wrapper

Хабарҳо

   (Баҳси Такур бо Гандӣ дар бораи  миллат ва миллатгароӣ)

   Робендранат Такур ва Маҳатма Гандӣ ду шахсияти бузург дар ҷаҳонанд, ки яке файласуфи нобиға ва дигаре сиёсатмадори мутафаккир аст. Такур ба далели арзишҳои фикри баландаш дар ҳавзаи андешаи «Музоф бар Ҳинд» таъсирашро дар саросари ҷаҳон ворид кардааст. Маҳатма Гандӣ бошад ҳамчун муҳимтарин поягузори фалсафаи сиёсии "Оҳимсо - адамт хушунат"[1] дар арсаи сиёсат, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

   Такур бо он ки ба сиёсасат эътиқоди ниҳоӣ надорад, вале яке аз назарияпардозони муҳиме дар ин замина пиндошта мешавад. Интиқоди ақлонии Такур аз тарҳҳои фикрӣ ва шеваҳои сиёсати Гандӣ дар Ҳинд – ба вежа дар мавриди баҳси миллатгароӣ ва мавзӯи санъати сохтани Ҳинд - аз масоили мубрами тазодди фикрӣ миёни ин ду андешаманд аст, ки дар зер, буридае аз ин мубоҳисаро (ба шакли гуфтугӯ) боҳам мехонем.

    Гуфтан ба маврид аст, ки ин дидор ва гуфтугӯ, тайи иқомати шашрӯзаи Гандӣ дар Шонти нектон[2] дар моҳи марти соли 1915 бо Такур сурат гирифтааст[3].

   Нуктаи бориз дар ин мубоҳиса, риояти асли фарҳанги интиқод бо вуҷуд доштани ихтилофоти фикрӣ ва салиқае миёни ин ду чеҳраи бузург аст:

   Гандӣ: Ягона роҳи расидан ба арзишҳои озодӣ ва мафкураи истиқлоли Ҳинд, андешаи миллатгароӣ аст. Миллатгароӣ нахустин санги бинои иштироки ҷамъи мардуми Ҳинд ба хотири маҳсули озодӣ ва арзишҳои маҷмӯии онон аст. Зеро озодии Ҳинд маҳсули кор ва муборизаи дастаҷамъии мардум аст. Вақте озодӣ (савороҷ) ҳусули муштарак аст, амри мусаллам аст, ки ин арзиш, хостагоҳаш миллат аст. Ҳамоҳангии миллат ба хотири фароҳамсозии заминаҳои гуфтугӯ, тафоҳум, самимият ва якдилӣ падидоварандаи арзиши миллӣ ва аввалин шаклгири мафкураи миллат ба ҳайси як зерсохти сиёсати миллигароёнаи мост.

   Ҳаракатҳои озодихоҳонаи мардуми Ҳинд, бар мабнои тафаккури миллат устувор аст. Ҳинд аз ҳама бештар, ниёзманди "бозгашт ба худ" аст. Ин "бозгашт" ва иттикое ба арзишҳои худӣ, аз мафҳуми "миллатгароӣ" ва миллат шудан оғоз шуда, бояд ангезаи дарк аз ин масъала тавсеа ёбад.

   Оғози муборизаи мо бо шеваи "сиёсити адами ташаддуд" дар баробари истеъмор  низ маҳсули дарки миллат аз арзишҳои озодӣ аст.

   Бозгашт ба худ ва муттаки будан ба зарфиятҳои худиро буттаи жарф бо мафҳуми миллат дорад. Агар Ҳинд ба арзишҳои озодӣ ва қудрати ҳамагони миллат мӯътақид набошад, озодии мо ниҳодина нахоҳад буд. Мо замоне метавонем Ҳиндро ба тарафи таолӣ бикашонем, ки шеваҳои сохтори миллати якпорча ва муттаҳидро ҷустуҷӯ кунем.

