wrapper

Хабарҳо

   Ё чанд пешниҳод оид ба боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе

   Мусаллам аст, ки шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳрҳои пешрафтаи олам дар ҳолати рушд ва тавсеаёбӣ қарор дорад. Ҳар як шаҳрдорӣ мувофиқ  ба тавониҳои илмию фанноварӣ ва ҷаҳонбинию қобилияти фитрии хеш барои ободӣ, тозагӣ, зебогӣ ва пешрафти шањри Душанбе саҳми арзишманд ва босазои худро барои наслҳои оянда боқӣ гузоштаанд. Тафовутҳои зиёде дар самти фаъолияти кории собиқ шаҳрдориҳоии Душанбе ҷой дорад, ки метавон онҳоро дар оянда мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор дод. Аммо ҳадаф аз баррасӣ ва хулосабарориҳо нисбат ба фаъолияти кории шаҳрдории ҷавон ва дурандеш - Рустами Эмомалӣ дар як соли охир аст, ки шаҳри Душанбе симо ва сурати хешро ба куллӣ тағйир додааст. Ин падидаи мусбат моро водор ва вазифадор мекунад, ки фикру андешаҳои хешро перомуни масоили зикргардида, барои рушду такомули низоми шаҳрдорӣ ва зиндагии сокинони он матраҳ намоем.

    Дар воқеъ пойтахти ҳар кишвар оинаи ҳар давлат ва ҳукумат аст. Шаҳри Душанбе таҷассумгари таърих, фарҳанг, маданият, ахлоқ ва бозгўи хотираи таърихии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ, пеш аз ҳама ба шакли зоҳирии пойтахт, роҳҳои байни шаҳрӣ, покию назофат, ахлоқи ҷомеа, тозагии фарҳанг, кўчабоғҳо, одоби муошират, ахлоқ ва тарзи муносибат сокинони шаҳр,  фаъолияти касбӣ ва муносибати кормандони мақомотҳои дахлдор дар фурудгоҳи майдони ҳавоӣ, роҳи оҳан ва терминалҳо аҳамияти махсус медиҳанд. Майдони ҳавоӣ, истгоҳи қаттораҳо, меҳмонхона, нуқтаҳои тиҷоратӣ, бозору мағозаҳо ва терминалҳо оинаи шаҳр ва бозгӯи маданияти шарҳрдориянд.

   Аз рўзе, ки Рустами Эмомалӣ масъулияти роҳбарии шаҳрдориро ба зимаи хеш гирифтааст, симои зоҳирии шаҳри Душанбе зеботар ва дилкаш гаштааст. Хизматрасонии комуналӣ барои сокинон дастрас гашта, кўчаву хиёбонҳои шаҳр қисман аз партов ва замболаҳо  тоза карда шуданд. Қувваи барқ дар фасли замистон қатъ нагардида, тамоми шаҳрвандон аз он бемушкилӣ истифода менамоянд.

   То ин замон кўча ва роҳҳои байни шаҳр анқариб ба таваққуфгоҳи автомашинаҳои сабукрав ва боркаши гаронвазн табдил ёфта, рафту омад барои ҳамаи шаҳрвандон мушкил буд. Тамоми шоҳроҳ, чорроҳа ва тангучаҳо пур аз тропикҳои (пробка) автомашинаҳо гашта, ҳатто кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзим ва даровардани тартиботи роҳ душворӣ мекашиданд.

   Гуфтан ба маврид аст, ки бо тадбирҳои оқилонаву кордонӣ ва маҳорати фитрии Рустами Эмомалӣ ин мушкилӣ ва тропикҳои сунъӣ аз шоҳроҳҳои шаҳрӣ ва роҳҳои назди бозорҳои зикргардида, бардошта шуданд. Мутаассифона, то ҳануз ба мушоҳида мерасад, ки дар гардишгоҳи поёни бозори “Саховат” назди Ошхонаи “Ҳоҷиён” ронандаҳои бетамиз аз ду ҷониби роҳ мошинҳои шахсии худро гузошта, роҳи убурии дигар автамашинаҳоро  танг менамоянд, мебанданд, тартиботи ҷамъиятиро дидаву дониста вайрон мекунанд. Дар ин самт машруткаҳои 28, ки ба кашондани мусофирон машғуланд, бисёр собиқа доранд, яъне ронандагони онҳо ягон тартиботи ҷамъиятиро дар ин нуктаи зикргардида, риоя намекунанд, онҳо пас аз нисфирузӣ вақте ки кормандони БДА ҳузур надоранд, дағалона роҳҳоро мебанданд, ҳолати садамавӣ месозанд. Вақти он фаро расидааст, ки соҳибони ошхонаҳои мазкур барои муштариёни худ тавоқуфгоҳи автомобилӣ бисозанд ва ё ошхонаҳои шахсии худро аз назди роҳҳо ба дигар макон интиқол диҳанд.

