wrapper

Хабарҳо

   Татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва таммоюли он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардум таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд.

   Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

    Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият, бахусус солҳои охир ин тамоюлу равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро дар мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии ватан ва мардуми худро дар чаҳорчубаи сиёсати “дарҳои кушода” дар сатҳи шоиста таъмин намояд.

   Баъди ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод. Муносибати Тоҷикистон ба амалиёти зиддитеррористии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон дар машварат бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанбаи амалиро пайдо намуд. Мубориза бо терроризм Тоҷикистонро бо ИМА ва кишварҳои Аврупо ва дигар китъаҳо наздик сохт. Бо дарназардошти чунин ҳолат дар Паёми солонаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (соли 2002) изҳор намуданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар пояи «дарҳои кушод» омодагӣ ва барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ устувор мебошад. Баъди эълони чунин тасмим дар самти муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ такони ҷиддӣ ба амал омад. Оҳиста-оҳиста тайи солҳои охир ба рушди муносибатҳои муфид бо шарикони анъанавӣ кишвари мо дар доираи муносибатҳои худ давлатҳои дигарро ҷалб намуд. Маҳз бо туфайли сиёсати мазкур имрӯз Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани ҳамкориҳои муфид ва самаранок бо кишварҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии мардумии Чин, Япония, як қатор давлатҳои ҷанубу шарқии Осиё, Ҳиндустон, Туркия, давлатҳои араб, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои бонуфузи мухталифи ҷаҳон робитаҳои худро дар асоси баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар ва эҳтироми мустақилӣ густариш дода истодааст.

   Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт.

   Дар шаҳри Душанбе дар як вақт пазирои намудани ҳамоишҳои сарони давлатҳои се созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ –ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва СААД 5-6 октябри соли 2007, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон 28 августи соли 2008, мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чор ҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия 30 июли соли 2009, Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ, 6-8 сентябри соли 2007, Симпозиуми байналмилалии “Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олиму мутафаккир ва шахсияти барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлоси 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкории Исломӣ 18-20 майи соли 2010, Конфронси байналмилаии Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10 – солаи амалиёти ҷаҳонии “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюми он 8-9 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин, баргузошавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигари соли 2018 баргузоргардида аз қабили Конфронси байналмиллалӣ таҳти унвони “Амал об барои рушди устуворбарои солҳои 2018-2028” (22-24 илюл), Иҷлосияи Сарони давлатҳои узви ИДМ, Сарони хукуматҳои узви давлатҳои СҲШ, гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонианд.

   Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадаф ва манфиатҳои олии ватан, ҳамчунин, ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёз ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон соҳибистиқлол мебошад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд. Ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии кишвар ҳамоно бетағйир монда, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар ин замина мусоидат ба эҷоди фазои эътимоду амният атрофи кишвар аз роҳи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ, саъю талоши пайваста ҷиҳати ҳалли саривақтии масоили мубрами минтақа дар сархати сиёсати хориҷии давлат қарор хоҳад дошт. Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш медиҳад. Зимнан, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории худ бо шарикони рушд, созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар оянда низ тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид. Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

   Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанде пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи истиқлолият ба шумор меравад.

   21 декабри соли 2016 Маҷмаъи умумии СММ бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки ба амали барномаи сеюми байналмилалӣ – «Об барои рушди устувор» ҳусни оғоз бахшид. Барномаи мазкур солҳои 22 марти соли 2018 (Рузи байналхал-қии захираҳои об ) сар шуда, 22 марти соли 2028 ба охир мерасад. Ба ҷонибдории қатънома 177 кишвари узви СММ овоз доданд. Тавре огоҳ ҳастем, бори аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси эълон кардани даҳсолаи амали «Об барои рушди устувор» баромад карда буд. Қабули қатъномаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

   Дар ин ҳол бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ доир ба рушди устувор ва кори Комиссияи сатҳи баланд оид ба об, ки Дабири кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис додаанд, ба назар гирифта шаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарварони 10 кишвари узви СММ аъзои Гуруҳи сатҳи баланд оид ба об мебошанд. Мутобиқи қатъномаи мазкур гузарондани ду муколамаи корӣ таҳти сарварии Раиси иҷлосияи 71-уми Маҷмааи умумии СММ дар масъалаи боло бурдани ҳамгароӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ дар масъалаи захираҳои об, инчунин шарҳи миёнамуҳлати СММ дар рафти татбиқи Даҳсола дар чаҳорчубаи иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумии СММ дар назар дошта шудааст.

