wrapper

Хабарҳо

(Илҳом аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон )

  Моҳи шарифи Рамазон яке аз моҳҳое мебошад, ки онро дар гузашта ҳамчун моҳи ҷамъоварандаи табақаҳои гуногуни ҷомеа ва пойдори дӯстӣ миёни башарият шинохта шуда, на фақат миёни мусалмонон ва аҳли китоб, балки дар муомила бо пайравони дигар динҳо ва равияҳо, дар баробари зиндагии осоишта мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро дар фарҳанги исломӣ ва тоҷикии мо то ба имрӯз, ин анъана ривоҷ ёфта аст, ки дар арафаи рӯзҳои моҳи шариф ҳамчун рӯзҳои раҳмату мағфират ва озодии итқун мина-н-нирон ёд мешавад. Тамоми мардуми мусалмон хоҳ дар Тоҷикистон ва берун аз он барои ноил шудан ба чунин манзалати муқаддас ба пеша намудани хайру эҳсон, расонидани кӯмак ба муҳтоҷону нодорон ва амалӣ намудани арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи исломӣ дар ин моҳи муқаддас сабқат мекунанд. Онҳо муътақиданд, ки ин моҳ, моҳи бахшиши гуноҳҳо, поксозии дилҳо иҷрои амалҳои хайру эҳсон ва дар бадали он ноил гардидан ба савобу аҷри бепоён мебошад. Чунки «ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад... Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон, то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияти инсони комил ва солеҳ будааст».

   Имсол низ чун ҳамасола, баъди ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми шарифамон барои оғоз бахшидани моҳи шарифи Рамазон, хоҳ дар дохил ё  берун аз он, ба хотири шунидан ва бардошт кардани насиҳатҳои мазкур дар Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесабронаро интизор мешаванд, зеро Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои табрикотии хеш мардуми шарифи Тоҷикистонро раҳнамои ба аъмоли неку башардӯстона менамояд. Аз ҷумла дар Паёми табрикотии имсолаи ӯ чунин омадааст: «Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва дар хонадонатон фазои орому осуда ва файзу баракат орзу менамоям».

  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бартарӣ ва имтиёзоти ин моҳ ёд намуда, аз ҷумла чунин мегӯяд: «Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».

  Аммо ҳикмату маънои рӯза гирифтан дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд ба фарҳангу одатҳои мардумии хеш баргашта, ин моҳро ҳамчун як мактаби тарбиявию маърифатӣ ҳифз карда, ба арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатамонро ҷиҳати ташаккул ва рушди он аҳамияти хоса дода, тарғибу ташвиқ намоем. Чунки «моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом, имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад», бо изофа аз «пок нигоҳ доштани забон ва риояи маданияти муошират беҳтарин нишонаи миллати соҳибтамаддун мебошад», ки онро дар ин моҳи шариф мушоҳида карда мешавад.

  Амалҳои хайри инсонӣ ва башардӯстӣ дар тамоми сол бисёр аст, аммо дар моҳи рамазон подоши кори нек, эҳсони хайрхоҳон нисбат ба дигар моҳҳо дида зиёд аст. Чи тавре, ки Пешвои миллат аз суханони Имом Абӯҳанифа иқтибос карда қайд мекунад, ки «сафои қалб ва одоби неку ҳамидаро ҳусни ботин ва зинати зоҳири мусулмонон дониста, таъкид кардааст, ки агар шахс барои ризои Худо дар моҳи Рамазон як амали хайрро анҷом диҳад, ба шахсе баробар аст, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом медиҳад».

  Моҳи Рамазон ҳамчун мактаби тарбияти руҳу бадан аст, ки ҳамагон новобаста аз макону замон, чи марду зан, чи дорандаву камбағал онро рӯза медоранд ва дасти кӯмак ба эҳтиёҷмандону ятимон, ва маъюбон нотавонон дароз мекунанд. Инчунин, паҳлуҳои дигари хайр намудан дар ин моҳ вуҷуд дорад, ки метавон саҳми созанда ва савоби бузургро ноил гашт, ба монанди кӯмак намудан дар фароҳам овардани шароити таълимӣ баҳри толибилмон ва обод кардани беморхонаҳои табобатӣ. Дар ин баробар, «хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва шахсоне, ки имкони мусоиди моддӣ ё ба гуфтаи халқамон “дасти хайр” доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла ба ягон маҳалли аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан низ кӯшиши бештар карда, соҳиби савоби ҷория мешаванд ва бо ин амалҳои некашон дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд».

  Дар охири моҳи Рамазон, пеш аз барпо кардани иди Рамазон, рукни асосии дигари хотимавии боқӣ мемонад, ки он садақаи фитр мебошад. Ва он баҳри хурсанд гардонидани муҳтоҷон, сила намудани сари ятимон, зиёд намудани эҳсоси инсоният болои қамбағалон ва пок кардани хеш аз тамоми камбудиҳои рӯзаи ин моҳ, машруъ гардидааст. Чунки садақаи фитр «яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ яке аз василаҳои муҳими дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро... балки ба... эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад. Зеро тибқи ояти 60-уми сураи “Тавбаи” Қуръони маҷид танҳо чунин одамон ба қабули ҳар гуна хайрот, аз ҷумла садақаи фитр ҳақ доранд».

  Агар аз фалсафаву ҳикмати Рамазони карим, паҳлуҳои фоидаҳои он иброз намоем, аз асолату таъсирӣ манфиати он дар тамаддуни башарӣ ва таҳким бахшидани равобити инсондӯстии он дар миёни афроду табақаҳои мухталифи ҷомеъа, маҳбубият миёни мардуму давлатдорон ҷиҳати фазои орому осоишта сухан гуем, ба асрори ин канзи илоҳӣ расида наметавонем, зеро «асл ва ҳикмати ислом аз иҷрои ин рукнҳо, қабл аз ҳама, ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд аст, ки ба қадри неъматҳо расида, дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамояд.

  Ҳоло шаҳрвандони мамлакатамон ба шарофати истиқлолият ва бо истифода аз муҳити сулҳу суботи комил ҳамаи фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд ва хуб медонанд, ки арзишҳои инсонпарваронаву сулҳхоҳонаи исломӣ ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо – тоҷикон мебошанд.

  Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем... дар баробари пос доштани арзишҳои динӣ озодӣ ва сулҳу оромӣ неъмати бебаҳои зиндагист, муҳаббат ба Ватан шарти имондорист ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибдавлатӣ низ аз ҷумлаи воҷибот мебошад» онро доимо сарчашма ва асоси адо намудан ба шакли комил ва анҷом додани ин рукни муҳими ислом мешуморем.

  Инчунин, дар кишвари азизамон ин моҳи муборак ҷиҳати фароҳам овардани фазои имонӣ ва барпо намудани ибодати содиқона дар қадам ба қадам ҳамчун кишвари замонвии имрӯза рақобатро болои озуқаворӣ сахтар намоем, то ки ба орому осоишта гузаронидани ин моҳ ва дастрас намудани тамоми озуқаворӣ ба ҳамагон ба монанди «аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд».

  Баъди ин дастуроти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон табрики муборакбодии хешро пешкаш намуда чунин гуфт: «Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саодату хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори осуда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ободиву пешрафти рӯзафзун орзумандам».

 Ин мавзӯъ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар 12.05.2018, шаҳри Душанбе, иқтибос шудааст.

Одинаев АБДУҲАЛИМ

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Последнее изменение Шанбе, 09 Июни 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/