wrapper

Хабарҳо

   Қавму миллатҳои ҷаҳон бо доштани фарҳангу тамаддун, ҷашну маросим бозгу ва эҳёгари ҳуввияти миллӣ мебошанд. Ҳар як миллат талош мекунад, то ин ташаххусотро зинда нигоҳ дошта, онҳоро рушд диҳад. Мавриди зикр аст, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои ориёнажодон ба шумор рафта, мутобиқи тақвими солшумории шамсӣ ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар мешавад, ки оғози сол аст. Соли 2010 Наврӯз бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа расман зери қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
   Бояд қайд кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва қораи Ҳинд бо фарҳангу забонашон дар байни дигар фарҳангҳо мақомаи хосро доранд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ кишварҳои Ҳиндустону Покистон минтақаеанд, ки дорои қавму русуми гуногун мебошанд. Кишвари Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва боиси ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ва Лоҳур аз солҳои 1973 инҷониб бародаршаҳр эълон гаштанд. Муштаракоти зиёде байни Тоҷикистону Покистон вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо маросими ҷашни Наврӯз мебошад.
   Табиист, ки омад - омади фасли баҳор рангорангии табиатро афзун дода, мардуми Ҳиндустон онро тавассути  ҷашни “Ҳолӣ”, Покистон ва  минтақаи Панҷоб бо “Басант” ва Гилгету Чатролу Свот онро чун  “Оғози мавсими кишти баҳорӣ ё Наврӯз” истиқбол менамоянд.  Истилоҳи Наврӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ маънои «Рӯзи нав» буда, омадани аввали баҳорро мефаҳмонад. Наврӯз ва маросими он хоси тамаддуни аҳли форс мебошад, ки собиқаи ҳазолсола дорад. Аммо дар даврони салтанати Муғулҳо дар қораи Ҳинд низ ин ҷашнро қайд  мекарданд.
   Роҷеъ ба он муаррихон ва нависандагону шоирони Осиёву Аврупо китобҳои зиёде навиштаанд. Яке аз адибон ва рӯзноманигори минтақаи Осиёи Ҷанубӣ Сайид Сибти Ҳасан (тав. 31 июли 1916 - ваф. 20-уми апрели 1986) дар китоби зери унвони “Мози ке мазор” (Мазори гузашта) оид ба аҳамияти таърихии ҷашнҳо чунин менигорад: «Дар замонҳои қадим ҷашни мавсимӣ ин Наврӯз буд ва ин ҷашн дар ҳама ҷо дар фасли баҳор барпо мешуд. Дар ин асно расму тамаддуни ақвоми гуногун мавриди намоиш қарор мегирифт. Андеша ва тафаккури тахлиқи коинот дар ин маросим хуб ташаккул ёфтааст. Аз ривоёти таърихӣ аён мегардад, ки соҳилҳои дарёи Нил ва Фурот ҳазорҳо сол шудааст,ки дорои тамаддунҳо мебошанд, ки барои наслҳои оянда боқӣ мондааст».
   Бояд қайд кард, ки адиби мазкур дар моҳи июли соли 1916 дар маҳаллаи Амбарӣ, минтақаи Утар Прадеши Ҳиндустон таваллуд шуда, хатмкунандаи донишгоҳи Алигарҳ мебошад. Баъдтар таҳсилоти олиашро дар донишгоҳи Колумбияи Амрико ба итмом мерасонад. Дертар соли 1948 ба шаҳри Лоҳури Покистон кӯч баста, дар маҷаллаи "Неё адаб" (Адабиёти навин) ва "Лайлу наҳор" (Шабу рӯз) фаъолияти адабӣ менамояд. Китоби машҳури он зери унвони "Маркс авр Машриқ" дар бораи афкори Маркс ва Энгелс оид ба тамаддуни Шарқ ва бунёди ҷомеа навишта шудааст. Асарҳои дигари ӯ аз қабили "Афкори тоза", "Адаб авр рушан хаёле", "Сухан дар сухан", "The battles of ideas in Pakistan", "Инқилоби Эрон", "Навиди фикр", "Шаҳри нигарон", "Мусо си Маркс так", «Pakistan main Tehzeeb ka Irtaqa" ва  "Мазе ке мазор" хело моҳирона эҷод ва пешкаши хонанда гаштаанд.
   Мутобиқи таҳқиқот ва бозрасиҳои илмии Сибти Ҳасан дар водии дарёи Даҷла ва Фурот се ҷашни мавсимӣ мавҷуд буданд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Ин ҷашн дорои се унсури асосӣ мебошад. Аввал намоиши тасвирии коинот, ки дар он подшоҳ қаҳрамонӣ нишон медиҳад. Дуввум тоҷпӯшии подшоҳ аз нав сурат мегирад ва саввум  оиладоршавии шоҳу хонумаш мебошад.
