wrapper

Хабарҳо

   Барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки барои сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ барномаҳои гуногунеро анҷом диҳад. Ин барномаҳо сохтмони неругоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар рудҳои мамлакат, нерӯгоҳҳои аловӣ, инчунин истифодаи нерӯи офтоб мебошанд.

   Мутобиқи нақшаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ то соли 2020 дар мамлакат бояд 71 адад неругоҳи хурд сохта шавад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз даҳ адад чунин неругоҳҳо бунёд гардидаанд. Ғайр аз ин неругоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 сохта шудаанд. Қудрати лоиҳавии ин неругоҳҳои барқи обӣ 2,7 млрд квт/ч (Сангтӯда-1) ва 930 млн квт/ч (Сангтӯда-2) дар як сол мебошад. Коршиносони тоҷик таъкид менамоянд, ки гарчи фаъол гардидани ин неругоҳҳо эҳтиёҷи энергетики мамлакатро қисман таъмин созанд ҳам, онҳо талаботи рӯзафзуни ҷумҳуриро пурра қонеъ гардонида наметавонанд. Таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барќи обии (НБО) «Роғун» ба ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим аст.

   Имрӯзҳо, баъд ин ҳама машаққатҳо Тоҷикистон сохтмони пуриқтидори НОБ-и “Роғун” - ро ба итмом расонд. Он назар ба дигар неругоҳи бузургтари кишвар - “Норак” пуриқтидортару муассиртарин мебошад. Сарбанди бузургаш қуллаҳои кӯҳҳои атрофро ба ҳам пайваста, Вахшро бозмедорад ва неруи ноаёни онро ба умқи кӯҳҳо мебарад.

   Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи тайёрии сохтмони неругоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд. Баландии лоиҳавии садди он 335 м хоҳад шуд, ки он дар замони ҳозира дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин садди маснӯӣ маҳсуб мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбори неругоҳ 13,3 млрд. мукааб буда, иқтидори он 3600 МвТ, иборат аз 6 адад чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МвТ мебошад.  Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

   Оид ба сохтани НБО – и «Роғун» соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Россия шартномае имзо шуда буд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда,  азм кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.

   - Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО-и «Роғун» 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд. Дар охири соли 2018 дар назар аст, се агрегати НБО Роғун ба истифода супорида шаванд, - менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ - СА-NEW.

   Дар назар буд, ки чархаи аввалини неругоҳ соли 1993 барқ бояд тавлид  мекард. Аммо ба иллати муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии Тоҷикистон соли 1990 сохтмон қатъ гардид. Ин неругоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 17 млрд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад 

   Тасдиқи дурустӣ ва боэътимодии лоиҳаи интихобшуда дар он собит мегарад, ки неругоҳи Норак ва ярчи Усой дар кӯли Сарез ба ҳамин шабоҳат доранд. Сарбанди Норак аз ҳамин навъ буда, 45 сол боз дар ҷараёни истифодааш ягон сабаби беэътимодии он ба назар нарасидааст.

   Барои таъмини эътимоднокӣ ва устувории олӣ бо ҳисобгирии самаранокии иқтисодии ин иншооти нодир ҳамчун сохтмони мӯҳташами гидроэнергетикии дар минтақа ба сони иншооти мӯҳташами обёрию энергетикӣ фаъолият намуда, бо қарори лоиҳавӣ сарбанди иборат аз хоку санг ба садди неругоҳи Норак шабоҳат дошта ва бо баландии 335 м бунёд гардад. Барои қабул намудани қарори мазкур силсилаи бузурги тадқиқоти назариявӣ ва амалӣ муҳосибавӣ, озмоишгоҳӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидаҳо гузаронида шуданд.

   Дар ин аснод, ки хусусияти хоса ва муайянкунандаи самаранокии иқтисодии неругоҳ ба иртифои садди он вобаста аст. Ин навъ ва шакли сарбанд дар асоси нусхаҳои гуногун интихоб гардида буд, то ки ба дараҷаи кофии ҳаҷми об ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда шуда, ба эҳтиёҷоти обёрӣ  кишварҳои поёноби Амударё равона гардад ва ҳам истеҳсоли неруи барқ ба ҷо оварда шавад. Сохтмони сарбанди 335 метра имкон фароҳам меорад:

   а) захира намудани 13 млрд. мукааб ҳаҷми умумӣ ва аз он ҷумла, 8,6 млрд. мукааб ҳаҷми муфиди об ва ба ҳамин васила якҷоя бо обанборҳои Нораку Туямуюн маҷрои амударёро ба тӯли солиёни дароз ба танзим меорад;

   б) ба таври илова 320 ҳазор гектар заминҳои навро обёрӣ карда, бо об таъмин гардидани 1 мл.н гектар заминҳои Ӯзбакистон ва Туркманистонро беҳтар менамояд;

   в) об дар обанбори Роғун соф гардида, бо ҳамин фаъолияти обанбори Норакро боз ба муддати 100 сол дароз мекунад;

   г) истеҳсоли коркарди миёнаи солонаро ба дараҷаи 13,3 млрд киловатт/соат таъмин менамояд, ки он норасоии шадиди ба неруи барқ доштаи минтақаро бартараф месозад. Дар баробари ин ба ҳалли муаммои қудрати неругоҳҳои фаъоли мамолики Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

   Самаранокии баланди неругоҳи Роғун аз ҳисоби даромади якҷояи неруи барқ ва додани об ба обёрии зироат таъмин мегардад. Агар дар сохтмон сарбанди баландиаш аз 335 метр пасттар бошад, самаранокии неругоҳ низ ҳамон қадар камтар мешавад.