   Мушкили дигаре, ки барои ронандагон ва пиёдагардҳо дар пойтахт ба чашм мерасад, набудани пулҳои убури роҳ аст. Пулҳои убури роҳ сохта шавад, ки пиёдагардҳо аз болои он ба ҷониби дигари роҳ гузаранд. Аксарияти пиёдагардҳо барои гузаштан аз як ҷониби роҳ ба ҷониби дигари роҳ бояд тавассути роҳгузарҳои махсус бигзаранд, аммо аксарияти пиёдагузарҳо тавассути роҳҳои ишораткарда шуда, аз роҳ намегузаранд, шитобзада кушиш мекунанд, аз роҳгузари автомабилҳо ҳарчи тезтар ба ҷониби дигари роҳ бигзаранд. Ин омил боиси садамаи нохуш ва қонунуншиканиҳо мегардад.

   Шаҳрдори муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз нахустин рӯзҳо ба масъалаи тозагӣ, ободӣ ва зебогии шаҳр таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, дар ин самт қадамҳои устувор гузошт. Сокинони шаҳр ва меҳмонон аз ӯ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Масалан бо иқдоми Рустами Эмомалӣ боғи фароғатии “Дўстии халқҳо” сари вақт ва дар муҳлати кўтоҳ аз замбола ва партовҳо ба таври куллӣ тоза карда шуд.  Ҷўйбор ва роҳравҳои ин боғи фароғатӣ муназзам ва ба тартиб дароварда шуданд.

   Пас аз таъмири роҳу гузаргоҳҳои боғи “Дўстии халқҳо” бо дастури Рустами Эмомалӣ, ки он дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, “мотесикл-танкачаҳо” муддате нопадид гаштанд.  Сад афсўс, ки  пас аз сипарӣ гаштани се моҳ боз ҳамон “мотесикл-танкачаҳо”, ки ронандагони онҳо аслан кўдакони ноболиғ ва бетарбия ҳастанд, дар ин боғи фароғатӣ пайдо шуда, дар роҳгузарҳои сангфарш, ки барои гашту гузор намудани одамон таъмир гаштаанд, худсарона ва пайваста бо овози дилхарош поёну боло даву тоз менамоянд. Калонсолон ва модаронро озор медиҳанд. Кўдаконеро, ки барои тамошои ин макон омадаанд, метарсонанд ва ё дар ҳолати саддамавӣ қарор медиҳанд.

   Сазовор аст, ки бигӯям, ки солҳои тӯлонӣ ба анъана даромада буд, ки муаллимон, ба хусус роҳбарони синфҳо ба баҳонаи тармими синфхонаҳо аз хонандагони мактабҳо маблағи муайян талаб менамуданд. Ин раванди манфӣ дар ташаккул ва паравариши хонандагон таъсири манфӣ мерасонд. Аммо касе ба таври мушахас аз масъулини ниҳодҳои маориф ин омили манфиро бартараф карда натавонист.

   Бо шарофати кордонии шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, ин раванди манфӣ, яъне пул ситондан аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ хотима ёфт. Волидайни хонандагон дар маҷлиси падару модарон ва дар байни аҳолӣ аз ғамхории шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ошкоро изҳори ташаккур менамоянд.

   Яке аз масъалаҳои муҳими дигари шаҳрдорӣ бо оби ошомидании тозаву пок таъмин намуданӣ аҳолии шаҳр ба шумор меравад, ки алакай дар ин самт низ корҳои калидӣ оғоз гаштааст. Дер ё зуд ин масъалаи муҳим бо талошу кушиши шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.

   Дигар аз масоили доғи рўз дар шаҳри Душанбе, ки баъзе аз сокинонро нигарон кардааст, фаъолият ва ваъдаҳои ширкатҳои сохтмоние мебошанд, ки ба бунёди хонаҳои бисёрошёна машғул мебошанд. Масъулини баъзе аз ин ширкатҳои сохтмонӣ зиёда аз  се то чор сол мешавад, ки пули муштаринёро барои хонаи истиқоматӣ гирифта, сохтмонҳои хонаҳои истиқоматиро ба охир нарасондаанд. Вақти супоридани биноҳои истиқоматӣ тибқи шартномаҳо гузаштаст, аммо ҳеҷ хабаре аз онҳо нест. Ин омил дар байни аҳолӣ нигарониҳои зиёдр ба бор овардааст. Муштариёни ин хонаҳои истиқоматӣ чашм бад-он доранд, ки Рустами Эмомалӣ ҷилваи масъулини ширкатҳои сохтмониро хоҳад гирифт ва онҳо сари вақт биноҳоро барои истифодабарӣ ва истиқомат дар ихтиёри соҳибмулкҳо медиҳанд. Муҳлати супоридани иддае аз биноҳои истиқоматии бисёрошёна, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии шахсӣ бунёд мегарданд, гузаштааст. Аммо биноҳои мазкур то ҳол нотамом боқӣ мондаанд. Ин ҳолат боиси нафрат ва норозигии  сокинони шаҳр гаштаанд.

