҳрубон буда, ҳамсоя ва дӯстро сояву пояи вафову камоли меҳру сафо медонанд ва эҳтиром медоранд. Ин ҳама натиҷаи он буд, ки ахиран боз саҳифаи дӯстии кишвари азизамон бо мамлакатҳои Осиёи Миёна даричаи нави худро барои таҳким ва тақвияти ҳамсоягӣ бозкушоӣ намуд ва равобитро мустаҳкам гардонид.

    Зимнан бояд зикр кард, ки Озарбойҷон яке аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз буда, турбати Низоми Ганҷавӣ ва маркази пур аз сарватҳои табиӣ мебошад. Мардуми ин сарзамин мисли тоҷикистониён фарҳандӯсту меҳмоннавоз мебошанд. Он дар ҷануб бо Эрон ва Туркия, дар шимол бо Россия, дар шимолу ғарб бо Гурҷистон ва дар ғарб бо Арманистон ҳамсарҳад буда, 86,6 ҳазор км мураббаъ масоҳат дорад. Пойтахташ шаҳри Боку мебошад.

   Ахиран банда дар меҳмонии расмие, ки дар шаҳри Душанбе ба муносибати 100 солагии Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида шуда буд, иштирок карда, шоҳиди воқеии ин равобит гаштам. Маросим бо суханронии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон оғоз гашт, ки бо забони софу ноби тоҷикӣ суханронӣ кард ва аз равобит ва дӯстии ҳар ду кишвари фарҳангиву меҳмоннавоз зикр намуд.

   Озарбойҷон минтақаи сершор аз сарватҳои табиӣ буда, дорои тамаддуну таърихи қадим мебошад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо Озарбойҷон аз ду бахш иборат аст. Калимаи "озар" маънои "мард”, “ҷавони қаҳрамон", "оташнишон", ё "хазинадор"-ро ифода мекунад ва "байҷан" маънои "хок” ё “замин" мебошад. Баъзе бозёфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аввалин инсон дар инҷо 1,8 миллион сол иқомат доштааст.

   Ин кишвар осори хело қадима дорад, ки таърихи қадимии онро дар минтақа нишон медиҳад. Ин кишвар низ забон, фарҳанг ва тамаддуни таърихие дорад, ки дар ҷаҳон маҳбубияти хос дорад. Мардуми он таърихи давлатдории 5000 сола доштанд, ки ба охирҳои 4000 ва аввалҳои 3000 соли қабл аз мелод рост меояд. Дар асри 7 мардум дини исломро пазируфта, одобу сунати худро нигоҳ доштаанд. Дар асрҳои 15-20 манотиқи зиёди инҷо ба монанди Сафавӣ, Афшар ва Гаҷар аз тарафи роҳбарони ин миллат идора мешуд.

   Солҳои 1813-1828 тавофуқномаҳо байни Россия ва Эрон сурат гирифт, ки дар он Озарбойҷон зери салтанати шоҳигарии русҳо боқӣ монд. Дертар шоҳигарони рус барои нигоҳдорӣ ва тавсиаи салтанати худ, Озабойҷонро чун кишвари сарзамини Қафқоз худмухторият намуд, ки зери хонҳои Нахчивон мудирият мешуд ва то қисмати куҳҳои Қарабоғ ва Туркия сарҳад дошт. Дертар дар ин қисмат кишвари Арманистон таъсис дода шуд.

   Дар натиҷа, рӯзи 28 майи санаи 1918 аввалин кишвари демократии Озарбойҷон чун мамлакати озод, ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ намуд. Он замон парлумони ин кишвар 270 қарорро баррасӣ кард, ки дар натиҷа, 230 он мавриди қабули ҳамагон қарор гирифт ва то имрӯз амалӣ мегарданд. Тадриҷан кишвар равнақ меёфт ва аввалин шуда дарвозаи театр ва операро ба рӯи тамошобинон боз намуд. Озарбойҷон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Миёна ва шарқи мусалмон аст, ки овоздиҳиро барои занон расман иҷозат дод.

   Дар натиҷаи талошу муборизаҳо мардуми ин кишвар тавонист, сарвату дороиҳои худро ҳифз намояд ва сокинонашро дар руҳияи ватандустию саховатмандӣ тарбият намояд. Аввалин санги ҳуввияти миллиро соли 1969 Ҳайдар Алиев поя гузошт ва ҳамаи сокинонро барои ободии ватану миллат роҳнамоӣ кард.

   Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ 18-уми октябри 1991 ин кишвар истиқлолияти худро бар асоси идеяаҳои миллӣ, ватанхоҳӣ, ахлоқӣ ва мустақилият эълон кард. Ҳайдар Алиев соли 1993 аввалин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардид ва кишварро чун давлати мустақил ва соҳибихтиёр роҳбарӣ кард.

   Озарбойҷони имрӯза равобиташро бо тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аз нав оғоз намуда, чун васлгари тамаддуни Шарқу Ғарб ба шумор меравад. Ин кишвар узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ, Созмони Ҳамкори Исломӣ, САҲА, Кишварҳои Муштаракулманофеъ, ЭКО ва Ҳайати машваратии Аврупо ва ғайра буда, дар лоиҳаҳои хурду калон саҳм мегузорад. 

   Хулоса, Тоҷикистону Озарбойҷон ду кишвар дӯст ва дорои фарҳангу русуми муштарак буда, метавонанд таҷрибаҳои якдигарро дар бахши сиёсат, адабиёт, фарҳанг, сайёҳат ва тақвияти дипломатияи мардумӣ омӯхта равобити адабию илмии худро боз хубтару беҳтар роҳандозӣ намоянд.

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Инсититути

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Последнее изменение Чоршанбе, 16 Майи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/