wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

"Миллат" чист ва "башарият" кадом аст?

   (Баҳси Такур бо Гандӣ дар бораи  миллат ва миллатгароӣ)

   Робендранат Такур ва Маҳатма Гандӣ ду шахсияти бузург дар ҷаҳонанд, ки яке файласуфи нобиға ва дигаре сиёсатмадори мутафаккир аст. Такур ба далели арзишҳои фикри баландаш дар ҳавзаи андешаи «Музоф бар Ҳинд» таъсирашро дар саросари ҷаҳон ворид кардааст. Маҳатма Гандӣ бошад ҳамчун муҳимтарин поягузори фалсафаи сиёсии "Оҳимсо - адамт хушунат"[1] дар арсаи сиёсат, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

   Такур бо он ки ба сиёсасат эътиқоди ниҳоӣ надорад, вале яке аз назарияпардозони муҳиме дар ин замина пиндошта мешавад. Интиқоди ақлонии Такур аз тарҳҳои фикрӣ ва шеваҳои сиёсати Гандӣ дар Ҳинд – ба вежа дар мавриди баҳси миллатгароӣ ва мавзӯи санъати сохтани Ҳинд - аз масоили мубрами тазодди фикрӣ миёни ин ду андешаманд аст, ки дар зер, буридае аз ин мубоҳисаро (ба шакли гуфтугӯ) боҳам мехонем.

Муфассал ...

Тоҷикистон маркази ҷалби сармоягузорони туркӣ дар Осиёи Марказӣ

   Туркия кишварест, ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 27 сол аст, ки пешрафти онро пайгирӣ менамояд. Дар натиҷаи рушди босуботи макроиқтисодӣ дар ҳарду кишвар тиҷорат ва имкониятҳои сармоягузорӣ боло рафта истодааст. Аъзогии Тоҷикистон дар Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС) муносибатҳои тиҷоратиро озод намуда, онро боз ҳам шаффоф кардааст.

   Имруз Туркия дар байни кишварҳое, ки ба Тоҷикистон содирот мекунанд, ҷои якум ва аз рӯи воридоти мол дар байни дигар кишварҳо дар ҷои чорум меистад. Ин кишвар яке аз ширкаткунандагони асосӣ дар савдои хориҷаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2017 содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон 233226,9 млн. доллари ИМА ва воридот 1053368,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст.

Муфассал ...

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ СИЁСӢ-ҲУҚУҚӢ

   Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои ИДМ дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад.

   Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст: “Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд”.

Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/