   Масъалаи дигаре, ки зикр намудани он аҳамият дорад, он аст ки рўзҳои ҷумъа аксарияти намозхонҳо тавассути автомашинаҳои сабукрав ба сӯи масҷидҳо шитофта, роҳҳои мошингардро банд менамоянд. Саҳни масҷидро пур аз мошинҳо месозанд. Хуб мешуд, ки намозгузорон барои адои намоз тавассути автомошинаҳои шахсӣ намерафтанд ва фикри дигар шаҳрвандонро низ менамуданд. Аз ин лиҳоз, ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ҳар масҷид таваққуфгоҳҳои нақдӣ барои нигоҳдошти автомашинаҳо сохта шавад.

   Боварии комил дорем, ки шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар зинаҳои мухталифи роҳбарикунанда кору фаъолият намуда, таҷрибаи бойи корӣ дорад ва метавонад шаҳри Душанберо ба яке аз зеботарин ва пешрафтатарин шаҳрҳои олам табдил медиҳад. Мушкилот ва дархости сокинонро ба инобат гирифта, барои беҳбуди рузгори мардум ва қонеъ намудани сатҳи зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад.

   Дар заминаи гуфтаҳои боло ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чанд пешниҳод мекунам, ки фикр мекунем барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе кўмак мерасонанд:

   1) Барои машруткаҳое, ки ба кашонидани мусофирон машғуланд, бо мусофирон хушмомила бошанд, аз доираи майян намудаи сандалиҳои нишаст бештар мусофир нагиранд. Ҳангоми рондани нақлиёт бо телефони мобилӣ суҳбат накарда, тавассути магнитафонҳои автомобилӣ ба таблиғи репҳои бемаънӣ ва сурудаи сарояндаҳои бадахлоқ роҳ надиҳанд;

   2) Тавассути шуъбаҳои идеологии ҳар ноҳия бо истифода аз тарроҳони ботаҷриба тарзи пўшидани либосии миллии тоҷикӣ таблиғ карда шавад. Дар ин самт набояд афроде ба таблиғи либоси миллӣ машғул бошад, ки худ либоси миллии тоҷикӣ надошта бошад.

   Намунаи гуфтаҳои худро дар либоспўшии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамгонӣ мушоҳида кардаем. Ба хусус духтаракон чунон минюпкаҳои танг мепўшанд, ки ҳатто дар курсиҳо озод нишаста наметавананд. Ҷойҳои маҳрамонаи онҳо дар ҷилваи тамошои дигарон қарор мегирад. Воридоти ҳамагуна либосҳое, ки боиси бегонапарастии шаҳрвандон мегарданд расман манъ карда шаванд ва тоҷироне, ки ба воридоти онҳо аз хориҷи кишвар мусоидат мекунанд, муҷозот карда шаванд. Ба хотири ҳифзи давлатдории миллӣ ва арзишу муқадассоти тоҷикӣ дар зери истилоҳи “Бегонапарастӣ” кадом намуди либос дохил мешавад, ҳудуд ва меъёрҳои он муайян карда шавад, то ин омил боиси ихтилоф ва фитна нагардад. Зан ва модари точик аз кадим дар тан пироҳан пушида, дар сар руймол мебаст. Аммо бегонапарастон кушиш доранд зани точикро урён бидуни пироҳан ва руймол бинанд. Хуввият ва иродаи модари покдомани точикро бишкананд. Душманони дар камин нишастаи Тоҷикистон ҳамин фурсатҳои тиллоиро барои ангехтани тухми ихтилоф ва фитна интизоранд. Барои қавӣ гаштани душман заминаи идеологӣ ва ақидавӣ набояд муҳайё сохт;

