wrapper

Хабарҳо

   Масъалаи ҳимоя ва ҳуқуқи кӯдак дар ҳамаи давлатҳои дунё новобаста аз сохти идоракуниашон  яке аз мушкилоти рӯзмарра ба ҳисоб рафта, дар ҳалли он бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдор бошад.

   Кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ба ҳимояи махсус ниёз доранд. Зеро онҳо наметавонанд хуро ҳимоя кунанд. Имрӯз масъалаи ҳуқуқи кӯдак боз ҳам бештар ба назар мерасад, чунки дар  айни замон вазъи кӯдакон боз ҳам мушкил гардидааст. Дар ҷаҳон бештари кӯдакон дар шароити вазнин зиндагӣ мекунанд. Дар бисёр ҳолат ин мушкилот ба аломатҳои табbии  сину сол, ҳолати ҷисмониву руҳии кӯдак алоқаманд буда, доштани ҳуқуқ, ҳимоя ва таъмини онҳоро тақозо мекунад. Одатан кӯдакон дар бисёр давлатҳои дунё алалхусус, давлатҳое, ки вазъи дохилии онҳо ноором аст, ба  муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин омилҳо боис мешаван ки кӯдакон дар вайронаҳо, кӯчаҳо зиндагӣ карда, ҷалб нашудани онҳо барои таҳсил дар мактабҳо боис мегардад. Ҳамаи ин омилҳо ба фавти кӯдакон, бемориҳои носолим, вазъи ҷисмониву руҳӣ ва ба таври кофӣ надоштани малакаи зеҳнии онҳо оварда мерасонад. Ҳолати кунунӣ шаҳодати он аст, ки дар бештари давлатҳои дунё кӯдакон ба меҳнати маҷбурӣ, қочоқ, тиҷорати ғайриқонунӣ (хариду фурӯш), одамрабоӣ, истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонӣ дучор мешаванд. Аммо ба ҳамаи ин ҳолатҳо нигоҳ накарда, раванди ҳимояи ҳуқуқи байналмилалии кӯдакон аз аввали асри 20 то имрӯз идома дорад. Пас аз ташкил шудани Институти байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак 23-июли соли 1913 дар Брюссел, кӯдакон ба ҳимоя ва ғамхории махсус фарогир шуданд. Ба ақидаи профессор Ю.С Бадальян Институти байналхалқи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар худ меъёр ва принсипҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро таҷассум кардааст, ки давлатҳоро барои   иҷрои уҳдарориҳо водор мекунад.

   Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таъсис ёфт, ки дар асоси он як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ таҳия ва қабул шудаанд. Яке аз аввалин санад ин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба шумор меравад, ки 10-декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардид. Илова бар ин барои кӯмак ба кӯдакони дар ҷанги дуюми ҷаҳони зарар дида Фонди кӯдакони СММ (Юнисеф) таъсис дода шуд, ки муҳлати фаъолияташ  муваққати пешбини шуда буд, аммо соли 1953 СММ ба ин фонд сармоягузорӣ намуд ва муҳлати амалашро бемаҳдуд кард.

   Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҳуҷҷати асосии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 20 ноябри соли 1989 қабул гардидааст, ки  қариб тамоми давлатҳои дунё онро ратификатся намуданд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Конвенсияи мазкур натанҳо доираи ҳимоя ва ҳуқуқи кӯдакон балки муносибат ва рафторро низ ба танзим медарорад.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, иҷрои  уҳдадориҳои дар Конвенсия зикр шударо ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кӯдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои кишвар захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Бинобар  давлату ҳукумат кӯшиши худро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, хариду фурӯши кӯдакон ва ҷалб шудани онҳо ба меҳнати маҷбурӣ  ва муҳаё намудани шароитҳои беҳтар барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Ногуфта намонад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон” аз  18 марти соли 2015 қабул шуда, фарогири ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдак аст. Ва инчунин дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 қабул шудааст.

   Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

   Бояд гуфт, ки ин ҳама талошҳо барои ҳифз ва риояи ҳуқуқи кӯдак аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон мебошад. Маҳз сиёсати пешгирифта ва хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки нисбати ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса медиҳанд.

Рузибоиён Нодирпур,

корманди Институт

Последнее изменение Чоршанбе, 30 Майи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/