   Хотиррасон мешавем, ки ташаббуси эълони Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми ҳафтуми ҷахонии об, моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея садо дода буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки «хатарҳои глобалии муосир, бо фарогирии буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, зиёд шудани падидаҳои гидрометеорологӣ, норасоии об ва чун натиҷа, болоравиии сатҳи камбизоатӣ, бемориҳои инфексионӣ, фавти кудакону модарон, ҳоло ҳам сафарбарии ҷиддии кушишҳои мо ва қабули чораҳои зарурии дахлдорро дар ин соҳа тақозо доранд». Дар ин робита сарвари давлат пешниҳод намуда буданд, ки ба ивази даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» Даҳсолаи нав омода карда шавад, ки як платформаи ҷиддӣ гардида ба ҳамоҳангсозӣ ва тавсеъаи ҳамаи кушишҳо баҳри ҳалли масъалаву мушкилоти алоқаманд бо захираҳои об мусоидат хоҳад кард.

   Президенти кишвар бо ишора ба шароити мавҷудаи байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон моҳиятан тағйир накарда, авлавиятҳои он ба таври собит ва усулӣ боқӣ мондааст. Эмомалӣ Раҳмон ин авлавиятҳоро ба тартиби зер дараҷабандӣ намуданд:

   - кишварҳои минтақа;

  - ҳамсояҳои наздику дур ва шарикони озмуда назири Россия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди кишварҳои Мустақил, Чомеаи иқтисодии Авросиё;

   - кишварҳои Ғарбу Шарқ ва чаҳони ислом.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар чаҳорчӯби сиёсати «дарҳои боз» кишвар омодаи густариши равобит бо ҳама тарафҳои алоқаманди хориҷӣ мебошад. Дар ин робита, ба таври вижа бар аҳамияти ҳамкориҳои рӯ ба афзоиши кишвар бо ҷумҳуриҳои ҳамсояро, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид намуданд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш аз ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарб замоне ёдовар шуданд, ки баҳси муборизаи эътилофи байналмилалии зиддитеррористиро дар миён гузоштанд. Ин нуқта ба таври ғайримустақим мавриди ишора буд, ки равобити Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар аъзои ин эътилоф қабл аз ҳама ҷанбаи амниятӣ дорад, ҳарчанд ба ҳамкориҳои иқтисодӣ низ таваҷҷӯҳ хоҳад шуд. Пешвои миллат бар иродаи кишвар ҷиҳати идомаи ин навъи ҳамкориҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ва дигар ниҳодҳои мантақаиву байналмиллалӣ низ таъкид карданд.

   Дар консепсияи сиёсати хориҷӣ таъкиди вижа рӯи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки бо таваҷҷӯҳ ба умумияти манофеъ, имконоту фурсатҳо ва ҳамчунин, мушкилот ва таҳдидҳои муштарак Тоҷикистон мушорикати стратегӣ бо мантақаро дар ростои манофеи миллии худ медонад. Бо дарназардошти ҳифзу густариши иртиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар фазои шӯравии собиқ, ки нақши меҳварӣ ҳамоно бо Россия мебошад, ҳамкорӣ бо ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва иқтисодии Авросиё низ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста мешавад. Таъкид рӯи Чин ба унвони ҳамсояи наздик, сармоягузори умдаи кишвар ва яке аз тарафҳои муҳими хориҷии мантақа бархоста, аз асли воқеиятгароии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта паём дорад, ки барои нахустин бор Чин дар радифи Россия ва дигар кишварҳову созмонҳои фазои шӯравии собиқ ба унвони «шарики озмуда» ном бурда шуд.

   Эъломи омодагӣ чиҳати густариши муносибот бо кишварҳои шарқиву ғарбӣ, чаҳони ислом ва таъкиди хоса рӯи зарурати рушди ҳамкорӣ бо Чумҳурии Исломии Афғонистон бозгӯкунандаи нигоҳи мустақили Душанбе ба ҳамкорӣ бо кишварҳоест, ки беш аз ҳар тарафи хориҷии дигар аз ҳимоятҳои густардаи ҷомеаи Тоҷикистон бархурдор хоҳад буд.

   Тавре дар паём омадааст, раванди чаҳонӣ шудан беш аз пеш кишварҳои Осиёи Марказй ва аз ҷумла, Тоҷикистонро вориди сиёсатҳои байналмиллалӣ кардааст. Дар чунин шароит Тоҷикистон хостори ҳамкории ҳарчӣ бештар дар ҳаллу фасли мушкилоти дохилии Осиёи Марказӣ ба хотири коҳиши паёмадҳои номатлуби чаҳонӣ шудан ва таъмини ҷойгоҳи муносиби мантақа дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Ин аст, ки ошкоро ва бо далоили қотеъ эълом мешавад, ки барномаву тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ва аз ҷумла, сохтани нерӯгоҳҳо на танҳо бар зиёни манофеи миллии ҳамсояҳои ин кишвар нест, балки судеро ба ҳамроҳ дорад, ки онро танҳо шарики воқеӣ метавонад бо дигарон қисмат кунанд. Ба ибораи дигар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки аз роҳи ҳаллу фасли мушкилоти дохилии худ метавонад ба афзоиши сатҳи куллии рушди мантақа ва пойдорӣ дар баробари таҳдиди берунӣ мусоидат намояд.