   Миллатгароӣ, посухест дар баробари пирӯзӣ ба гирифторӣ. Миллати Ҳинд, миллати бедор, огоҳ ва бидуни табъиз бояд бошад. Муборизаи мо дар роҳи касби озодӣ аз фалсафаи «бидуни хушунат» ва «муҳаббат ба инсон», оғоз ёфтааст ва меҳвари он, такя гоҳе ҷуз миллат надорад. Миллат муҳиммтарин паноҳгоҳи ман аст.

   Такур: Ман бо тамоми эҳтироме, ки ба Маҳатма дорам, ҳаққи фардии худ мепиндорам, ки ба унвони мухотаб, эътирозе дошта бошам ва аз беху бун бо ин масъала мухолифат кунам. Зеро паноҳгоҳи ман "Миллат" не, балки "Башарият" аст. "Башарият" маҷмӯае аз кулли ҳастӣ аст. Танҳо маҳдуд шудан ба андешаи миллӣ, ниёзаморо ба ҳайси инсони ҷаҳонӣ бароварда намесозад.

   Башарият акнун ба ҳайси як маҷмӯаи муштарак, ниёзҳо, дардҳо ва мушкилоти озодӣ дорад.

    Миллигароӣ ифроте ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, посухгӯи ниёзи мубрами ҷаҳонӣ бошад. "Муборзаи  воқеӣ бояд, ҳамгом бо муборизаи маънавӣ бошад ва ҳадафаш ҳам озодсохтани инсон аз қайд ва бастҳои шунизм (меҳаншефтагӣ) ва миллатгарои ифротӣ"[4].

   Вақте дарки дурусте аз навиштаи «миллатгароӣ», ки Гандии азиз ба он ишора мекунад вуҷуд надошта бошад, фикр мекунам андешаи "миллат" ва гароишҳои миллатгароёна" тасаввури абстаркт буда, чизе ҷуз мафҳуми истеъморзадагиро намерасонад. Зеро истеъмор бо таваҷҷуҳ ба дарки нодурусте, ки аз мафҳуми миллат ва миллатгароӣ ироа мекунад, тамоми амалияҳои ғолибиятро дар ҳолае аз тафаккури миллигароӣ ва миллат шудан мепечонад ва баъд ба ҳамин баҳона ва зери номи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва густариши он ба кишварҳои мустаъмара, мафкураи афроди низоми мутааллиқ ба худашро ба бозӣ мегирад ва барои амалияҳои таҷовузкоронааш, тавҷеҳи миллӣ медиҳад.

   Нуктаи қобили тааммули дигаре, ки дар тавзеҳоти Маҳатма Гандӣ вуҷуд дорад, ишора ба масъалаи "Ниёзи Ҳинд ба озодӣ", «Бозгашт ба худ" ё зарфиятҳои худӣ (ба қавли Маҳатма) аст. "Бозгашт ба худ" маънояш дар  худ фурӯрафтан нест. Ҳинд кишвари фақир, мусибатзада ва маҳҷур аст, агар бо иттико ба навиштаи "Бозгашт"-и Гандии азиз амал кунем, муқобилияти кунунии моро чизе ҷуз инҳо ташкил намедиҳад.

   Аз сӯи дигар фурӯрафтани ифротӣ ва беш аз ҳад дар атрофи  тафаккури миллӣ бар пояи "Бозгашт", ба навъи таассуб дар баробари тамаддун, ки ниёзи асосии мардуми Ҳинд аст – мебошад. Инсони ҳиндӣ барои расидан ба рифоҳи ҳамагонӣ, ниёз ба тамаддун ва санъати Ғарб дорад. Танҳо " Ходӣ"[5] ва "Чраха"[6] посухгӯи ниёзҳои мо нест. Нишастан, сукут ва дарро ба рӯйи худ бастан, доруи дарди мардуми ҳиндӣ нест.

   Ҳиндӣ зарурат ба фарогирӣ, парвариш ва баровардасохтани ниёзҳои мухталифаш дорад. Ҳиндӣ дар касби зарурёт ва ҳавсалаи озодиҳояш аз берун, набояд маҳдуддият дошта бошад.

