wrapper

Хабарҳо

   Ман ба таблиғи рисолат омадам,

   То раҳонам ман шуморо аз надам.

                                                     Мавлавӣ

    Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯйи кор омадани сулолаҳои бегонаи турктабор рӯҳи миллӣ, ки дар замони Тоҳириён, Саффориён, ба вижа Сомониён, зиндаву эҳё ва ба авҷ расида буд, ба заъф мегарояд. Маҳмуд ва ҳамфикрони ӯ бар зидди Фирдавсӣ, ки зиндакунандаи рӯҳи миллӣ ва эҳсоси ватандӯстона буд, мебароянд ва барои он ки нақшу мақоми шоҳкори ӯ «Шоҳнома» - ро бикоҳанд ва билкул аз байн бибаранд, даст ба фирдавсиситезӣ мезананд. Хусусан шоирони дарбори ӯ - Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон ба иншои достонҳои ба истилоҳ ҳаммосавӣ, аз ҷумла «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома», «Маҳмуднома» ва ғайра, мезананд ва ба таври ошкоро ба Фирдавсӣ ва рӯҳи миллӣ метозанд. Аммо бо ин ҳама кӯшиш наметавонанд рӯҳи миллиро аз байн бибаранд. Баръакс, «Шоҳнома» беш аз пеш дар байни мардум шуҳрат меёбад ва Фирдавсӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ҳатто иншои китоби «Умарнома», ки дар муқобили «Шоҳнома» навишта мешавад, наметавонад мардумро аз «Шоҳнома» ва шоҳномахонӣ дур созад, рӯҳи диниро ҷойгузини рӯҳи миллӣ намояд. Ба ҳарфи дигар, бегонагон, аз ҷумла Маҳмуд ва ҳамандешони ӯ, натавонистанд, ки рӯҳи миллиро шикаст диҳанд ва онро яксар аз миён бардоранд. Ба ин маънӣ, аллома Шиблии Нӯъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» чунин менависад: «Бояд донист, ки барои қабули оми «Шоҳнома» дар ин аср (асри нуфузи диёнати ислом) мавонеи зиёде даркор будааст… Чунонки ҳамон вақт китобе дар ҷавоби «Шоҳнома» бо исми «Умарнома» таълиф гардид, ки муаллифи он дар дебоча дар баёни сабаби таълифи он китоб менависад, ки чун Фирдавсӣ як силсила афсонаҳои Аҷамро ҷамъ кардаву китобе ба номи «Шоҳнома» интишор додааст, лизо, ман ин китобро дар ҳолоти халифаи дувум менависам, то таваҷҷуҳи мардумро аз хондани «Шоҳнома» мунсариф сохтаву ба мутолиаи ин китоб машғул созам… Вале, ба вуҷуди ҳамаи инҳо, натиҷа ин шуд, ки аз Хуросон гирифта то Бағдод, аз тамоми дару девор садои «Шоҳнома» баланд будааст. Дар тақризу таҳрир, таснифу таълиф, хилвату ҷилват, кӯчаву бозор ва билохира, аз ҳама ҷо ғайр аз «Шоҳнома» замзамаи дигар шунида намешуд. Мардум, вақте ки аз кор фориғ мешуданд, даври ҳам ҷамъ шуда, аз миёни онҳо як нафар соҳибовоз ашъори «Шоҳнома» - ро аз ҳифз мехонд ва шуҷоату диловарӣ ва ҳубби Ватану ҷонбозӣ ва фидокориву ғайрату ҳиммат ва соири хасоил ва сифоти истиқлолталабонаи он як таъсири намоёне бар аҳли маҷлис мебахшид. Салотину умаро то чандин қарн ашъори «Шоҳнома» - ро дар макотиби худ ба муносибате шоҳид овардаву мурсилоти худро ба он зинат медоданд. Дар мавқеи ибрози шуҷоату диловарӣ ба таккаллуф мутаранним ба ашъори «Шоҳнома» мешуданд. Дар майдони байни ҷанг ба ҷои раҷаз «Шоҳнома» мехонданд. Туғрал - охирин султони салҷуқӣ, дар майдони ҷанг машғул ба пайкор буд ва ӯ, то вақте ки ҷон дод, ин ашъори «Шоҳнома» аз забонаш ҷорӣ будааст:

   Ман он гурзи якзахм бардоштам,

   Сипаҳро ҳамон ҷой бигзоштам.