   Ба назари таҳлилгарон ин рӯйкарди сиёсати дохилии Тоҷикистон, яъне мадди назар қарор додани манофеи кишварҳои мантақа дар иҷрои тарҳҳои зерсохтии кишвар, ба тақвияти ҳусни эътимоди ҳамсояҳо кӯмак хоҳад кард. Тавҷеҳ ва ташреҳи ин сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи мантақа ва байналмиллалӣ ниёзманди талошҳои ниҳоди сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон хоҳад буд. Ба таври умум манофеи миллии ҳар кишваре дар арсаи сиёсати хориҷӣ дар сурате таъмин ва тазмин хоҳад шуд, ки бо вокуниш дар паи вуқӯи ин ё он масоилу мушкилот иктифо нанамуда, ба истилоҳ қабл аз вуқӯъи ҳодиса ба фикри илоҷи он бошад. Сиёсати хориҷии муосири Тоҷикистон дар шароити печидаи байналмиллалӣ ва рақобати шадиди қудратҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Нуктаи муҳиме, ки дар қаринаи сиёсати дарҳои боз омадааст ин аст, ки собит будани авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон имкони эҷоди мувозина миёни манофеи миллӣ ва манофеи муҳимтарин марказҳои нерӯ дар сатҳи байналмиллалӣ ва мантақавиро фароҳам кардааст. Яъне падидаи воқеиятгароӣ ё худ прагматизми сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки таи чанд муддати ахир бо ҳассосиятҳое рӯ ба рӯ мебошад, ҳадафи таъмини шоистаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишварро дунбол мекунад. Дақиқан вуҷуди чунин мувозина метавонад монеи амалӣ шудани баландпарвозиҳо, ё худ амбитсияҳои худхоҳонаи ин ва ё он қудрат дар Тоҷикистон шавад.

   Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон ба шарофати сиёсати мутавозин ва мутаносиб бо муқтазиёти ҷаҳони имрӯз дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мақом ва манзалати шоиста касб кард. Тоҷикон бо ҳифзи вижагиҳои миллӣ ва андухтаҳои маънавии худ ҳамнаво ва ҳамрадифи мардуми сайёра шуданд, набзи сиёсати хориҷии кишвар ба набзи сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳамсадо гардид. Корсозиҳои хирадмандона ва дурандеши сиёсии сарвари Тоҷикистон дар ҷодаи дифоъ аз манфиатҳои кишвар ва эҷоди таносубу тавозуни оқилона миёни арзишу ормонҳои миллӣ ва ниёзҳои дунёи муосир мӯҷиби афзудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси кишвари соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Ин дастоварди таърихист, ки ормонҳои миллии тоҷиконро ба воқеият табдил дод.

   Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ бартараф кардани низои дохилӣ тавассути ҷараён додани гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дошт.

   Тайи даҳсолаи охир бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

   Дигар самти муҳим - иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳо чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи тероризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.

   Сиёсати «дарҳои кушод» ба мо имкон дод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, сафи ҳамёрони анъанавӣ ва доимиамонро афзоиш диҳем. Дар ин росто корҳои зиёде дар пешанд ва дипломатияи иқтисодии мо бояд нақши фаъолтар дошта бошад.

   Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, институтҳои молиявии ҷаҳонӣ сарфи назар аз дастовардҳои қаблӣ, муносибати ҷиддитар ва назари фарохтарро тақозо дорад. Бояд иқтидори бузурги ин созмонҳоро ба эътибор гирифта, низоми самараноки ҳамкорию ҳамёриро ба роҳ монем. Дар ин маврид ба эътибор гирифтани вазъи тағйирпазири ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳо, тавозуни қувваҳо ва дигар зуҳуроте, ки ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошанд, дар ҳамоҳангӣ бо манфиатҳои миллии кишвар зарур аст.

   Адабиёти истифодашуда:

   1. Мамадазимов А. Национальная идея- не мишура. Азия Плюс. 18 июня 2013 г

   2. Х. Самиев. Пешвои миллат маҷмуаи Пешвои миллат. Душанбе, 2016. с.124 – 142

   3. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. Д. Ирфон, 1995. 206. с.

   4. Саидзода З. Ш. Суханрониҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. - Д. ҶДММ “Контраст”, 2017. 464с.

   5 .Саидзода З. Ш. Внешняя политика Республика Таджикистан на современном этапе, Д. 2016. с. 277.

   6. Саидов З. Таджикистан: межгосударственные отношения в период становления внешней политики. Д. 2012. с.56.

   7. Сатторзода А. Дипломатияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010). – Д. “Истеъдод”, 2010, 140с.

   8. Назаров Т. Н., Сатторзода А. Современная таджикская дипломатия. Д. “Ирфон”, 2006, 224 с.

   9. Х. Самиев. Пешвои воҳид ва ҷомеаи муттаҳид. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2011, 4 (68). с.256-262

   10. Дипломатия Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. (Зери таҳрири Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ). Душанбе., 2009.С.25

Ҳабибҷон МИРЗОЕВ,

ходими илмии Институт

Последнее изменение Душанбе, 11 Феврали 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/