   Озодии  воқеӣ замоне дастёб мешавад, ки мо аз шеваҳои аъмоли тафаккури милли ифротӣ – ба ҳайси инсони ҷаҳонӣ - дурӣ биварзем ва бо биниши маънавӣ ва омӯзиши дақиқ, дарки дуруст ва орӣ аз таассуб аз миллат дошта бошем[7].

   Агар Гандии азиз бештар аз ин бар масъалаи миллат ва миллатгароӣ таъкид кунад, фикр мекунам, ин таъкид, мушкилоти мутааддиди дигарро низ халқ мекунад. Масалан, аз лиҳози масоили динӣ, худованд дар маҷмӯае аз ҳастӣ, ки шомили ҷамод, набот ва ҳайвон аст, ба унвони як маҷмӯаи кул нигоҳ мекунад на ба масобаи "фаръӣ" "бар кул".

   Худованди мо, Худованди тамоми ҳастӣ ва тамоми башарият аст. Робитаи Худованд бо башариятро робитаи як бӯъдӣ ва ҷузъӣ нест. Худованди мо, холиқи "ҳастӣ" ва "нестӣ" аст. Аз ин рӯ, танҳо миллати Ҳинд, ба Худо ниёзманд нест, балки тамоми башарият ба Худованд ниёзманд аст. Зеро ҳастӣ ва башарият, ҳарду аз они Худост. Ба истиноди ин амр, агар Гандӣ назарияи миллӣ буданро бартар аз назарияи "башрият" медонад, бар акси иродаи Худо амал кардааст. Зеро Худованд кулли башариятро дӯст дорад ва на фақат мардуми Ҳиндро.

   Гандӣ: Дар изҳороти шоир, нуктаҳои аҷиберо ёфтам. То инҷо таъкиди шоирро мепазирам, ки бояд дар дарк аз мафҳумҳои миллат ва миллатгароӣ барои мардум заминаи омӯзиш мусоид гардад. Аммо бояд тазаккур бидиҳам, ки бо васфи эродоти паиҳами шоир, арзиши "Чрха" ва "Ходӣ" ба ҳамон қудрати нахустинаш боқӣ аст.

   Маънои "Бозгашт ба худ" ва таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои худӣ, ҳаргиз таассубе дар баробари тамаддун ва санъати пешрафтаи Ғарб нест. Мафҳуми "Бозгашт ба худ" таваҷҷуҳ ба доштаҳои санъатӣ ва имконоти ҳиндӣ аст. Мо дар баробари ҳуҷуми содироти ғарбӣ, набояд намояндаи як кишвари масрафкунанда бошем. Мо бояд ин зарфиятро дар вуҷуди худ эҷод кунем, ки агар мо ба масрафи маъқули колоҳои дигарон ниёз дорем, дигарон ҳам ба ҳайси муҳимтарин колоро  дар баробари мо масраф унанда бошанд. Таодул замоне метавонад аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Ҳинд таъмин шавад, ки дар бозор муомилоти масрафӣ, танҳо ба ҳайси масрафкунанда ҳузур надошта бошем. Ман бо шоир ҳам ақидаам, ки мегӯяд, Ҳинд кишвари фақир, мусибатзада ва маҳҷур аст. Ин масъала як нигариши воқеъбинона аст. Аммо бо тамоми масъулият бояд бигӯям, ки ин бардошт, як нигариши зоҳирӣ аз ҷомеаи Ҳинд аст.

   Ҳинд аз лиҳози берунӣ фақир ва маҳҷур аст. Вале аз лиҳози дарунӣ кишвари сарватманд аст. Ман таъкид мекунам, ки ҳиндиҳо бо такя бар масъалаи хусусияти миллӣ ва сиёсати миллатгароёна, ин сарвати нуҳуфтаро берун бикашанд ва танҳо масрафкунандаи чашму гӯши бастаи колоҳои дигарон набошанд. "Бозгашт ба худ" ба гунаи дақиқ, даъватист барои берун кашидани ин сарват. Маънои миллат ва таъкид бар масъалаи миллатгароӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ мухосимат бо ҷараёнҳои рӯ ба рушди тамаддуни Ғарб нест. Талоши ҳамвораи мо ин аст то Ҳинд ба ҳайси як ҷомеаи неруманди санъатӣ, дар канори ҷаҳон ҳувият дошта бошад.

