wrapper

Хабарҳо

   Аз ибтидои сол то имрӯз аз ҷониби вазорату идора, ташкилоту муассиса ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт 72 майдончаи варзишӣ ва 3 боғу гулгаштҳо бунёд гардидаанд, ин нуктаро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 24 июли соли равон зимни ҷаласаи ҳисоботӣ иброз дошт.

   Тавре дафтари матбуотии шаҳрдор иттилоъ медиҳад, дар ин робита Раиси шаҳр масъулинро вазифадор кард, ки барои ба роҳ мондани истифодаи мақсадноки иншооти варзишӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои корношоям гардидани дастгоҳу таҷҳизоти онҳо чораҷӯӣ намоянд.

   Бояд гуфт, ки дар ин ҷаласа шаҳрдорӣ қайд намуд, ки тибқи нақшаи соли ҷорӣ 1700 адад иншооту бино бо дарназардошти соли 2017 ба шабакаҳои гармидиҳӣ бояд пайваст шаванд. Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, ки нақшаро то 1800 адад расонида, ҷиҳати омодагӣ ва ба қабули гармӣ тайёр намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар, азнавсозии шоҳқубурҳои магистралию дохиликварталӣ ва пойгоҳҳои гармидиҳӣ якҷоя бо ширкати «Барқи Тоҷик» тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

   Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот аз ҷумла, сохтмону азнавсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шудааст. Инчунин, дар 28 иншооту бинои шафати роҳи протоколӣ корҳои таъмирӣ идома дошта, дар 8 бино аллакай корҳо ба анҷом расонида шудааст.

   Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 муассисаи таълимӣ барои 5804 ҷой аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой давом дорад. Инчунин, сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 690- ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷо аз ҳисоби соҳибкорон идома доранд.

   Яке аз ҳадафҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе тавре роҳбари шаҳр мегӯяд, ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ба шумор рафта, дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 километр корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дига дар масофаи 9 километр ва дар масоҳати 134 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд.

   Дастовардҳо дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии пойтахт низ назаррас буда, дар давоми якуним сол ба шаҳр 169 автобуси нави замонавӣ ворид карда шудааст ва то моҳи сентябри соли равон 95 адади дигар бояд ворид карда шавад.

   Зимни ҳисоботи худ Раиси шаҳри Душанбе ба масъалаи беҳтарнамоии раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимии пойтахт, фаъолияти самаранаки муассисаҳои соҳаи маориф, фароҳам овардани ҷойҳои нишаст, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва такмили малакаи кормандони соҳа, пешгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ, рушди маънавиёт ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, дастгирии фаъолияти эҷодии сокинони шаҳр ва тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ диққати ҷиддӣ дод.

   Гуфтан ба маврид аст, ки воқеан шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз зеботару диданитар гардида истодааст. Ин нуктаро зимни гашту гузор атрофи шаҳр мушоҳида намудан мумкин аст, вале суоли матраҳ ҳам ин аст, ки оё сокинони пойтахт масъулияти нигоҳубини ин зебоиҳоро қадр мекарда бошанд ё на, ин аст нуктаи баҳс.

   Дар ҳар сурат ин зебоӣ масъулият ва нангу номуси миллиро тақозо мекунад, ки бояд сокинон шукргузорӣ аз ин ободиро кунем. Агар обод кардан аз дасти мо намеояд, ҳадди ақал заррае таваҷҷуҳ дошта бошем, ки кӯдакону наврасон ин майдончаву гулгаштҳо ва иншоот ва ҳатто мактабҳо хароб насозанд. Гулу дарахтҳои атрофи биноҳоро об диҳанду эҳтиром намоянд.

Умед Пудинаев,

корманди Институт

Последнее изменение Панҷшанбе, 26 Июли 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/