   Чунон бархурӯшидам аз пушти зин,

   Ки чун осиё шуд парешон замин».1

    Возеҳ аст, ки дар замони Мавлоно рӯҳи миллӣ билкул ба заъф гароида буд ва имконияти рӯшод баён кардани он дар миён набуд, аммо аҳли қалам, ба ҳар роҳ, пинҳону пайдо, рӯҳи миллию қавмӣ, эҳсоси ватандӯстонаи худро буруз медоданд. Агарчи шеъру шоирӣ дар қаламрави тасаввуфу ирфон ҳаракат мекард, рӯҳи мазҳабӣ дар ҷомеа ҳоким буд, шоирону нависандагон ба тамоми мазҳари ҳаёт аз равзани дину диёнат менигаристанд ва хомафарсоӣ мекарданд ва зоҳиран ҷое барои бурузи рӯҳи миллӣ, андешаи миллӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ намонда буд, аммо боз ҳам адибони мутараққӣ ва масъул, аз ҷумла Мавлоно, дар ҳамин асри нуфузи рӯҳи мазҳабӣ, аз забону фарҳанг, ёру диёру миллати худ дар осорашон ёд мекарданд ва бад-ин тартиб рӯҳи миллӣ ва инсонии худро ба намоиш мегузоштанд. Чунончи, Мавлоно, бо он ки дар Рум зиндагию эҷод мекард, дар дафтари аввали «Маснавии маънавӣ» аз Балхӣ, яъне тоҷик будани худ босароҳат хабар медиҳад ва фикри онҳоеро, ки ӯро ки танҳо Румӣ медонанд, ботил месозад. Аз ҷумла ӯ мегӯяд:«Ин бандаи нотавон ниёзманд ба раҳмати Худои баландпоя. Муҳамммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Балхӣ, ки Худо бандагии ӯро қабул кунад, мегӯяд: «Ман дар татвили ин китоби манзуми маснавӣ кӯшидам, китобе, ки шомили достонҳои шигифту нодир, суханони дурахшон ва раҳнамоиҳои равшан аст».2 Ва дар ҷои дигар чунин месарояд:

   Балхиям ман, балхиям ман, балхиям,

   Шӯр орад оламе аз талхиям.3

   Аммо шоир Румӣ будани худро ҳам фаромӯш наменамояд:

   Эй абр, фаррошӣ бикун, худро ба дарёҳо фикан,

   Рав, роҳро обе бизан, Муллои Румӣ мерасад.4

   Мусаллам аст, ки Мавлавӣ дар Қуния (Туркияи имрӯза) зиндагӣ кардааст, аммо тамоми осорашро ба забони модариаш - тоҷикии форсӣ эҷод намудааст ва бад- ин васила рӯҳи миллӣ ва муҳаббати хешро ба забону миллати худ на танҳо ҳифз, балки нишон додааст. Ва ҳамин муҳаббат ва ишқу алоқаи ӯ ба забон ва миллати худ аст, ки ӯ «ҳамзабониро хешию пайвандӣ» медонад ва ҳамчун адиби миллӣ дарси худшиносӣ ба ҳаммиллатон медиҳад:

   Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

   Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.5

   Зеро,ба қавли ростини ӯ:

   Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

   Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.6

   Аммо ӯ адиби масъул ва байналмилалию инсондӯст будани худро низ фаромӯш намекунад ва зина ба зина боло меравад, яъне аз адиби миллӣ ба дараҷаи адиби байналмилалӣ уруҷ менамояд. Бинобар ин, дар байти дигараш ба тавсифи рӯҳи инсонӣ мепардозад ва ҷанбаи байналмилалӣ, яъне башардӯстонаи орову афкори худро буруз медиҳад ва ҳамчун адиби миллию байналмилаллӣ қомат баланд мекунад. Ӯ дар хамин мавқеъ аст, ки «ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ» авлотар медонад ва мегӯяд:

    Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

    Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.7

   Тавре ки гуфтем, баъди фурӯпошии давлати миллии Сомониён ва ба тахт нишастани сулолаҳои бегонаи турктабор, ба вижа тохтутози муғулон ба кишвари мо, миллати мо ба як миллати хонабардӯш табдил ёфта буд. Бинобар ин, мардум, аз ҷумла аҳли қалам, тарки ёру диёр, зодгоҳу ватан мегуфтанд, яке рӯ ба Ҳинд» (Авфию Бадри Чочию Нахшабӣ…) ва дигаре рӯ ба Рум (Мавлавию Сайфи Фарғонию дигарон) меоварданд ва ҷойи амну осоиш меҷустанд. Аммо эшон дар ғурбат низ ҳеҷ гоҳ ёру диёр, ҳамватанону пайвандон, яъне рӯҳи миллӣ, тамаддуну фарҳанги гузаштаи хешро фаромӯш намекарданд, балки ба ин ё он тарз дар осори худ инъикос менамуданд. Албатта, Мавлоно дар ин боб аз пешравону пешоҳангон маҳсуб мешуд, зеро ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ зодгоҳу меҳану қавми хеш ва забони модарии худ-тоҷикии форсиро аз ёд намебурд. Бинобар ин, ӯ на танҳо ба забони модарии худ-тоҷикии форсӣ эҷод мекард, ба он арҷ мегузошт, балки аз он ба наҳви мухталиф ситоиш менамуд ва хусусан аз Хуросону Эрону Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои он ҳамвора дар осораш ёд мекард. Агар мо намунаҳое, ки ӯ дар он аз Мовароуннаҳру Хуросону Эрон, ба вижа шаҳрҳои он-Балху Вахшу Бухорову Самарқанду Тирмиз ва ғайра, ёд мекунад, биёварем, худ як рисола мешавад. Лиҳозо, бо овардани намунае аз тавсифҳои ӯ дар боби забон, ки аз арҷу эҳтиром вай ба забони модариаш-тоҷикии форсӣ хабар медиҳад, иктифо менамоем. Воқеан, «забон унсури муҳим ва аввалиндараҷаи ҳастии ҳар миллат ва ба қавли маъруф, шиноснамои ӯст. Мавлавӣ, ки шоир ва андешаманди тоҷик аст ва мисли Фирдавсӣ Аҷамро ба порсӣ зинда кардааст, алорағми арабинависону тозигароён ва мутаассибони он рӯзгор ва кулли рӯзгорон, ки забони ишқу ошиқиву ниёиши Худовандро танҳо арабӣ медонистанд ва медонанд, ба ин нуктаи муҳим даст меёбад, ки забони модарии ӯ низ тавонмандии онро дорад, ки на танҳо масоили илмиву фалсафиву ахлоқиву иҷтимоӣ, балки масоили диниву ирфониву илоҳиро низ ба равшанӣ бозтоб диҳад ва ҳатто болотар аз забонҳои дигар, аз ҷумла арабӣ, ҷилвагар созад. Хусусан дар васфи Худо («Дилбар») аз чунон нерӯ, расоӣ, арҷмандӣ ва боландагию сароҳат бархурдор аст, ки дигар забонҳоро дар ҳайрату шигифтӣ мегузорад, зеро ишқро як забон нест, балки, ба қавли Мавлоно, «сад забони дигар аст»:

   Форсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,

   Ишқро худ сад забони дигар аст.

   Бӯйи он дилбар чу паррон мешавад,

   Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад».8

   Мо ин гуна мисолҳоро, ки дар осори Мавлоно дар тавсифи забони модариаш - тоҷикии форсӣ гуфтааст, ҳам дар «Маснавии маънавӣ» ва ҳам «Девони Шамс» фаровон пайдо менамоем. Аммо дар ин мавқеъ мо ба ёдкардаҳои Мавлоно аз зодгоҳу ватани хеш-Хуросону Мовароуннаҳру Эрон ва шаҳрҳои он (Бухоро, Самарқанд, Балх, Кошон, Тирмиз, Рай), рӯ меорем, ки дар онҳо адиб ҷанбаи ватандӯстонаи осори худро ба намоиш гузоштааст. Воқеан, ин гуна афкору орои шоир, ки 800 сол қабл гуфта шудаанд, имрӯз низ арзиши худро аз даст надодаанд ва аз онҳо метавон барои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии аҳли кишвар, ба вижа ҷавонон, истифода кард. Зеро мо баъд аз 1000 сол ба истиқлолият расидем ва истиқлолият талаб мекунад, ки мо ватанамонро дӯст дорем, барои ободию шукуфоии он бикӯшем ва дар роҳи ҳифзи он ҷони худро дареғ надорем. Дар ин роҳ дастурҳои ҷовидонаи Мавлоно, ки ба сурати панду ҳикмат аз каломаш таровидаанд, хидмати бебаҳо менамоянд:

   Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,

   Аз дили ту кай равад ҳуббулватан.9

   ххх

   Нараи ҳой ҳӯи ман аз дари Рум то ба Балх,

   Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман.10

   ххх

   Ин Бухоро манбаи дониш бувад,

   Пас бухороист ҳар - к онаш бувад.11

   ххх

   То зи Қуния битобад нури ишқ,

   То Самарқанду Бухоро соате.12

   Мавлоно аз вожаи тоҷик (ҳамчун қавм) низ дар осораш фаровон ёд менамояд, аз ҷумла аз нармии тоҷикон, ки, аз як ҷиҳат, фоидаманд, аммо, аз ҷиҳати дигар, зараровар мебошад:

   Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,

   Чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.13

   Мавлавӣ аз Наврӯз, ки аз идҳои қадимӣ ва миллии мо буда, ҷашнгирии он расман аз Ҷамшед шурӯъ мешавад, ҳам дар «Маснавии маънавӣ» ва ҳам «Девони Шамс» ёд менамояд, Масалан, дар «Маснавии маънавӣ» аз омадани Наврӯз бад ин тарз хабар медиҳад:

   З-ин гузар кун, эй падар, Наврӯз шуд,

   Халқ аз халлоқ хуш падфуз шуд.

   Боз омад оби ҷон дар ҷӯйи мо,

   Боз омад шоҳи мо дар кӯйи мо.

   Мехиромад бахту доман мекашад,

   Навбати тавба шикастан мезанад.

   Тавбаро бори дигар селоб бурд,

   Фурсат омад, посбонро хоб бурд.

   Ҳар хуморӣ маст гашту бода х(в)ард,

   Рахтро имшаб гарав хоҳем кард.

   З-он шароби лаъли ҷони ҷонфизо,

   Лаъл андар лаъл, андар лаъл мо.

   Боз хуррам гашт маҷлис, дилфурӯз,

   Хез, дафъи чашми бад испанд сӯз.14

   Зимнан бояд гуфт, ки адибони мо, аз ҷумла Мавлоно, бо рӯҳи хайрхоҳиву шафқат ва инсондӯстонаи осори худ шуҳраи офоқ гардидаанд. Ба хотир биёред шеъри «Бани одам» - и Саъдиро, ки башарро як пайкари воҳид медонад ва мегӯяд:

   Бани одам аъзои якдигаранд,

   Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

   Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

   Дигар узвҳоро намонад қарор.

   Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

   Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ.15

   Агар Саъдӣ, ки ҳамасри Мавлоност, ин маъниро ба тафсил дар (се байт) баён карда бошад, Мавлавӣ онро ба иҷмол (дар як байт) ба қалам додааст:

   Ранҷи як ҷузве зи тан ранҷи ҳама- ст,

   Гар дами сулҳ аст ё худ малҳама-ст.16

    Азбаски ҳам Мавлоно ва ҳам Саъдӣ дар як аср зистаанд (асри 13), наметавон ташхис дод, ки кадоме аввалтар ин мазмунро гуфтаанд, яъне таъсирпазирии онҳоро наметавон мушаххас намуд. Агарчи Саъдӣ (1184 - 1291) пеш аз Мавлоно (1207 - 1273) таваллуд ва баъд аз ӯ вафот кардааст, боз ҳам наметавон аз таассури онҳо сухан дар миён овард, зеро таърихи сурудани ин ашъор маълум нест. Ба ҳар ҳол, ҳар ду инсондӯстӣ, шафқат ба ҳамнавъону дармондагону бечорагонро тараннум кардаанд ва тавсия додаанд ва бад - ин тартиб на танҳо аз маънавиёту фарҳангу тамаддуни волои миллати мо, балки рӯҳи байналмилалии адабиёти мо ва вассофи инсон будани худ ба ҷаҳониён дарак додаанд.

   Албатта, дар бораи ашъори башардӯстонаи Мавлоно ва рӯҳи қавии байналмилалии андешаву афкори ӯ метавон суханони зиёд гуфт ва мисолҳои зиёд овард, аммо мо бо овардани чанд байти машҳури яке аз ғазалҳои ӯ басанда менамоем:

   Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

   Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?

   Тавофи каъбаи сурат Ҳақат бад -он фармуд,

   Ки то ба воситаи он диле ба даст орӣ.

   Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

   Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

   Иморати дили бечораи дусадпора

   Зи ҳаҷҷу умра беҳ ояд ба ҳазрати Борӣ.17

   Зимнан бояд гуфт, ки Мавлоно дар осораш на фақат аз забону зодгоҳу қавми хеш фаровон ёд мекунад, инчунин аз қаҳрамонони милливу асотирӣ низ зикр ба амал меорад. Ӯ аз ҳама зиёд аз Ҷаҳонпаҳлавон- Рустам, ки рамзи далерию паҳлавонии ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, маҳсуб мешавад, ёд менамояд:

   Ҷон фидои ту кунам дар интиъош,

   Рустамӣ, шерӣ, ҳило мардона бош!18

   ххх

   Пеши ин хуршед кай тобад ҳилол?

   Бо чунин Рустам чӣ бошад зӯри Зол?19

   Бояд гуфт, ки Мавлоно дар ашъораш аз Кайхусрав, Доро, Ҷоми Ҷам, Дирафши Ковиёнӣ, Рахш-аспи Рустам, Вису Ромин, Хусраву Ширин, Вомиқ Узро ва соири қиссаву достон ва расму оинҳои қадимии тоҷикон низ ба ин ё он муносибат ёд менамояд, ки далели равшани инъикоси рӯҳи миллӣ дар ашъори Мавлоно метавонад буда бошад. Зиёда аз ин, ӯ дар осораш аз Ибни Сино, Саноӣ, Аттор, «Шоҳнома», «Калила ва Димна», Хоқонӣ, Низомӣ, Фахруддини Розӣ ва дигар андешамандону адибони пеш аз худ бо сароҳат ном мебарад, аз ашъорашон кор мегирад ва байту мисраҳои онҳоро иқтибос ва тазмин менамояд ва бад-ин тартиб аз алоқаи худ ба гузаштаи миллати хеш ба хонанда хабар медиҳад:

   «Шоҳнома» ё «Калила» пеши ту,

   Ҳамчунон бошад, ки Қуръон аз уту.20

   ххх

   Назири он ки Низомӣ ба назм мегӯяд:

   Ҷафо макун, ки маро тоқати ҷафои ту нест».21

   Албатта, ин намунаҳо, ки андаке аз бисёранд, иртиботи ӯро ба осори адибони қабл аз ӯ нишон медиҳанд. Аммо Мавлоно дар эҷоди асарҳои худ танҳо ба ин адибон, ки аз онҳо дар осораш ба вузӯҳ ном мебарад, суд наҷустааст, балки аз адибони дигари пеш аз худ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Абӯшакур, Фирдавсӣ, Асадӣ, Эроншоҳи Абулхайр, Фахриддини Гургонӣ, Ҷамолиддин ва Камолиддини Исфаҳонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон, таъсирпазир будааст. Бо як сухан, ӯ мутолиаи густарда дар адабу фарҳанги гузаштаи миллати хеш доштааст. Аз ин рӯ, шабоҳатҳои маъноӣ, забонӣ, мавзӯӣ, суварӣ ва амсоли ин дар байни осори гузаштагон ва Мавлоно фаровон ба чашм мерасад. Дар ин замина мо танҳо бо овардани як мисол аз ҳамсонии андешаи Мавлоно бо устод Рӯдакӣ қаноат менамоем:

   Рӯдакӣ:

   Ту аз фарғул бояд дурӣ бошӣ,

   Шавӣ дунболи кору ҷон харошӣ!22

   Мавлоно:

   Андар ин раҳ метарошу мехарош,

   То дами охир, даме фориғ мабош!23

    Ҳамин шавоҳиди андак нишон медиҳанд, ки таровишҳои табъи Мавлоно, тавре ки мо мепиндорем ва мегӯем, танҳо ҷанбаи илҳомӣ надошта, балки бештар ҷанбаи омӯзишӣ доштааст ва Мавлоно марде аз аҳли мутолиа будааст ва осори салафи худро ҳар оина меомӯхтааст ва баҳрабардорӣ менамудааст. Ба қавли худаш:

