wrapper

Хабарҳо

  Дар бархе аз воситаҳои ахбори омма баъд аз интишори натиҷаҳои «баррасӣ»-и як қатор рисолаҳои илмии олимони тоҷик аз ҷониби дастандаркорони сомонаи «Диссернет», ки аксаран аз нафарони ранҷида ва дорои лақабҳои манфӣ (Козляков — «девона», Ерусалимский – «масхарабоз», Бабицкий – «бомж») мебошанд, матлаби зиёде нашр шуд. Ҳарчанд «пешниҳод»-ҳои ин сайт дар робита ба рисолаҳои илмии сиёсатмадорону шахсони машҳури Федератсияи Россия аз ҷониби роҳбарияти ин кишвар, Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва дигар сохторҳои марбута ҷиддӣ қабул нашуд, вале вобаста ба олимони тоҷик ҳангомаву дасиса хеле зиёд шуданд.  

   Аз ҷумла, рисолаи доктории  ман, ки дар мавзӯи «Рушди чорвои гӯштӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 29 декабри соли 2014 дар Шӯрои диссертатсионии Д006.632.01, Институти умумироссиягии ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идораи хоҷагии қишлоқ (шаҳри Маскав) дифоъ, шуда, мутобиқи қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 1 июли соли 2015 ба ман унвони илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.15 – иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ ва 08.00.14 иқтисодиёти ҷаҳон дода шуд, дар сархати ин сомона қарор гирифт.

  Дар тааҷҷубам, ки чаро баъд аз 2 соли тасвиби қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия «Диссернет» бо «кумак»-и «дӯстони ватанӣ» рисолаи доктории маро мавриди «пажӯҳиш» қарор дод? Аз он нигаронам, ки дар ҷараёни бекоркунии қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия далелҳо, ки дар ҷавоби расмии муаллиф ва мушовири илмӣ, доктори илмҳои иқтисод, узви вобастаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия А. С. Миндрин дар ҳаҷми 50 саҳифа ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми даъвои муаллифони сомонаи «Диссернет»-ро рад мекунанд, ба инобат гирифта нашуд. Агар манзури онҳо шаффофият бошад, чаро далелҳоеро, ки собит шудаанд, ба инобат намегиранд, аслият, нодирият ва муосирии рисоларо сарфи назар мекунанд? Ин суолҳое мебошанд, ки «аллома»-ҳои «Диссернет» бояд посух диҳанд. Илова бар ин, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврали 2017 вобаста ба баррасии объективонаи рисолаи доктории ман бо замима намудани матлаби тасдиқкунандаи аслият ва нодирии кори илмӣ мактуби расмӣ ирсол кард, ки онро низ масъулини Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия сарфи назар карданд.

  Мушкили асосӣ аз он иборат аст, ки «Диссернет» варианти муқаддимотии рисоларо ба асос гирифта, дар бораи бекор кардани қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ даъво ба миён овард. Чаро «Диссернет» намунаи ниҳоии рисолаи докториро, ки дар раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ, китобхонаи муассисаи ҷойи дифоъ, Китобхонаи давлатии Федератсияи Россия ва чанд ниҳоди дигаре, ки фиристодани рисолаи дифоъшуда ба онҳо ҳатмӣ мебошад, ба асос нагирифт, то ҳол маълум нест.

  «Зери коса нимкоса будан» дар он зоҳир мегардад, ки маълумотномаи Китобхонаи давлатии Федератсияи Россия аз 6 феврали соли 2015 ва санҷиши аслияти матни рисолаи маро тавассути «Антиплагиат», ки меъёри шаффофиятро исбот мекунад, ба назар нагирифтанд. Тибқи хулосаи коршиноси пешбари китобхонаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия Сологубов, ки  онро муовини директор оид ба иттилоот И. А. Груздев тасдиқ қардааст, аслияти он 76,45 фоизро ташкил дода, 22,55 фоизи матни рисола аз 40 манбаи дар рӯйхати адабиёт нишондодашуда, иқтибос гардидаанд. Дар маълумотнома қайд шудааст, ки баъд аз хориҷ кардани мувофиқати истилоҳҳои ривоҷёфтаи илмӣ, иқтибосҳо 19,62 фоизро ташкил доданд. Монандиҳои кашфшуда дар рисолаи илмии ман аз олимони тоҷик иқтибос оварда шудааст, на аз олимони рус, чуноне ки муаллифони «Диссернет» даъво доранд. Далели асосии «Диссернет» он аст, ки гӯё асоси рисолаи илмии ман шабеҳи кори илмии олими рус Н. З. Гончарова мебошад. Ҳол он ки мутобиқи хулосаи Китобхонаи давлатии Россия, иқтибос аз рисолаи илмии номбурда танҳо 3,1 фоизро ташкил медиҳад, ки дар номгӯи адабиёти истифодашуда зикр шудааст.

  Авҷ гирифтани иғвогарии сомонаи «Диссернет» оид ба рисолаҳои илмии чеҳраҳои шинохта аз шумори сиёсатмадорону олимони варзида аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти муғризонаи он дар ҳамдастӣ ва кумаки бадхоҳони миллати тоҷик роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ паст задани обрӯи миллату давлати тоҷик мебошад.

Назрулло Амиров,

муовини директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://sadoimardum.tj/maorif/andoza-niga-dor-ki-andoza-nakust/

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/