   Такур: Маҳатма ба ду нукта, масрурона таъкид меварзад; Яке баҳс миллат ва миллатгароӣ ва дигаре ҳам масъалаи "Бозгашт ба худ". Ман дар таҳлил ва дарк ин ду мафҳум аз диди ҷомеаи Ҳинд, дучори тардид ҳастам.

   Ҳинд бештар аз ҳама чиз ба омӯзиш аз ин ду масъала ниёз дорад. Колбадшикофи маъноӣ ва дарки равшан аз масоили "миллатгароӣ» ва «Бозгашт ба худ", асли умда ва муҳиме барои мардум аст. Гандии  азиз бар ин масъала бояд вуқиф дошта бошад, ки шиори миллатгароӣ ва стратегияи "Бозгашт ба худ", мардумро рафта-рафта дар баробари тамаддун ва пешрафтҳои ҷавомеаи Ғарбӣ, ки зарурати мардуми Ҳинд аст, мутаассиб месозад.

   Агар омӯзиши дақиқ ва дарки дуруст аз масъалаи миллат ва масъали "Бозгашт ба худ" барои фарди ҳиндӣ вуҷуд надошта бошад, ӯ фикр мекунад, ки Ҳинд яъне тамоми ҷаҳон ва миллати Ҳинд ҳам ҳокими он. Ва ин гуна пиндошт, ҳамон фикри истеъморие аст, ки Маҳатма Гандӣ дар баробари он мубориза мекунад.

   Гандӣ: Ман ба ишораҳои шоир пай мебарам. Дарки дурусти мардум аз мафҳумҳои "миллат " ва "бозгашт ба худ" бояд пайваста бар омӯзиш ва огоҳӣ бошад. Дарки мо  бар хилофи ончи, ки шоир тасаввур мекунад бар асоси бартарии нажодӣ устувор нест.

   Манзури мо аз мафҳуми миллат, мубтанӣ ба якпорчагии тамоми адён, мазҳаб, ақвом ва нажодҳо дар Ҳинд аст. Мардуми Ҳинд пеш аз ҳама ба "муҳаббат" ва "садоқат" ниёз доранд. Таъмини "адолати иҷтимоӣ" ва ҳуқуқи мусовии мардум дар баробари ҳам, ду унсури таъсиргузор барои фарохонии онон ба даври "миллат ва таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои худӣ" метавонад бошад.

Баргардон ва шарҳи луғоти

Абдуҷалили Амон

 

   [1] Корбурди мафҳуми адами хушунат (аҳимсо) дар баробари истеъмори Биритониё дар Ҳинд, муҳимтарин нуктаи бориз дар рӯйкардҳои сиёсии Маҳатма Гандӣ аст. Гандӣ мӯътақид ба муборизаи солим ва бидуни эҷоди мубориза дар баробари импиратори Англис буд.

   [2] "Шонтӣ" дар забон ҳиндӣ "ором" маънӣ медиҳад ва "Никтон" ба маънои пасванди макон монанди "кунанда" аст. Аз инру "Шонти нектон" ба маънӣ "оромкунанда" ё "маҳҳали ором" аст.

   [3] Такур дар ин маҳаллаи (Шонти нектон) дар сол 1901, донишгоҳе бо номи "Шонти нектон"-ро ифтитоҳ кард. Шогирдони Такур дар марҳилаи  нахуст дар ин мадраса 6 нафар буданд. Панҷ муаллими масеҳии банголӣ  ҳамроҳ бо писариТакур.

   [4] Rabindranath tagore, “Nationalism“, in English writings of sahitaya akademi, Delhi ,1996, p.458

   [5] Ходӣ (Кhadi) - порчаи нахии дастбоф, ки намоде аз санъати тавлиди Ҳинд аст.

   [6] Расми парчами Ҳинд

   [7]  Political philosophy of r. Tagore.P. 239

 

Последнее изменение Сешанбе, 13 Ноябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/