   Ёдовар мешавем, ки  Покистони имрӯзаро қавмҳои гуногун ба мисли  Синдӣ, Панҷобӣ, Сарҳад ташкил медиҳанд, ки дорои расму русуми хоси худ мебошанд. Ва ҳар қавму қабила ин русумоташро дар барномаҳои гуногун намоиш медиҳанд.
Омодагӣ ва истиқболи Наврӯз дар манотиқи гуногуни Покистон ба таври хос сурат мегирад. Инро мардум чун ҷашни эронӣ мешиносанд, ки оғози баҳор буда, зироаткорон ва деҳқонон аввалин донаро ба замин пошида, барои ободӣ ва зиндагии гуворо умеди тозаеро истеҳком мебахшанд. Мардум Наврӯзро "Оламафрӯз" низ мугӯянд, ки ба маънои рӯзи тоза расида, ки вурудаш ҷаҳонро равшан ва дурахшон мекунад. Дар ин айём мардуми атроф ба мисли Дера Исмоилхон, Кувайта ва Порочанор маросимҳо ва расму русуми худро бозкушои карда, тамоми хона, кучаву хиёбон, ибодатхона ва боғҳоро тоза карда, онҳоро чароғон мекунанд.
   Баъзе аз мардуми Покистон дар шаби Наврӯз  дар хонаҳои худ маҳофили наъту ғазалсарои баргузор карда, дар он ғазалсароён ва наътхонони машҳурро барои  боз ҳам хубу ҷолиб шудани маҳфил даъват мекунанд. Дар шаҳри Кувайта кулчаҳои махсус ва шириниҳои хос ба монанди "Рас малоӣ", "Суҳон ҳалво" ва "Барфӣ" пухта, мардум якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон алалхусус Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол ба таври расми Наврӯзро ҷашн гирифта, сокинон аз омадани фасли баҳор ва ниҳолшинониву донашинонӣ, хурсандиҳо барпо мекунанд. Ҳадя додани тухми мурғҳои рангин ба якдигар, боздид аз хонаводиҳои якдигар ва бозӣ ва тамошои бозии чавгонро метавон расму русуми асосии мардуми инҷо шуморид.
   Бештари мардуми вилояти Панҷоб онро "Ҷашни баҳорон" меноманд. Дар шаҳри Лоҳур ҳар сол бо омадани баҳор маросиме бо номи "Рӯзи басант" ё "Ҷашнвораи парвози бодбодак" баргузор мекунанд, ки дар ин айём мардум шаб то саҳар дар пушти хонаҳо анвои хӯрок таҳия карда, пойкубиҳо мекунанд. Тибқи ривоятҳо ибораи Басант дар асл Васанта мебошад, ки дар забони санскритӣ маънои баҳорро мефаҳмонад. Аввалин маротиба бо ташаббуси Маҳараҷа Ранҷит Синкҳ бодбодакбози барои дилхушии мардум муаррифӣ шуд. Ҳамасола, Лоҳуриҳо бо шавқмандии фаровон барои ин руйдоди бузург омода мешаванд ва  ҳоло ин шаҳр аз бузургтарин баргузоркунандагони ин ҷашн  маҳсуб мешавад. Мардум бо матои хос ё коғазпораҳои рангкарда, бодбодакҳои хурду калон сохта, зери садои мусиқиҳои классикии худ "ҳавопаймобозӣ" мекунанд. Дар парвоз додани бодбодакҳои калонҳаҷм, чанд нафар якҷо саҳм мегиранд.
  Хулоса, ҷашни Наврӯз дар ҳамаи атрофи олам аз замонҳои хеле қадим бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта мешуд, ки тавассути он мардуми сайёра зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил менамуданд, то тавонанд якдилона ин табиати зеборо бо дили соф, меҳри инсонӣ ва чашми хирад мусаффову зиннат бахшанд.

Мирсаид РА
ҲМОНОВ,
корманди Институт
     Адабиёт:
  1. Faiz festival-Tribute paid to Sibte Hasab,The Express Tribune newspaper Retrieved 22 February 2018
  2. Naeem Raza "100 years with Sibte Hassan-Understanding the life and legacy of Sibte Hasan, The News International, Retrieved 22 February 2018
  3. Pakistan Chronicle,Aqeel Abbas Jafri,Virsa/Fazlee Sons,Karachi,Pakistan,2010,page 595
  4. Camille Mirepoix,Grenich,1967 –Now Pakistan-Karachi -Pakistan-350 pages
Последнее изменение Сешанбе, 19 Март 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/