wrapper

Хабарҳо

   Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки ташаббускори ҷаҳонишавии Наврӯзи байналмилалӣ мебошад. Бо заҳмату талош ва ташаббуси бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом амалӣ гардид. Наврӯзи фархундапайи ормону орзу ва куҳанбунёд аз нав бо тобишҳои рангини тоҷикона эҳё гардид, ки ҳар сол бо шаҳомати хос дар Тоҷикистон таҷлил мегардад.
   Дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор низ ин иди байналмилалӣ ба таври расмӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин иди бошукӯҳ ташкилгардидани чорабиниҳои рангини идона аз анъанаҳои бостонӣ, аз фарҳанги ғании моддиву маънавии аҷдодонамон ба ҳисоб меравад.
Ба ифтихори ин ҷашни байналмилалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардидани Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба Наврӯз ва мақоми он, ки рӯзи 19 - уми марти соли 2016 дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир гардида буд, яке аз чорабиниҳои бузург ва муҳим дар ин самт ба шумор меравад.
   Зикр намудан ба маврид аст, ки Наврӯзи соли 2016 ба 25-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад ва ин Симпозиуми байналмилалии илмиро Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯш дошт, ки он дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Мақолаҳои олимону муқаққиқон дар маҷмӯаҳои зерин таҳти унвони “Суннатҳои фарҳангии наврӯз ва замони муосир”, “Масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи наврӯз” ва “Бозтоби масоили Наврӯз дар адабиёт” нашр гардиданд. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки «Имрӯз аз файзу баракати Истиқлол Тоҷикистон аз нав ватани Наврӯз гаштааст. Зеро фазилатҳои фарҳанги наврӯз эҳё гардида, такмил меёбад ва бо шукуҳу таровати тоза ҷашн гирифта мешавад.
   Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
   Даври ғулғулфикани Нарӯз аст.
  То ба гардун сухани Наврӯз аст,
  Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
 Ҳамасола бо ташаббуси Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсат ва сохторҳои зертобеи он чорабиниҳои илмию фароғатӣ, семинару конфронсҳои илмӣ, маҳфилҳои шеъру суруд барпо мегардад, ки он бо тамоми тобишҳои миллии худ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин чорабиниҳо олимону муҳаққиқон, аспирантону магистрантон оид ба пайдоиши Наврӯзи оламафрӯз, дар бораи ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи бостонӣ бо мақолаҳои илмӣ баромад намуда, ҳамзамон намоиши ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, тарзи омода намудани таомҳои қадимаи мардуми тоҷикро, ки тайи солҳои тӯлонӣ бо сабабҳои гуногун аз ёдҳо рафта буд, омода менамоянд.
   Бешубҳа, эҳёи чунин ҷашнвораҳою чорабиниҳо дар ташаккулу рушди ҳисси миллӣ, худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон ва мардуми сарбаланди тоҷик нақши босазои хешро мегузорад.  Чунон ки дар маҷмӯаи “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”омадааст: “Аҷнабиёне, ки дар давру замонҳои гуногун ба сарзамини ҳамешабаҳор ва ободи ниёгонамон ҳуҷум мекарданд, натавонистанд суннату ойинҳои аҷдодии моро маҳв кунанд. Баръакс, фарҳанги қадимаву расму ойинҳои инсонпарваронаи мо онҳоро бо гузашти айём асири хеш мегардонданд. Гузашта аз ин, бисёр аҷнабиён Наврӯзро, ҳамчун ҷашни бузургу бошукӯҳ, ба диёри худ бурданд ва аз арзишҳои маънавию фарҳангии халқи мо дарси ҳикмат омӯхтанд”.
   Чун манзури мо роҷеъ ба Наврӯзи фархундапайю куҳанбунёду ҳамешаҷавон мебошад, бояд гуфт, ки дар байни ҷашнҳои бостонӣ, ба вежа се ҷашни асосӣ - Сада, Наврӯз ва Меҳргон - ҷашни Наврӯз табиитарин, мардумитарин ва дунявитарин ҷашн буду ҳаст ва ба ин хотир то кунун дар байни мардум ҳамоно зиндааст.
Бори дигар зикр намудан ба мавриду боиси ифтихор аст, ки 23 - юми феврали соли 2010 дар 64 -умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, ки барои мо мардуми шарифи тоҷик боиси сарфарозист, зеро:
   Наврӯз фархундапай аст: Яъне некқадам, ба хосияту ҳуҷистапай аст.
   Наврӯз куҳанбунёд аст: Чунки аз умқи таърих сарчашма мегирад.
  Наврӯз ҳамешаҷавон аст: Яъне пирест ҳамешаҷавон, ки қадами мубораки ӯро чун тифлаки навзоди деринтизор мунтазирем. Биё Наврӯз!
   Сайри таърихӣ. Маънои луғавии Наврӯз ин - рӯзи нав, рӯзи нахустини соли нав ва рӯзест, ки оғози соли нав мебошад. Абурайҳони Берунӣ дар “Осору - л - боқия” аз забони Алӣ ибни Яҳё нигошта аст: “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”. Хамзамон, дар “Ат-тафҳим” ном асари хеш овардааст: “Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст”. Дар “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ, “Осору - л - боқия”- и Берунӣ, “Наврӯзнома” - и Хайём низ шоҳ Ҷамшед ё Каюмарс ҳамчун поягузори Наврӯз машҳур гардидаанд. Иди Наврӯз ин эҳёи табиат буда, пас аз зимистони қаҳратун инсон руҳан ва ҷисман аз олудагиҳои ин фасл орӣ гашта, дар ин рӯзи муқаддас ҳатман гуноҳҳои якдигарро бахшида, ранҷу дарду ғами деринаи худро ба боди фаромушӣ медиҳанд.
 
   Адабиёт:
  1. Бозтоби масоили наврӯз дар адабиёт. Душанбе, 2016
  2. Ғаффорӣ В. Оила такягоҳи давлат аст. Душанбе. “Эҷод”, 2007
  3. Масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи наврӯз. Душанбе, 2016
  4. Наврӯз: Дирӯз, имрӯз ва фардо. Душанбе, 2013
  5. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2017.
  6. Суннатҳои фарҳангии наврӯз ва замони муосир. Душанбе, 2016
  7. Ҳафт суфраи Наврӯз. Суфраи аввал.(маҷмӯи ашъор ва тасвирҳо). Душанбе, “Эр - граф”, 2014.
Сафаргул ДАВЛИЁРОВА,
ходими пешбари илмии Институт
Последнее изменение Сешанбе, 19 Март 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/