   Маҷмӯи иншооти гидротехникӣ чун собиқа таъиноти куллияи худро нигоҳ дошта, ҳам дар шакли сирф энергетикӣ бидуни халалрасонӣ дар кори имрӯзаи вазъияти хоҷагии оби ҳавзаи дарёи Ому ва минтақаи баҳри Арал, ҳам дар шакли афзалиятноки обёрӣ кор карда метавонад.

   Обанбори нерӯгоҳи Роғун бо обанбори Норак дар рудхонаи Вахш якҷоя бо обанбори Туямуюн дар Амударё ба ҳаҷми умумии қобили истифодаи 18-19 км мукааб қудрат дорад, ки маҷрои Амударёро ба тӯли солиён бо обдиҳии бокафолат дар ҳаҷми 5,0-5,9 км мукааб дар заминҳои ҳавзаи Амударё, ки дар ҳудудҳои Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳастанд, таъмин намоянд.

   Барои Тоҷикистон ин лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, ба он масъалаи аввалиндараҷаи пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста аст. Дар кишвар 99,9 фоизи барқ дар неругоҳҳои обӣ тавлид мегардад ва истеҳсоли ҳарсола тақрибан 18 млрд квт/соатро ташкил медиҳад. Қисмати асосии ин нишондод дар фасли тобистон истеҳсол мегардад, зеро обанборҳои неругоҳҳо аз ҳисоби обшавии барфу пиряхҳо пур мешаванд ва маҳз ҳамин имконияти бештар истеҳсол намудани қувваи барқ фароҳам мерасад. Умуман, тамоми обанборҳои ҳоло мавҷуда мавсимӣ мебошанд, яъне ғунҷоиши онҳо маҳдуд буда, оби бисёрро барои тавлидоти минбаъдаи барқ нигоҳ дошта наметавонанд.

   “Тамоми шабакаи обёрӣ дар Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла, обанборҳои мутаадади дар мамолики минтақа мавҷудбуда, инчунин вазъияти экологӣ бояд аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ҷиддан муоина ва баррасӣ карда шавад”, - расман изҳор доштанд, Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ.

   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи Тоҷикистонро доир ба ҳамкорӣ кардан бо созмонҳои байналмилалӣ дар хусуси лоиҳаҳои гидро-энергетикӣ тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки ба қарибӣ ҷумҳурӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба ҳамдигарфаҳмӣ санад ба имзо расонид, ки мувофиқи он лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун аз муоинаи техникию иқтисодӣ ва экологӣ гузаронида шуд. Дар суханронии худ аз сатҳи олӣ ӯ чунин далелу рақамҳоеро овард, ки ба тӯли ним асри охир дар Осиёи Марказӣ беш аз 6 млн. гектар замин обёрӣ гардидааст, ки фақат 10 фоизи он ба Тоҷикистон дахл дорад ва дар ҳудудудҳои он то 60 фоизи ҳаҷми маҷрои кулли рудҳои минтақа ташкил мёбад ва Тоҷикистон ҳамагӣ 5-7 фоизи ин захираҳои обро истифода мебарад. Боз як далели хушкшавии баҳри Аралро, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи демографӣ дар кишварҳои минтақа вобаста донист, ки аҳолии ин ҷо дар ҳамин давра аз 20 миллион ба 63 миллион расида аст, ки ба ҳамин ваҷҳ талабот ба об чандин маротиба афзудааст.

   “Истифодаи об ба як нафар дар баъзе мамолики минтақа нисбат ба нишондоди миёнаи ҷаҳон се маротиба зиёд аст ва дар айни замон 30-60 фоизи об дар корҳои кишоварзӣ нобуд мегардад”, қайд намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

   Хулоса, ҳар сол майдони пиряхҳои кӯҳистони Тян-Шан ва Помир, ки дар Осиёи Марказӣ манбаъҳои асосии оби пок мебошанд, ҳамвора кам мешавад. Инро бо чашми оддӣ ҳам мушоҳида намудан метавон ва агар аз ҳоло чораҳои истифодаи оқилонаи захираҳои бе ин ҳам ками оби тоза андешида нашавад, фардо дер хоҳад шуд.

   Ба мо мардуми шарифи Тоҷикистон қарз аст,ки заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳтиром, қадр ва арҷгузорӣ намоем. Чунки заҳмату машаққати маҳз ин шахсияти абармарди миллат  тавонист, ки кишварро аз торикиву залолат ба сӯи нуру зиё барорад ва ба як кишвари воҳид, аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ тараққикарда табдил диҳад.

 Маъруф Ашуров,

ходими хурди илмӣ

Последнее изменение Чоршанбе, 21 Ноябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/