wrapper

Хабарҳо

   Аз 17 то 22-юми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Фаронса” баргузор гардид.

   Дар чаҳорчӯбаи  ҳафтаи мазкур як қатор ҷамъомаду намоишҳои илмӣ ва оммавӣ баргузор гардид, ки ин ҳама бозгӯи равобити дӯстона миёни Тоҷикистон ва Фаронса буда, аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар замони соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад. Сараввал  дар Қароргоҳи Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон бо иштироки Франсис Ришар дар мавзӯи «Китобхонаи миллии Фаронса, манускриптҳо: Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса» конфронс баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур характери илмӣ ва фарҳангӣ дошт, ки дар саҳифаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса ҷойи намоёнро касб менамояд.

    18 сентябр дар киностудияи «Тоҷикфилм» барои ҳаводорони синамо кинофилми Реми Шае «Дар боми ҷаҳон» пешниҳод  шуд.

   19-уми сентябр дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Ҳамкории бостоншиносӣ байни Фаронса ва Тоҷикистон – лоиҳаҳои Осорхонаи Гиме» баргузор гардид, ки ҷамъомад дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ басо муҳим ва судманд арзёбӣ мегардад.

   Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли ҳафта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мактаби тобистонаи «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиҷаҳо ва дурнамои тадқиқот» баргузор гардид.

   Метавон гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф байни Тоҷикистон ва Фаронса ҷараёни тоза касб намуда, хусусан дар самтҳои илм ва фарҳанг тақвияти бештар ёфтаанд. Роҳандозӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ин самтҳои соҳаи афзалиятнок дар равобити байнидавлатии ду кишвар ба ҳисоб рафта, густариши минбаъдаашон ба манфиати ҷонибҳо мусоидат менамояд.

 Ардамеҳр Ашуров,

ходими илмии Институт

 

Последнее изменение Сешанбе, 25 Сентябр 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/