   3) Ширкатҳои сохтмоние, ки пули шаҳрвандонро гирифта, дар ивази пули муайяншуда, ба онҳо хонаҳои истиқоматӣ ваъда намудаанд, муайян гардида, ба шаҳрвадон хонаҳои истиқомтияшонро барои истифода диҳанд. Муштариёни худро фиреб надиҳанд ва онҳоро сарсону саргардон насозанд. То пеши роҳи нафрат ва хусуматангезӣ гирифта шавад. Сари вақт ба мизоҷон надодани хонаҳои истиқоматӣ ва овора сохтани онҳо яке аз фишангҳои бадном намудани шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони ширкатҳои сохтмоние мебошанд, ки ба сохтани биноҳои хонаҳои бисёрошёна машғуланд;

   4) Дўкон ва нуқтаҳои савдои дохили бозорҳое, ки ба фурўши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғуланд, бояд ҳамеша тозаву озода ва ба талабот ва меёъёрҳои муқаррарнамудаи беҳдоштӣ- тиббӣ ҷавобгў бошанд. Ҳар як савдогор ҳатман халат пўшида, ҳар се моҳ аз ташхиси тиббӣ барои таъмини амнияти мизоҷон бигзарад. Ба савдогорон тарзи муошират ва хушмуомилагӣ омухта шавад. Сифати маҳсулоти озуқаворӣ ба таври ҳамешагӣ аз ҷониби масъулин назорат карда шавад ва нагузоранд аз пеши худ савдогарон нархро даҳчанд баланд намоянд;

   5) Мушкили дигар тағйири ному насаб, яъне тоҷикӣ намудани онҳо аст. Хуб мешуд, ки раванди тағйир додани ному насаб вобаста талаботи қонун осон карда шавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки раванди тоҷикӣ намудани ному насаб хелу мураккаб буда, шаҳрвандон моҳҳо ва рузҳои тулонӣ дар назди шуъба ва раёсати асноди шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо сарсону саргардон мегардад. Аз ҷониби дигар масъулини ин ниҳодҳо бо шаҳрвандон сари вақт хизмати даркориро намерасонанд. Масъулини ин ниҳодҳоро зарур аст, ки ба шаҳрвандон хушмуомила буда, ба онҳо сари вақт кумак расонанд, то меҳру муҳаббат ва садоқати шаҳрвандон ба роҳбарияти кишвар боэътимодтар гардад;

   6) Ба хотири таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва гирифтани пеши наҳзатҳои экстремистӣ, афроде, ки дар кишварҳои хориҷӣ таълими динӣ гирифтаанд, аз вазифаҳои калидии ниҳодҳои динӣ барканор карда шаванд;

   7) Шахсоне, ки дар боғҳои фароғатӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба амният ва оромиши дигар шаҳрвандон осеб мерасанад, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шаванд. Шахсият ва ҳуввияти чунин афроди носипос ва бемуруввт тавассути васоити ахбор дар байни аҳолӣ фош карда шавад, то ибрати дигар бехирадон ва бадахлоқон гардад;

   8) Соҳибони ошхона ва рестаранҳое, ки омили бастани роҳҳои автамашинаҳо мегарданд, муҷозот карда шаванд. Ошхона ва рестаронҳо дар масофаи на камтар аз 30 метр дуртар аз роҳҳои мошингард бунёд карда шаванд.

   9) Муаллимоне, ки худсарона аз хонандагон пул мерўёнанд, аз вазифаи муқаддаси муаллимӣ маҳрум карда шаванд;

  11) Воридоти маҳсулоти бесифати доруворӣ ва ғизоӣ, ки ба саломатии шаҳрвандон хатари ҷиддӣ доранд аз хориҷи кишвар ба таври қатъӣ манъ карда шаванд;

   12) Масъулини Фурудгоҳи байналмилаллалии шаҳри Душанбе бо зеботарин усул ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз меҳмонони дохилию хориҷӣ истиқбол намоянд. Дар ҳолати вуруди мусофирон онҳоро ба худию бегона тақсим насозанд. Тартибот ва интизоми меҳнатиро ба таври қатъӣ риоя намоянд. Мусофирони шиноси худро бидуни навбат истодан ба нуқтаҳои номнависӣ ва азназаргузаронӣ ворид насозанд, зеро ин манзараро мусофирони кишварҳои хориҷӣ назорат намуда, нисбати кормандони фурудгоҳ ва мардуми тоҷик нафрат пайдо менамоянд. Ин омили манфӣ эътибори шаҳрдорӣ ва кормандони мақомотҳоеро, ки дар фурудгоҳ машғули хизмат ҳастанд, назди меҳмонони хориҷӣ заъиф ва осебпазир менамояд.

   Дар охир, қайд менамоем, ки шаҳрвандон чашми умед доранд, ки бо кордониҳои Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе боз ҳам ободу  зебо ва дилкашу муаттар мегардад.

 Малоҳат Қурбонова,

корманди Институт 

Последнее изменение Панҷшанбе, 20 Декабри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/