wrapper

Хабарҳо

  Ӯ дар замони хеле қадим ба таври ғайриоддӣ зиндагӣ карда, хотироташ монанди як муҷассамаи бостонӣ дар уқёнуси хайёл шиновар ва гӯё танҳо тариқи ривоятҳо то мо мерасад. Шояд бо гузашти беш аз 2300 сол саҳми ривоятҳо бештар аз ҳақиқат бошанд.

  Падари ӯ математик ва ситорашинос буд ва ба Ҳиро яке аз золимони Сиракуз риштаи хешутаборӣ дошт. Архимед аз даврони тифлияш ба дунёи ададҳо ва ҳисобу китоб шавқи зиёде пайдо кард. Ӯ тамоми умр аз мантиқи устувори қонунҳои ҷовидонаи ин олами муъҷиза, ки дар баробари он, қонунҳои ҷаҳони инсон зудгузар, таҳаввулпазир ва номукаммал буданд, лаззат мебурд. Архимед инро махсусан дар Искандрия ҷое, ки Птоломейҳои қудратманд ба қавли як файласуфи оворагард «артиши кирмҳои дастии китобиро мехӯрониданд, ки ҳамеша дар лонаи илҳом вақти худро сарфи баҳс мекарданд».

   «Кирмҳои китобӣ» - ин баргузидагони илм ва адабро аз тамоми  гӯшаву канори дунё  гирд меоварданд, то барои шуҳратёр шудани фармонравоёни Миср заҳмат кашанд ва онҳоро дар эҷодиёти худ сано хонанд.

   Ин замони фиребандагии «зариф ва ҳушмандона», хушомадгӯии «ҷаззоб», чоплусии «боназокат» буд, ки хоҳиши писанд омадан ба Птоломей на танҳо афкори шоиронро, ки моил ба саногӯӣ буданд, балки мағзи нобиғаҳои улуми нуҷум, риёзӣ ва ҳандасаро низ тасхир карда буд.   Шояд ҳамин эҳсоси «вафодорӣ»-и ҷомеа ба ҳокимон, ки хеле бо оҳанги мутантан ва ҳарисона баён мешуд, боис гардид, ки донишманди ҷавони Сиракузи-Архимед ин маркази илму маърифатро, ки бойтарин китобхонаи ҷаҳон он ҷо буд, тарк кунад ва ба хонааш   Ситсилия баргардад.

   Ва ё шояд ӯ Искандирияро ба хотири он низ тарк кард, ки назару андешаҳои Арастуи бузургро доир ба механика саҳл мегирифтанд ва «маҳорати косибӣ»-и дархӯри бардагон (ғуломон) мешумориданд. Ҳамин улуми механика буд, ки бо зебоиву ҷаззобияташ на камтар аз ҳандаса, таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб мекард.  

  Вай дарк мекард, ки  маҳз қонуни фишанг- қонуни ҳақиқии коинот аст ва эҷоди занҷираи фарзияҳову теоремаҳо дар миханика, амале буд, ки худи Евкилид низ ба он даст задааст. Ба Сиракуз ӯ асосҳои илми наверо овард, ки наслҳои оянда онро омор «статистика» номгузорӣ карданд ва дар он ҳамчун таҳкурсии устувор, бинои бузурги илми механикаро замина гузоштанд.

  Дар Сиракуз Архимед бе ташвиш дар иҳотаи муҳаббату ғамхорӣ  зиндагии шоиста дошт ва аз маблағ танқисӣ намекашид. Бо вуҷуди ин ӯ ба зиндагӣ ва роҳати худ аҳамият намедод ва ҳамеша ба ҳисоб машғул  буд.  Овозаҳои гуногуне паҳн мешуд, ки гӯё Архимед муддатҳои тӯлони  ғизоро фаромӯш кардаст ва ҳатто шустушӯ ҳам намекард, аммо омода буд, ки  болои чангу ғубор, хокистар ҳатто танаи худ хату нақшаҳо кашад. Як рӯз ӯ дар ҳавзи ҳаммом ба таври ногаҳонӣ неруи ғайриоддии теладиҳандаро кашф кард, ки ҳангоми ҳангоми ғутавар шудани баданаш дар об (яъне модаи моеъ) эҳсос кард ва ҳама чизро фаромӯш карда, урён дар кӯчаҳои Сиркуз медавид ва бо нидои ғолибона «Эврика!», яъне «Ёфтам!» фарёд мезад. Ӯ дар ин ҳол аслан парво намекард, ки мардум дар борааш чӣ андеша мекунанд ва ояндагон чи хоҳанд гуфт, ҳатто барои фикр кардани ин масъалаи ба назараш беарзиш ва пуч, вақт надошт.