   Як рӯз ғазалгӯён, воллоҳ, супорам ҷон,

   Зеро ки чу мӯ шуд ҷон, азбаски ҳамемӯям.24

   Зимнан бояд гуфт, ки андешаву афкори миллӣ ва инсонӣ, яъне байналмилалию башардӯстона дар саросари осори Мавлоно мавҷ мезанад. Аз ин рӯ, миллати мо, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлат гардид ва бо озодиву истиқлолият даст ёфт, имрӯз имкони баррасии ҳамаҷонибаи осори Мавлоно, аз ҷумла ҷанбаҳои миллӣ ва байналмилалии осори ӯро пайдо кардааст, зеро то ин дам бештар ба ҷанбаҳои диниву ирфониву тасаввуфии осори ӯ диққат дода мешуд. Дигар, Мавлоно дар кишвари мо, ба қавли Шафеъии Кадканӣ, дар кунҷу канор, яъне ҳошияи шеъру адаб қарор доштааст, зеро дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ танҳо як маротиба аз ӯ ёд мешавад, аммо аз Бедил мукаррар, ки он, дар ҳақиқат, дар асорат афтодани адабиёти мо, ба андешаи Айнӣ, дар асрҳои охир ба сакта гирифтор шудани онро бармало месозад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Мавлоно дар зодгоҳи худ симое ноошно буд. Китоби «Ҷаҳонбинии Мавлавӣ» (1964)-и Нодир Одилов ягона тадқиқот дар асри гузашта ба шумор мерафт ва ошноии хонандагон ҳам ба осори Мавлавӣ дар ҳадди намунаҳо қарор дошт. Аз ҳама бадтар Мавлоно дар мактабҳои олӣ (ба таври монографӣ) ва миёна омӯхта намешуд. Танҳо дар поёни асри гузашта Мавлоно бо талаби омӯзгорони мактаби рақами 63-и шаҳри Душанбе ба барномаи таълим ворид гардид. Дигар, то ин дам ҳама Мавлоноро танҳо ба номи Румӣ ёд мекарданд, аммо мақолаи «Ҷалолиддини Балхӣ ё Румӣ?», ки соли 1999 аз ҷониби яке аз омӯзгорони кишвар дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» нашр шуд, андак-андак роҳро барои Мавлавии Балхӣ гуфтан низ ҳамвор кард ва аз ҳамин таърих мардум дар навиштор ва гуфтори худ аз ҳар ду ном мусовӣ кор мегирифтанд ва ин, албатта, қадамҳои нахустин миллати мо дар роҳи худшиносии миллӣ буд, ки мо набояд онро нодида бигирем. Аммо шинохти ҳамаҷонибаи Мавлоно ва дастрасӣ ба осори ӯ дар кишвари мо асосан ҳангоми ҷашни 800-солагии шоир (соли 2007), яъне дар замони истиқлолият ва баъд аз он шурӯъ шуд. Осори пурраи ӯ ба хатти кириллӣ нашр гардид. Пажӯҳишҳои зиёд дар бораи зиндагӣ ва ашъораш ба анҷом расонида шуд, ноҳияи Колхозобод номи Ҷалолиддин Балхиро гирифт ва 30 -юми сентябр «Рӯзи Мавлоно» эълон гардид. Аз ин рӯ, ҳар сол мо ин саннаи муҳимро бо шукӯҳу шавкати хос таҷлил менамоем. Ба сухани равшантар, маҳз дар замони истиқлолият мо чеҳраҳои бузурги миллии худ, аз ҷумла Мавлоноро шинохтем, ба осораш пурра дастрасӣ пайдо кардем ва аз мақоми волояш дар арсаи адабу тамаддуни башарӣ воқиф гардидем. Аз ин хотир, мо бояд шукри истиқлол, шукри ин неъмати бузург намоем, ки он дар поёни асри гузашта (бо мушкилоти зиёд ҳам бошад), бо роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, насиби мо гардид. Воқеан, гузаштагони мо ҳамеша дар орзуи ҳамин гуна истиқлолият буданд ва пинҳону пайдо дар осори худ аз он сухан дар миён меоварданд. Беҳуда Ҳассони Аҷам- Хоқонии Шарвонӣ нагуфтааст:

   Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,

   Бар чунин моида куфрон чӣ кунам? 25

   Дар ҳақиқат, мо бояд куфрон накунем, балки шукри истиқлол намоем, ки ба мо озодии аз даст рафтаамонро бозгардонд, моро ба мо ошно кард. Хусусан дари ошноиро ба рӯйи яке аз бузургтарин ва бедортарин фарзанди миллатамон-Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхии Румӣ (ҳамаҷониба) боз кард. Мавлоно, ки имрӯз аз ному осораш на танҳо мо-ҳаммиллатони ӯ ва шаҳрвандони кишвари Туркия, ки Мавлоно бо сабабҳои айнию зеҳнӣ дар он ҷо зиставу эҷод кардааст, балки тамоми аҳли башар ифтихор менамоянд, зеро ӯ тамоми башарро яксон дӯст медошт. Аз ин рӯ, барҳақ, ӯ ба кулли аҳли башар тааллуқ дорад. Гӯйӣ худи Мавлоно барои тасдиқи ин андеша аз забони шоир ба мо мегӯяд:

   Маро аз софии ботин зи худ донанд ҳар қавме,

   Ки ҳар зарфе ба ранги худ барорад оби равшанро.26

   Ниҳоят, инҷониб дар анҷоми сухан (вобаста ба таҷлили ҳарсолаи «Рӯзи Мавлоно») пешниҳод менамоям, ки минбаъд дар ҳамин рӯз, яъне 30-юми сентябр, зимнан аз фарзанди дигари миллатамон-Сайфи Фарғонӣ, ки ӯ ҳам дар ҳамин асри Мавлоно зиставу бо амри тақдир, яъне аз ҷабри муғул ба Қуния (Туркияи имрӯза), ба ин кишвари дар он замон нисбатан амн, паноҳ бурда ва дар он ҷо ба хоби абадӣ рафтааст, низ ёд кунем, зеро ӯ фарзанди миллати мост, ки ному осораш то ҷое аз назарҳо дур мондааст. Мо бояд, ба қавли худи шоир, «ин ганҷ ва зари ашъори ӯро», ки дар Рум зери хок пинҳон мондааст, ошкору кашф кунем ва дар хидмати ҳамватанон гузорем ва бад-ин тартиб ба пажвоки ӯ, ки аз қаъри асрҳо ба гӯши ҳаммиллатони хеш мерасонад, ҳар оина лаббайк бигӯем:

   Нигоро, Сайфи Фарғонист бе ту

   Чу булбул, к-аз гулистон боз монад.

   Зари ашъори ӯ дар Рум ганҷест,

   Ки зери хок пинҳон боз монад.27

  ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Шиблии Нӯъмонӣ.Шеър-ул-Аҷам, ҷ. 1, Душанбе, ДДОТ, 2016, с. 152-153.
  2. Маснавии маънавӣ. Теҳрон, Нашри замон, 2001, с. 15.
  3. Куллиёти Шамс ё Девони кабир.Аз гуфтори Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад, машҳур ба Мавлавӣ, ҷузви чорум. Теҳрон, 1363, с. 83 ва 269.
  4. Ҷалолиддини Румӣ.Девони кабир, ҷ. 1, Душанбе, Адиб, 1991, с. 139.
  5. Маснавии маънавӣ, с .46.
  6. Ҳамон ҷо, с. 16.
  7. Ҳамон ҷо, с. 46.
  8. Ҷамолиддин Саидзода.Сабки сухани Мавлоно. Душанбе, 2009, с. 65.
  9. Маснавии маънавӣ, с. 183.
  10. Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир, ҷ. 1, с. 395.
  11. Маснавии маънавӣ,с.312.
  12. Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир, ҷ. 2, Душанбе, Адиб, 1993, с. 401.
  13. Ҳамон ҷо, с .252.
  14. Маснавии маънавӣ, с. 583.
  15. Саъдии Шерозӣ. Куллиёт, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1990, с.51-52.
  16. 16.Маснавии маънавӣ, с. 425.
  17. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.Девони кабир, ҷ. 3, Душанбе, Дониш, 2008, с. 675-676.
  18. Маснавии маънавӣ, с. 650.
  19. Ҳамон ҷо, с. 639.
  20. Ҳамон ҷо, с. 430.
  21. Ҷалолиддини Румӣ.Девони кабир,ҷ. 1, с. 62.
  22. Абуабдуллолҳои Рӯдакӣ. Ашъор. Душанбе, Адиб, 2007, с. 354.
  23. Маснавии маънавӣ, с. 62.
  24. Ҷалолиддини Румӣ.Девони кабир,ҷ. 1, с. 235.
  25. Девони Хоқонии Шарвонӣ. Теҳрон, 1368, с. 202.
  26. Соиб ва сабки ҳиндӣ. Теҳрон, 1371, с. 163.
  27. Сайфи Фарғонӣ. Девон. Душанбе, Дониш, 1978, с. 56.

 Ҷамолиддин САИДЗОДА

Последнее изменение Чоршанбе, 17 Октябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/