   Баъзе аз андешаҳои худро ҳатто лоиқи дар варақ сабт кардан намешуморид ва мо ҳеҷ гоҳ намефаҳмем, чи хел тавонистааст решаҳои квадратиро аз шумораи зиёди рақамҳо то пайдо шудани қоидаҳои истихроҷи реша  барорад.

   Архимед дар илм аз камтарин намунаҳои дар як шахс таҷассум ёфтани ҳам олими бузурги назария ва ҳам муҳандиси соҳибихтисос буд ва имрӯз бидуни завқ ва тааҷҷуб наметавон сатрҳои то ба мо расидаи Плутархро хонд, ки чи тавр дар бораи муҳосираи Сиркуз аз ҷониби сарлашкари Рум Марсело нақл мекунад.

  Даҳҳо  манҷаниқҳои дар заминаи нақшаҳои Архимед бунёдшуда ба киштиҳои ҷангии душман сангҳои бузурги киштишиканро ҳаво медоданд. Ба сари маллоҳон ва аскарон борони найзаҳое аз аслиҳаҳои механикӣ меборид. Ин механизмҳои беназир одамонро бо «панҷа»-ҳояшон бардошта,  ба баландӣ мепартофтанд. Ҳатто ин мошинҳо қодир буданд, ки аз бинии киштиҳо бардошта онҳоро чаппа кунанд. «Чи илоҷ, мо бояд ҷангро алайҳи муҳандис қатъ кунем»-бо шӯхӣ, вале  маҳзун мегуфт  Марсел. Архимед пирӯз шуд.  Ба шаҳодати Плутарх: «Архимед меҳвари мудофиа буд, сари танҳо ҳама чизро ба ҳаракат медаровард ва ба ин васила шаҳрро ҳифз мекард». Ӯ – «тарроҳи асосӣ» Сиракузи қадим, намунаи олии қаҳрамонии илмӣ ва шаҳрвандиро ба насли оянда мерос гузошт ва ҳангоме, ки хоинон дари шаҳрро ба рӯи римиҳо кушоданд ӯ ҳамчун аскари оддӣ аз теғи легионерҳои румӣ ба қатл расид.

   Далел ҳама вақт далел боқӣ мемонад: Рими қадим ҳеҷ гоҳ натавонист асрори мошинҳои Архимедро бифаҳмад ва ягона ғанимати Марсел, ки беҳтарин ороиши хонаи ӯ гардид, кураи шуҳратманди Архимед буд, ки дар он нақши ҷирмҳои осмонӣ ифода гардидаанд. Баъд аз солҳои тӯлонӣ Марк Тули Сисирон ба ин кура назар андохта гуфт: «…ин ситсилиягӣ то ҳадде ақлу идрок дошт, ки гумон мекунам табиати инсонӣ ба он дастрасӣ надорад».

… Архимед ҳамон рӯз чунон саргарми кор буд ва ҳатто нафаҳмид, ки шаҳрро римиҳо ишғол кардаанд. Вақте ки аскари фиристодашуда пешаш омад ва амр кард, ки зуд пеши Марсела ҳозир шавад, Архимед мисли шахсе, ки аз хирагии пашша ба танг омада бошад, ғазаболудона сарашро аз болои нақшаҳояш набардошта, нимғурма гуфт:

- Халал нарасон ман ҳисоб карда истодаам. Аскар шамшерашро кашида сари Архимедро аз тан ҷудо кард.

Бо гузашти солҳои зиёд ҳатто қабраш нопадид шудааст, аммо асрҳои аср наслҳои баъд ва пайравони ӯ ҳамеша ҳангоми кашфиёти илмие нидои пирӯзӣ хоҳанд зад: - «Эврика!», яъне «Ёфтам!»

 Таҳияи Гулҳаёи Мадимар

Последнее изменение Ҷумъа, 08 Июни 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/